Пешниҳод: Калимаи тоҷик аз номи «Барқи тоҷик» гирифта шавад

Хуршеди Атовулло, раиси маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва раиси Шӯрои ВАО-и кишвар пешниҳод намудааст, ки калимаи тоҷик аз номи «Барқи тоҷик» гирифта шавад.

Номбурда дар ин бора дар саҳфаи Фейсбукаш чунин навиштааст:

“Ба хотири бадном нашудани миллати тоҷик аз номи ширкати «Барқи тоҷик» калимаи «тоҷик» гирифта шавад».

Ин пешниҳоди раҳбари маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз сӯи корбарони  Фейсбук хуш пазируфта шуда,   аксар корбарон ҳамраъйии хешро  бар он иброз намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи ахир бар асари сард омадани ҳаво дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии кишвар зуд-зуд қатъ гардидани нерӯи барқ ба назар мерасад.

 Ҳарчанд ширкати “Барқи тоҷик” қаблан аз “омодагиҳои ҷиддӣ”-яш нисбат ба зимистони имсола ҳадс зада буд, аксар сокинон мегӯянд, зуд-зуд қатъ гардидани нерӯи барқ гувоҳ аз камфаъолиятӣ ва хунукназарии масъулин ба рисолати корияшон мебошад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12411-peshni-od-kalimai-to-ik-az-nomi-bar-i-to-ik-girifta-shavad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *