Пагоҳ, 30-юми сентябр, соати 10-и субҳ, дар Суди шаҳри Душанбе баррасии шикояти кассатсионӣ аз рӯйи парвандаи журналист Аминҷон Гулмуродзода баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки қарор буд мурофиаи мазкур ҳафтаи гузашта, яъне 23 –юми сентябр доир мегашт, аммо бо сабабҳои номаълум он ба рӯзи 30 –юми моҳи равон мавқуф гузошта шуд.
Ёдрас мешавем, ки судяи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хуршед Исозода сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj Аминҷон Гулмуродзодаро бо дастрасии моддаи 340, қисми 2 банди а КҶ ҶТ барои сохтакории ҳуҷҷат барои ду сол маҳкуми зиндон кард. Журналист аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.
Ба қавли мақомоти тафтишот, ки он аз ҷониби суд дастгирӣ ёфт, Аминҷон Гулмуродзода дар синни шашсолагӣ барои худаш ду шаҳодатномаи қалбакӣ сохта, баъдтар дар асоси он шиноснома гирифта, онро чанд маротиба истифода бурдааст.
Аз тамоми хабарнигорони тоҷик даъват мешавад то дар ин мурофиа фаъолона ширкат карда, аз ҳамкасби хеш ҳимоя намоянд.
http://faraj.tj/main/10960-pago1203-sudi-shinosnomasoz-i-shashsola-doir-meshavad.html