Раиси Кумита: Телевизионҳоро аз буҷаи давлат насохтаем

Маҳмадсаид Пирзода Раиси Кумитаи телевизион ва радиои мамлакат мегӯяд, барои таъсиси телевизионҳои нав аз ҷониби Кумита бояд шодӣ кард, чун 200 нафар соҳиби ҷойи кор гаштаанд.

Ин нуктаро ҷаноби Пирзода имрӯз зимни посух додан ба суоли хабарнигори, ки «Дар шароите, ки имрӯз бӯҳрони иқисодӣ ба буҷаи давлат панҷа задааст, оё таъсиси ду телевизиони нав – ТВ Варзиш ва ТВ Синамо, ба манфиати кор аст?» қайд кард.

— Мо ин телевизионҳоро аз ҳисоби буҷаи давлат насохтаем. Онҳо аз ҳисоби рекламаи телевизионҳо сохта шудаанд. Шумо бояд хурсанд шавед, зеро имрӯз барои 200 нафар ҷойи кор пайдо шудааст, — афзуд раиси Кумита.

Ин дар ҳолест, ки аксарияти мардум аз фаъолияти чор телевизиони дигари давлатӣ чандон розӣ нестанд ва аз ин хотир бештар ба телевизионҳои хориҷа рӯй меоранд. 24-уми ноябри соли 2015 дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки то фарорасии соли 2016 дар фазои иттилооти Тоҷикистон боз ду шабакаи нави телевизионӣ — «ТВ-Варзиш” ва «ТВ-Синамо” ба фаъолият шуруъ хоҳанд кард. Ва бо фармони Президент Эмомалӣ Раҳмон Хуршед Файзуллозода, директори муассисаи давлатии «ТВ-Варзиш” ва Набӣ Набизода, директори муассисаи давлатии «ТВ-Синамо” таин шуда буданд.

 

http://faraj.tj/news/12095-raisi-kumita-televizion1203oro-az-bu1207ai-davlat-nasohtaem.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *