Пирзода талаб дорад, ки Салимзода «пулситонӣ»-и хабарнигоронро исбот кунад

Маҳмадсаид Пирзода аз Нусратулло Салимзода талаб кард, ки даъвои ӯ дар бораи пулситонии хабарнигорони шабакаҳои телевизионӣ асос дошта бошад, бигзор исбот кунад.

15-уми январ Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио дар ҳузури хабарнигорон иддаҳои Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дар мавриди тамаъҷӯии корманди телевизионҳоро бепоя хонд. Маҳмадсаид Пирзода вуҷуд доштани чунин ҳолатро такзиб карда мегӯяд, “чунин ҳолат нест, агар бошад, бигузор исбот кунад”.

Ба гуфтаи раиси Кумита: “ягон корманди шабакаҳои телевизиони давлатӣ барои пахши барномаҳо маблағ намегиранд. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба суоли худаш ҷавоб додаст, ки кадом табибонро дар назар дорад. Аз ин рӯ дар ин масъала посухи Кумита зарурат надорад. Мо ҳамеша интизори кадрҳои беҳтарини журналистӣ ҳастем”

13-уми январ вазири тандурустии Тоҷикистон бо интиқод тамаъҷуии кормандони телевизионҳои давлатӣ гуфт, “бепул ягон чӣ гап намезананд”. Салимзода дар посух ба суоли хабарнигори Телевизиони “Сафина” пул талаб карданро “як тарафи кори телевизионҳо” арзёбӣ кард.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/pirzoda-talab-dorad-ki-salimzoda-pulsitoni-i-habarnigoronro-isbot-kunad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *