Матбуот: Аз либоси Оғохон то «бозгашт»-и Атовуллоев

[b]Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон, сафари Оғохони чорум ва ифтитоҳи меҳмонхонаҳои паҷситораӣ дар Душанбе аз мавзӯъҳое ҳастанд, ки ҳафтаномаҳо ба баррасии он пардохтаанд.[/b]

[b]“ФАРАЖ”[/b]

Бо инъиксои интихоботи Қирғизистон суол гузоштааст, ки «Тоҷикистон аз интихоботи президенти Қирғизистон чӣ сабақ мегирад?» Дар посух ба ин суол аз қавли коршиносон навиштааст, «Тоҷикистон аз интихоботи Қирғизистон бояд аз он ҷиҳат сабақ бигирад, ки дар як вақт дар он ҷо 16 нафар барои президентӣ сабқат намуданд. Гузашта аз ин, президенти кунунӣ Роза Отунбоева, ки демократи барҷаста дар минтақа аст, имконоти зиёди мондан дар ин курисро дошт. Аммо ин корро накард, ба он хотир ки хост дар Қирғизистон равандҳои демократии ташаккулёфтаро нишон диҳад.»

[b]“НИГОҲ”[/b]

Ин ҳафтанома низ ба ҳамин мавзӯъ пардохта ва навиштааст, ки «барои нахустин бор дар Осиёи марказӣ раисиҷумҳуре интихоб шуд, ки курсияш ба ӯ танҳо як давраи шашсола вафо хоҳад кард.» «Нигоҳ» дар матлаби дигаре ба сохтмони меҳмонхонаҳои паҷситораӣ дар Душанбе пардохта ва аз мусоҳибони худ пурсидааст, ки оё ин теъдод меҳмонхонаҳои паҷситораӣ лозиманд? Ин нашрия менависад: «Дар Душанбе як меҳмонхонаи паҷситорадори мутаалиқ ба шабакаи Оғохон ба истифода дода шуд, ки ҳусни шаҳрро зебо менамояд. Аммо на ҳама сокинони шаҳр, аз ҷумла соҳибназарон аз сохтмони меҳмонхонаҳои боҳашамат истиқбол мекунанд. Гурӯҳе ин равандро пулшӯӣ медонанду гурӯҳи дигар онро харҷпулии худиву бегона медонанд.»

[b]“ОЗОДАГОН”[/b]

Аз оғози сохтмони пули шашум дар фарози рӯдхонаи Ому хабар дода ва аз қавли профессоре бо номи Худоназар Асозода менависад, «албатта, аз нигоҳи иқтисодӣ Кобул барои Душанбе лозим аст, аммо хеле хатарнок. Агар Амрико аз Қандаҳор берун биравад, Толибон он вилоятро забт мекунанд. Ба сари қудрат омадани Толибон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи минтақа хатар дорад.»

[b]“СССР”[/b]

Сафари Шоҳзода Карим Оғохони чорумро мунъакис намуда ва навиштааст, «Ҳар гоҳе, ки Оғохон ба Душанбе меояду чеҳраи нуронӣ ва либоси шикашро мебинем, як суол медиҳем, ки кай муллову қозиву муфтии мо сабки либоспӯшии Шоҳзодаро ёд мегиранд?»

[b]“АЗИЯ-ПЛЮС”[/b]

Додоҷони Атовулло, сардабири «Чароғи рӯз» ва мухолифи сарсахти ҳукумати Тоҷикистон, ки муқими Маскав мебошад, дар мусоҳибаи худ гуфтааст, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо ӯ мулоқот карда ва аз ӯ хостаанд, ки ба ватан баргардад. Оқои Атовулло гуфтааст, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба гуфтаанд, ки дар сурати бозгашташ дар рӯзи ҷаши истиқлол раисиҷумҳур дар минбар ба ӯ ҷома хоҳад пӯшонд. Аммо гуфтааст Додоҷони Атовулло, ӯ ин пешниҳодро напазируфт, зеро ба ҳукумати феълӣ итминон надорад. Оқои Атовуллоев афзудааст, созмони «Ватандор» ба як ташаккули қавӣ табдил шуда ва шахсиятҳои муҳимро дар атрофи ин созмон гирд овардаанд. Аммо ӯ аз ифшои номи ба қавли худаш аъзои «бюрои сиёсӣ»-и «Ватандор» худдорӣ кардааст.

Раҳматкарими Давлат

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24380132.html

Дуня Миятович дар Тоҷикистон. Баҳси озодии матбуот

[b]Дуня Миятович, намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар умури матбуот бо сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шудааст.[/b]

Дафтари намояндагии САҲА дар Душанбе мегӯяд, хонум Миятович дар ҷараёни ин сафари худ ба Тоҷикистон, бо намояндагони васоити ахбори умум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дидору гуфтугӯ анҷом хоҳад дод.

Ҳамчунин, гуфтугӯҳои ӯ бо вакилони порлумон, масъулони вазорати умури хориҷӣ, вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон низ дар назар аст.

Дуня Миятович борҳо барои дифоъ аз ҳуқуқи журналистони тоҷик, аз ҷумла Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори “Нури зиндагӣ” ва Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ садо баланд кардааст. Вай бо пахши чандин изҳорот аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин ду хабарнигори тоҷикро раҳо ва “сафед” кунанд.

Додгоҳи вилояти Суғд моҳи гузашта ин ду хабарнигори тоҷикро, ки яке барои таҳқиру туҳмату барангехтани кинаву хусумати милливу мазҳабӣ ва дигаре барои ҳамкорӣ бо ҳизби мамнӯъи Таҳрир муттаҳам мешуданд, муҷрим шинохт. Аммо бар асоси Қонуни афве, ки дар робита ба ҷашни бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон қабул шуда буд, онҳоро аз толори додгоҳ озод намуд.

Додгоҳ оқои Исмоилов, хабарнигори “Нури зиндагӣ”-ро, ки тӯли ёздаҳ моҳ дар боздошт ба сар бурдааст, барои пардохти 35 ҳазор сомонӣ ҷарима низ муваззаф карда, аз идомаи фаъолияти рӯзноманигорияш то се соли дигар маҳрум сохт.

Ҳарчанд раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов ва Урунбой Усмонов, ки барои аввалӣ 14 ва барои дуввумӣ 5 соли зиндон таҳдид мекард, мавриди истиқбол қарор гирифт, вале созмонҳои хабарнигорӣ аз мақомоти Тоҷикистон тақозо карданд, ки ҳарду ин хабарнигорро “сафед” кунанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, ин ду хабарнигори тоҷик танҳо барои фаъолиятҳои журналистии худ “доғи судӣ” гирифтаанд.

Ахиран Дуня Миятович низ гуфта буд, ки ӯ бесаброна сафараш ба Тоҷикистонро мунтазир аст ва мехоҳад ин масъаларо дар суҳбати рӯ ба рӯ бо мақомоти тоҷик дар миён бигузорад ва барои ҳалли онҳо талош варзад.

Вай аз ҷумла дар изҳороти ахири худ гуфта буд, ки “хабари озодии Маҳмадюсуф Исмоилов ва Урунбой Усмоновро бо қаноатмандӣ пазируфтам, вале он ки рӯзноманигорон барои инъикоси мустақили рӯйдоди барои ҷомеа муҳим маҳкум шудаанд, боиси нигаронӣ аст ва умедворам, ки шикояти овардаи онҳо аз болои ҳукуми додгоҳ муваффақона анҷом мепазирад ва тамоми айбҳои онҳо бекор хоҳад шуд.”

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24379869.html

ОМӮЗИШИ САМАРАНОКИ ФОТОЖУРНАЛИСТИКА ВА АКСБАРДОРИИ МУСТАНАД

[b]Бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз 1 то 4 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе омӯзиши самараноки фотожурналистика ва аксбардории мустанад «Simple Photography» ташкил мешавад.[/b]

Ҳадафи асосии чорабинии мазкур омӯзиш ва ҷалби таваҷҷӯҳи рӯзноманигорону аксбардорони ҷавони умедбахш ва суратгирони ҳаваскор аст, ки мехоҳанд малакаи касбии худро сайқал диҳанд. Омӯзиши самаранок аз чанд ҷанбаи аслӣ – асосҳои аксбардории мустанад, суратгирӣ ҳамчун санъат, таърихи ташаккули аксбардории рақамӣ ва таҷҳизоти муосир ва малакаи таҳрири суратҳо иборат аст. Ҳамчунин иштирокчиёни омӯзиш бо асосҳои пешбурди фаъолияти аксбардорӣ дар сомонаҳои касбӣ ба таври ройгон шинос мешаванд. Дар омӯзиш 15 нафар иштирок мекунанд, ки ба тариқи озмун аз тамоми минтақаҳои кишвар интихоб шудаанд. Ба ҳайси омӯзгори байналхалқӣ аксбардор ва наворбардори филмҳои мустанад Рӯзбеҳ Қосимӣ даъват шудааст. Ӯро дар омӯзиш омӯзгорони маҳаллӣ Нозим Қаландаров, аксбардори медиагурӯҳи «Азия Плюс» ва Амир Исоев, мутахассиси дизайн ва аксҳои рақамӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Источник: http://khovar.tj/society/19429-om1263zishi-samaranoki-oid-ba-fotozhurnalistika-va-aksbardorii-mustan

САФОРАТИ ИМА ПУЛИ ҲАМДИГАРФАҲМИРО БАЙНИ ВАСОИТИ АХБОРИ УМУМ ВА НОТИҚОНИ ҲУКУМАТ МЕСОЗАД

[b]Бисту чоруми октябри соли 2011 сафир Кен Гросс курси «Робитахои ҷомеа ва васоити ахбори умум»- ро, кӣ барои мутахасcисони равобити ҷомеа ва васоити ахбори умуми Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи мухаддир, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ ва Вазорати мудофиа, кӣ аз тарафи Сафорати ИМА ташкил ва маблағгузорӣ карда шудааст, кушод. Рӯзи якуми дарсҳои интерактивӣ иштирокчиён бо намояндагони васоити ахбори умум вохурда, бо онхо мушкилоти хамкориро муҳокима намуданд. Омӯзишро се дастурдиҳандаи ботаҷрибаи ФБР, ки агентҳои калони махсуси Шӯъбаи алоқа бо ҷомеаи ФБР, ки ба Идораи матбуотии миллӣ тааллуқ дорад, гузаронданд.[/b]

Дар маросими ифтитохӣ, сафир Гросс гуфт: «Сафорати ИМА омода аст кӣ, дар нақши мухими шумо ҳамчун нотиқони давлатӣ мадад расонад, кӣ ба ҳамкасбони васоити ахбори умум дастрасии иттилооти воқеӣ ва мутаносибро таъмин кунед».

Шӯъбаи назорати байналмилалии маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА курси як ҳафтаинаро ташкил ва маблағгузорӣ кард. Ин курс ба мутахассисони Ҳукумати Точикистон оид ба ҷомеа ва васоити ахбори умум дар инкишофи маҳорати беҳтар расондани ахбор ва иттилоотро ба чомеа ва ВАУ ёрдам кард. Давраи таълимӣ сенарийҳои амалӣ ва амалиёти нақшбозӣ, аз ҷумла, конфронсҳои иттилоӣ, истифодаи васоити ахбори умуми ҷамъиятӣ, баромади танқидӣ рӯ барӯи камера, музокироти «дар камингоҳ» ва дигар сенарийҳои «зинда»ро дар бар гирифт. Сафир Гросс ҳамчунин нақши Сафири ИМА-ро иҷро кард, кӣ ахборро ба нотиқони ҳукумат мерасонад.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ба идомадиҳии пуштибонӣ аз ҷомеаи ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва кӯмак ба он омода аст. Аз соли 1992 инҷониб Ҳукумати ИМА барои барномаҳои ба тақвияти соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният, болоравии иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон кӯмакдиҳанда беш аз 900 миллион доллари амрикоиро таъмин намудааст.

Источник: Сафорати ИМА дар Точикистон.

“Фараж” аз пешниҳоди мусолиҳаи додгоҳӣ даст кашид

[b]Нашрияи мустақили «Фараж» пешниҳод дар бораи мусолиҳаи додгоҳиро рад карда ва хостори муҳокимаи қазия дар додгоҳ шудааст.[/b]

Файзиддин Азизов, муъвони раиси яке аз ҷамоъатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ин нашрияро дар чопи матлабе «муғризона» муттаҳам дониста ва хостори пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни молӣ шудааст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=144]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=144[/url]

Источник:

“Фараж” аз пешниҳоди мусолиҳаи додгоҳӣ даст кашид

[b]Нашрияи мустақили «Фараж» пешниҳод дар бораи мусолиҳаи додгоҳиро рад карда ва хостори муҳокимаи қазия дар додгоҳ шудааст.[/b]

Файзиддин Азизов, муъвони раиси яке аз ҷамоъатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ин нашрияро дар чопи матлабе «муғризона» муттаҳам дониста ва хостори пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни молӣ шудааст.

Нашрияи «Фараж» дар моҳи август матлаберо зери унвони “Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: “Мерседес” — 22 000 ҳазор доллар” мунташир карда ва аз ҳукми додгоҳ дар қиболи ронандаи як минибасе, ки бо худрави Файзиддин Азизов бархурдааст, шадидан интиқод карда буд.

Додгоҳ ронандаи ин минибасро дар тасодуми утумубилӣ муҷрим дониста ва ӯро ба пардохти 22 ҳазор дулор ҷубронпулӣ муваззаф кардааст. Ҳарчанд, ба навиштаи муаллиф ин худрави “Мерседес”-и тавлиди даҳаи 1990 на бештара аз панҷ-шаш ҳазор дулор арзиш доштааст.

Урунбой Шерматов, вакили мудофеъи оқои Азизов ба Би-би-сӣ гуфт, ки муваккилаш ба нашрияи “Фараж” пешниҳод кард, ки дар саҳафоти худ аз ӯ пузиш бипурсад ва ба ин тартиб қазия ҳал хоҳад шуд. Вале, масъулони нашрия ин пешниҳодро напазируфтанд.

Вай афзуд: “Тибқи қавонини Тоҷикистон, нашрия ва муаллиф муваззафанд, ки қабл аз нашри матлабе дақиқ будани маводди онро бисанҷанд ва танҳо иттилоъи дуруст чоп кунанд. Муваккили ман бар ин назар аст, ки муаллифи матлаб иттилоъи носаҳеҳ мунташир кардааст.”

Вале Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” мегӯяд, ки куллияи маводди мунташиршуда саҳеҳ аст ва ба ин далел онҳо пешниҳоди созишро радд кардаанд ва мехоҳанд, дар муҳокимаи додгоҳи аз нашрия ва қаҳрамони матлаб, ки ба пардохти 22 ҳазор дулор ҷуброн ба Файзиддин Азизов муваззаф шудааст, дифо кунанд.

Оқои Атовулло афзуд: “Тибқи иттилоъе, ки мо дорем, худрави “Мерседес”-и тавлиди даҳаи 1990 наметавонад 22 ҳазор дулор арзиш дошта бошад. Ҳоло нархи ин гуна мошинҳо дар бозори Душанбе панҷ-шаш ҳазор аст. Вале, оқои Азизов аз ҷумлаи афроди саршинос дар ноҳияи Рӯадкӣ аст. Ҳоло низ бо худрави “Лексус” бо шумораи 77-77 гаштугузор мекунад.”

Вале, қаҳрамони матлаби “Фараж”, ки тибқи ҳукми додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ молу мулкаш бар суди оқои Азизов мусодира шудааст, ночор шудааст, ба Русия муҳоҷират карда ва талош дорад маблағи боқимондаи ҷубронро пайдо кунад.

Хуршеди Атовулло муътақид аст, ки дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ метавонад дурусти матлаби нашрияро собит созад. Ӯ мегӯяд: “Ба ин далел, мо тасмим гирифтем, ки то охир мубориза кунем.”

Зимнан, барои бори нахуст нест, ки нашрияи “Фараж” ба додгоҳ кашида мешавад. Соли гузашта се нафар қузоти Додгоҳи олӣ ва додгоҳи шаҳри Душанбе ин нашрияро дар канори нашрияҳои мустақили “ASIA-Plus” ва “Озодагон” ба додгоҳ кашида ва хостори пардохти 5,5 милюн сомонӣ ҷубронпулӣ шуда буданд.

Муҳокимаи додгоҳӣ тӯли тақрибан як сол идома дошт ва дар ниҳоят ҷонибҳо ба созиш расиданд.

Дар ҳамин ҳол, соҳибназарон аз афзоиши мавориди ба додгоҳ кашида шудани расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз ҷумла, ин матлаб дар ҷараёни даври чаҳоруми “Муколамаи ҳуқуқи башар миёни Иттиҳодияи Урупо ва Тоҷикистон”, ки ҳафтаи гузашта дар Душанбе баргузор шуд, матраҳ буд.

Рина Кионк, масъули бахши ҳуқуқи башари Шӯрои Урупо дар умури равобити байналмилалӣ, гуфт, ки мавзӯъи мавриди нигаронии ин даври музокирот барои онҳо бад шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки Иттиҳодияи Урупо мукарраран аз мақомоти тоҷик хостааст, ки муқаррароти марбут ба тавҳин ва таҳқирро аз қонуни ҷиноӣ ҳазф ё декриминализатсия (ғайриҷиноӣ) кунанд, вале мақомоти тоҷик ин дархостро нодида гирифтаанд.

Тайи ду соли ахир аксари парвандаҳое, ки рӯзноманигорон бар асоси онҳо ба додгоҳҳо кашида шудаанд, ба «тавҳин» ва «латма задан ба шаъну шарафи» мақомҳои давлатӣ марбут будаанд. Додгоҳҳо низ бархе аз рӯзноманигорон ва нашрияҳоро ба пардохти ҷаримаҳои ҳангуфт водор кардаанд.

Масъулони нашрияҳои мустақил иддаъо мекунанд, ки онҳо ба хотири интишори матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ин ё он мақоми давлатӣ мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд ва додгоҳҳо дар бештари маворид ба сурати «ғайримустақил» ва «муғризона» парвандаҳоро ба нафъи мақомот ҳал мекунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111031_if_media_faraj.shtml

ПРОФЕССОР А.НУРАЛИЕВ 70 – СОЛА ШУД

[b]28 октябр, дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бахшида ба ҷашни солгарди доктори илми филология, профессор Абдусаттор Нуралиев конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Саҳми профессор А.Нуралиев ба рушди журналистикаи тоҷик» баргузор гардид.[/b]

Дар конфронс ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, профессор Муҳаммадюсуф Имомов сарсухан мекунад. Иштирокдорони конфронс ҳамчунин гузоришҳоро дар мавзӯи «Фаъолияти илмию тадқиқотии профессор А.Нуралиев» ва «Саромади таҳсилоти журналистӣ ва илм» мешунаванд. Дар конфронс Ходими шоистаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Иброҳим Усмонов, дотсенти кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Пайванд Гулмуродов ва худи соҳибҷашн — А.Нуралиев суханронӣ карданд.

Источник:

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ҲУҚУҚӣ ПЕРОМУНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ

[b]Аз 27 то 28 октябри соли 2011 дар Вазорати фарҳанги Чумҳурии Точикистон дар мавзўи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои иҷрогарон” семинар баргузор мегардад.[/b]

Мақсад аз гузаронидани семинар пешгирии вайронкунии ҳуқуқи муаллифон, ҳамкории мақомоти дахлдор, муассисаву идораҳое, ки бевосита ба пешгирии вайрон кардани ҳуқуқ дар ин соҳа масъуланд, беҳтар намудани ҳифзи манфиатҳои муаллифон ҳангоми истифодаи асарҳои онҳо, омўзиши санадҳои ҳуқуқию меъёрие, ки муносибатҳои байни муаллифонро ба танзим медарорад, мебошад.

Масъалаи дигаре, ки дар семинар мавриди омўзиши ҷиддӣ қарор мегирад, аз мутобиқати муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ба талаботи Конвенсияи ҷанбаъҳои ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии савдо қабул гардидааст, мебошад. Мутахассисон доир ба мутобик намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти ин ҳуҷҷат пешниҳодҳои худро иброз медоранд.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.tj/society/19301-barguzorii-seminari-1203u1179u11791251-peromuni-1203ifzi-1203u1179u11

Муколамаи Тоҷикистону Аврупо. Аз озодии баён то хушунат

[b]Даври чаҳоруми муколамаи Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо пиромуни вазъи ҳуқуқи башар баргузор шуд.[/b]

Вазъи озодии матбуот, ҳуқуқи занон, ҳуқуқи муҳоҷирон, коҳиш додани зӯроварӣ дар хонаводаҳо алайҳи занон ва бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз масоили муҳиме ба шумор меоянд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумати ин кишвар ҳалли сареъ ва ҳамаҷонибаи онҳоро мехоҳад.

Ба хабарнигорон иҷоза надоданд, ки ҷараёни баҳсро сабт кунанд ва сабаби онро ҳам шарҳ надоданд. Вақте танаффус эълон карда шуд, танҳо дар ҳамин лаҳза фурсате пеш омад, ки бо намоянадгони мизи гирд суҳбат бикунем.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=143]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=143[/url]

Мирзонабии Холиқзод, Бароти Юсуфӣ

Источник:

Муколамаи Тоҷикистону Аврупо. Аз озодии баён то хушунат

[b]Даври чаҳоруми муколамаи Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо пиромуни вазъи ҳуқуқи башар баргузор шуд.[/b]

Вазъи озодии матбуот, ҳуқуқи занон, ҳуқуқи муҳоҷирон, коҳиш додани зӯроварӣ дар хонаводаҳо алайҳи занон ва бекор кардани ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз масоили муҳиме ба шумор меоянд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз ҳукумати ин кишвар ҳалли сареъ ва ҳамаҷонибаи онҳоро мехоҳад.

Ба хабарнигорон иҷоза надоданд, ки ҷараёни баҳсро сабт кунанд ва сабаби онро ҳам шарҳ надоданд. Вақте танаффус эълон карда шуд, танҳо дар ҳамин лаҳза фурсате пеш омад, ки бо намоянадгони мизи гирд суҳбат бикунем.

[b]ВАЗЪИ ҲУҚУҚИ БАШАР БЕҲБУД ЁФТААСТ?[/b]

Рина Кионка, раиси Дафтари ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, дар муқоиса ба чанд соли пеш вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба сурати умум беҳбуд ёфтааст. Вай афзуд, баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мехоҳем шоҳиди пешрафти воқеии онҳо бошем, махсусан, дар масъалаи озодии баён. Ҳамчунин, хушунати занон аз масоили дигаре ҳаст, ки дар Тоҷикистон алайҳи он чораҳои қонунӣ вуҷуд надорад.

Хонум Кионка афзуд: «Масъалае, ки тайи чанд сол аст, ки бояд заминаи қонунӣ дар Тоҷикистон пайдо кунад, ин зӯроварӣ дар хонавода алайҳи занон мебошад. Баҳси тарҳи қонуни хушунат алайҳи занон дар порлумони ин кишвар идома дорад, ки мехоҳем шоҳиди ҳуқуқи қонунӣ пайдо кардани ин масъала бошем. Масъалаи дигаре ҳам, ки Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон мехоҳад, ин лағви пурраи ҳукми қатл дар Тоҷикистон аст. Баҳсе, ки ҳоло бо намояндагони Тоҷикистон хоҳем кард, рӯи ҳамин мавзӯъ мебошад. Чанд масъалаи дигаре ҳам, ки дар Тоҷикистон ҳаст, ҳалли мантиқии зина ба зина мехоҳад, ки дар ин роҳ Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард. Агар масоили марбут ба ҳуқуқи башар дар кишвар ҳалли худро пайдо накунад, дар масъалаҳои дигар низ пешрафт нахоҳад кард.»

[b]ҲУКМИ ҚАТЛ КОМИЛАН ЛАҒВ МЕШАВАД?[/b]

Тавре аз суҳбати намояндаи Иттиҳодияи Аврупо рӯшан мешавад, яке аз масъалаҳое, ки ин созмон аз Тоҷикистон ҳалли ниҳоиро интизор аст, лағви ҳукми қатл мебошад.

Тоҷикистон аз соли 2004 ба ин тараф дар иҷрои ҳукми қатл моратория эълон кардааст ва ба ҷои он ҳукми абад содир карда мешавад. Аммо тавре, ки намояндагони мақомоти Додситонии Тоҷикистон мегӯянд, маълум мешавад, ки ин кишвар чандон хостори лағви пурраи ҳукми қатл намебошад.

Як намояндагони аршади Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нахост номаш оварда шавад, гуфт, Тоҷикистон ҳудуди 44 моддае, ки аз замони Шӯравӣ бозмонда буданд ва ҳукми қатлро иҷоза медоданд, ихтисор кард ва онро ба 16 модда расонд. Ба гуфтаи ӯ, тайи як даҳсолаи ахир онро низ коҳиш дод ва феълан панҷ моддаи қонуни кайфарии Тоҷикистон ба мисли ҳолатҳои куштори инсон, терроризм, одамрабоӣ ва ғайра ҳастанд, ки ба иҷрои ҳукми қатл мусоидат мекунанд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, аслан кишварҳои ғарбӣ тақозои лағви ҳукми қатл мекунанд, вале шароити Тоҷикистон аз кишварҳои Ғарб комилан фарқ мекунад. Ба гуфтаи ин мақоми Додситонии кул, лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон куштору террор ва ҷиноятҳои вазнинро афзоиш хоҳад дод.

[b]ТАРҲИ ҚОНУНИ ХУШУНАТ АЛАЙҲИ ЗАНОН[/b]

Масъалаи дигари муҳиме, ки ҳуқуқи занонро дар бар мегирад, заминаи ҳуқуқӣ бахшидани хушунат дар хонаводаҳо ва махсусан зӯроварӣ ба занон мебошад.

Намояндаи Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонова мегӯяд, бо тақозои созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар, бахусус Иттиҳодияи Аврупо, тарҳи қонуни хушунат алайҳи занон таҳия карда шуд, ки дар ҳоли ҳозир дар порлумони кишвар мавриди муҳокима қарор дорад. «Айни замон тарҳи қонуни зӯроварӣ дар хонавода мавриди муҳокима қарор дорад ва ҳоло Маҷлиси миллӣ ин тарҳро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки назари мақомоти ҳукумат ба эътибор гирифта хоҳад шуд»,-афзуд ӯ.

Феълан бо кӯмаки созмонҳои байнулмилалӣ, Кумитаи занони Тоҷикистон чандин марказҳое таъсис додааст, ки тайи даҳ соли гузашта ба 118 нафар зану духтаре, ки мавриди қочоқ ё худ трофик қарор гирифтаанд, кӯмаки равонӣ кардааст. Намояндагони бахши ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, то кунун чаҳор даври муколамаро бо мақомоти зидахли Тоҷикистон баргузор кардаанд ва то замони мушоҳидаи пешрафти чашмгир дар бахши ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ин гуфтшунидро идома хоҳанд дод.

Мирзонабии Холиқзод, Бароти Юсуфӣ

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24371006.html

Ещё один сайт на WordPress