РАМаЗон

Ҷомеаи журналистиро рекорди вазири корҳои дохила ба ҳайрат овард: Раҳимзода аввалин вазире буд, ки муддати дуюним соат ба суоли журналистон посух дод.

Натиҷагирӣ аз рӯи озмуни «Мардумитарин вазири сол» идома дорад, бо 1942 смс — овоз ва 70 зангҳои хабарӣ вазири корҳои дохилаи кишвар Рамазон Раҳимзодаро дар сархат қарор додааст. Ба андешаи сирф инфиродии банда дар ин пешсафӣ ягон тақаллуб ё ғиромбозӣ имкони ҷустуҷӯ ва дарёфт надорад. Воқеиятҳои мо худ аз худ мегӯянд, ки феълан кадом сохтор фаъол ва аз ин рӯ вирди забони мардум метавонанд бошанд. Нарху наво боло рафтан дорад, қурби пули миллӣ ба таври бесобиқа коҳиш меёбад. Дар чунин ҳолат, агар вазире аз ҷумлаи блоки иқтисодӣ дар ягон рейтинг ё озмун пешсаф мешуд, танҳо мавриди масхараи мардум қарор мегирифт, аз ҷумла ман баҳои 2 мегузоштам.

Мутаассифона бахшҳои дигари зиндагиамон аз ин беҳтар нест ва аз ин хотир мақомдоре аз онҳо наметавонад аз худ қаҳрамонтарошӣ кунад. Вале блоки низомӣ дигар аст. Ба гуфтаи коршиносон, бо чунин вазъе, ки Тоҷикистон қарор дорад, танҳо мансабдорони бисёр донишманду корозмудаи низомӣ метавонанд амнияту суботи мардум ва кишварро таъмин намоянд.

Сифатҳои шахсии вазири корҳои дохила аз ибтидои сари кор омаданаш маълум буданд. Аз ҳамон лаҳза ба як чеҳраи хабарсоз табдил ёфт. Ташкили рейдҳои ғайримунтазираи шабонгоҳӣ ба шӯъбаҳои гуногуни корҳои дохила ва ба ин васила маълум намудани муносибати зертобеон ба мардум ва кори худ, аз мақомҳои баланд озод намудани хешу табор ва наздиконаш баёнгари он буданд, ки Рамазон Раҳимзода мехоҳад корро ҷиддӣ гирад.

Дар навбати худ, замони Раҳимзода бо масъалаву мушкилоти бисёр ҷиддӣ, аз қабили рафтани ҷавонони тоҷик ба Сурияву Ироқ, пайдо шудани мафҳуми «ҷиҳод», нофаҳмиҳо дар Бадахшон, амалиёти «мубориза бо фоҳишаҳо» ва ғайраҳо рӯ ба рӯ гашт. Қазияи серовозатарин, ки ба қавле Интернети ҷаҳонро «тарконд», ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастани собиқ раҳбари ОМОН Гулмурод Ҳалимов буд. Пайдоиши «қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим» низ маҳз дар замони ӯ ба вуқуъ пайваст. Маъракаи «риштарошон» ҳам номи Рамазон Раҳимзода ва зердастонашро вирди забонҳо кард. Бардошт ва фазосозӣ аз ин ҳолат ӯро водор мекард, ки ба амалкарди зердастонаш ва нодуруст шарҳ ёфтани ин ҳолатҳо дар расонаҳо бархӯрд намояд. Аммо ин ягона ҳолат набуд, ки вазири корҳои дохиларо барои ҳимоя аз зердастон водор намуд. Тибқи лоиҳаи нави Қонун «Дар бораи нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ” хизматчиёни мақомоти қудратӣ баъди расидан ба синни ниҳоии хизмат, ҳуқуқи гирифтани нафақаро пайдо мекунанд. Дар асоси қонунгузории ҷории Тоҷикистон кормандони мақомот вобаста ба рутбаҳои хидматиашон баъди 20 соли фаъолият ба нафақа мебароянд. Яъне кормандони мақомот дар вақти муқарраршуда ба нафақа мебароянд, аммо танҳо баъди 58-солагӣ ҳуқуқи гирифтани нафақапулиро доранд. Пас вақте фаро расидааст, ки Раҳимзода роҳе дарёфта аз зердастонаш ҳимоя кунад.

Бо вуҷуди ин, дар сафи нирӯҳои милиса вуҷуди одамони қалбашон нопокро вазир борҳо эътироф кардаву ду сол пеш ҳатто ба як маъракаи густардаи поксозии сафҳо аз афроди дасту нияташон нопок даъват кард.

Хулоса, Рамазон Раҳимзода дар ҳолати бисёр душвор қарор дорад. Аз як ҷониб бояд бо мушкилоти дохиливу глобалӣ мубориза барад ва аз сӯи дигар сафҳои милисаро пок карда, аз мақому ҳолати тобеон ҳимоя намояд.

Вобаста ба пеш омадани мушкилиҳои навин чанд пешниҳоди худро ба вазири корҳои дохила ироа менамоям.

Аввалан, фурсате фаро расидааст, ки мубориза бо ҷиноятҳои кибернитикиро, ҳамон тавре Президенти кишвар ҳам таъкид мекунад, тақвият бахшад. Зеро маҳз аз тариқи шабакаҳои иҷтимоиву интернет ва паёмҳои телефонӣ ба сафҳои гуруҳҳои тундгаро мардум ҳарчи бештар ҷалб карда мешаванд. Агар чанд моҳ пеш мегуфтанд, ки аз Тоҷикистон ҳудуди 500 — 600 нафар ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастаанд, ҳоло сӯҳбатҳо аз 1000 нафар меравад.

Илова ба ин, феълан тариқи паёмҳои тилфонӣ зиндагии бархе, шояд аз кӯтоҳандешӣ, бахиливу ҳасудӣ ва бесаводӣ ба мушкилот мувоҷеҳ шудааст. Афзоиши талоқ низ ба ҳамин иртибот мегирад. Дар робита бархӯрд ва муҷозоти сангини чунин тоифаҳо ба мақсад мувофиқ аст. Вагарна аксарият технологияро на хамчун илм, балки як воситаи масхара ва кайфияташон истифода хоҳанд кард.

Нишасти ахири хабарии ҷаноби Раҳимзода дар оғози соли 2016, ки 2, 5 соатро фаро гирифт, дар Тоҷикистон рекорди навро гузошт. То ин замон нишасти хабарие бо чунин фурсат дар мо сурат нагирифта буд. Ин маъниеро ба вуҷуд меорад, ки Раҳимзода ва ниҳоди ӯ ҳамоно ба хабарсозтарин мақом дар Тоҷикистон боқӣ мемонанду бояд ба бархӯрдҳои навин ҳамеша омода бошанд. Пас бояд ба ин аз ҳоло омодагӣ дошта бошанд…

Ҷаноби Раҳимзода нишон дод, ки ба ҳокимияти чоруми давлатӣэҳтироми хоса дорад ва тоқати ҳамаи суолу ҷавоб, танқиду камбудиҳои онҳоро тоқати гӯщ карданро дорад.

Ба пеш ҷаноби вазир мо бо шумоем!

 

http://faraj.tj/opinion/12372-ramazon.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *