Даҳгонаи ҷаҳонии зидди озодии матбуот

[b]Кумитаи дифоъ аз журналистон 10 кишварро «шадидтарин поймолкунандагони озодии баён» номид.[/b]

Созмони маъруфи нозири озодии баён имсол исми даҳ кишвари аслии сонсуркунандаи матбуоти озодро нашр карда гуфтааст, ки ҳукуматҳои Ӯзбакистон, Беларус ва Эрон аз шадидтарин поймолкунандагони озодии баён маҳсуб мешаванд. Дар гузорише, ки дар остонаи рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот аз ҷониби Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Ню-Йорк нашр шудааст, таъкид мешавад, ки ҳамаи ин ҳукуматҳо дар қатъи дастрасӣ ба иттилоъ аз роҳи пахши садои журналистон ва масдудкунии вебсайтҳо даст доранд.

Муовини раиси Кумитаи дифоъ аз журналистон, Роберт Маҳонӣ, мегӯяд, мақомоти Эрон, ки аз эътирозҳои пайдарҳами мардум хаста шудаанд, шадидтарин шеваи сонсури Интеретро ҷорӣ ва даҳҳо журналистро зиндонӣ карданд: «Эрон ба хотири саркӯб кардани гузоришҳои интиқодӣ журналистонро ҳабс мекунанд. Чопи нашрияҳои ислоҳотхоҳ аксаран номумкин гашта, кормандони нашрияҳо зиндонӣ шудаанд. Матбуоти моҳвораӣ ва миллионҳо вебсайтҳо масдуд шудаанд. Фанновариҳои махсус барои мудохила ба барномаҳои компютерии зиддисонсур истифода мешаванд. Соли 2006 Эрон яке аз бадтарин кишварҳои сонрсуркунандаи матбуот эътироф шуда, аз он замон то имрӯз, баъди Эритреяву Кореяи Шимолӣ ва Сурия ҳамоно дар миёни бадтаринҳо қарор дорад.»

Дар Ӯзбакистон, ки раҳбари дарозмуддати он — Ислом Каримов матбуотро хафа кардааст, ба қавли Кумитаи дифоъ аз журналистон ҳамаи матбуоти мустақил нобуд шудааст. Маҳонӣ меафзояд, ҳоло дар зиндонҳои Ӯзбакистон, ки дар рӯйхати ин кумитаи мақоми шашумро дорад, панҷ хабарнигор мӯҳлатҳои тӯлонии зиндонро пушти сар мекунанд.

Аз миёни онҳо, Муҳаммад Бекҷонов ва Юсуф Рӯзимуродов аз нашрияи оппозитсионии “Эрк” аз соли 1999 инҷониб дар маҳбас ба сар мебаранд: «Дар Ӯзбакистон ҳеҷ як нашрияи мустақил амал намекунад. Дастрасӣ ба баъзе торнамоҳо хориҷӣ, ҳатто калимаҳои калидӣ номумкин аст. Панҷ журналист мӯҳлатҳои тӯлонии зиндонро пушти сар карда, хабарнигорони хориҷӣ аз кишвар ронда шудаанд.»

Рӯйхати давлатҳои сонсуркунандаи матбуотро Кумитаи дифоъ аз журналистон аз назари дастрасӣ ба торнамоҳо, озодии ҳаракати журналистон ва ҳузури матуботи мустақил дар ҷомеа таҳия кардааст. Беларус, ки дар мақоми даҳуми ин рӯйхат қарор дорад, интихоботи баҳсбарангези президентӣ, ки раҳбари худкома Аляксандр Лукашенкаро дубора сари курсии раёсатҷумҳурӣ нишонд, чун пайғоми марги охирин нишонаҳои озодии матбуот дар ин кишвар қабул шуд.

Маҳонӣ мегӯяд, ки ҳатто муддатҳо пеш аз интихобот ва дар паи эътирозҳои мардумӣ зидди режими Лукашенка журналистони беларус пайваста таъқиб шуда, марги машкуки се журналист ҳеҷ гоҳ таҳқиқ нашудааст. Ҷасади Алеҳ Биябенин, муассиси сайти ошкоргӯи Хартия-97, ки соли 2010 дар бӯстонсарояш ошкор шуд, яке аз чунин қазияҳост: «Ҳукумати Беларус коргоҳҳои журналистонро бозҷӯӣ карда дастгоҳҳои онҳоро мусодира, журналистонро зиндонӣ карда хабарнигоронро аз саёҳат бозмедорад. Вебсайтҳои мустақил масдуд шуда дастрасӣ ба Интернет танҳо баъди ошкор шудани ҳуввияти шахс иҷозат дода мешавад.»

Дар феҳрасти давлатҳои дигари сонсуркунандаи матуботи озод исми Гвинея, Миянмар, Арабистони Саудӣ ва Куба номбар шуда, давлатҳои Туркманистон, Озарбойҷон ва Чин дар ҷойи охир қарор гирифтанд. Гузориши Кумитаи дифоъ аз журналистон як рӯз баъд аз пахши арзёбиҳои вазъи озодии баён дар ҷаҳон аз ҷониби созмони байналмилалии «Хонаи Озодӣ» нашр шуд. Ин созмони амрикоӣ мегӯяд, ки дарсади мардуме, ки ба матбуоти озод дастрасӣ доранд, то поинтарин нишондод дар 20 соли охир таназзул карда, ҳоло фақат ҳар нафари шашум дар ҷаҳон аз матбуоти озоди баҳравар аст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24567402.html

Баррасии масоили Дастрасӣ ба иттилоот њузури Омбудсмен

[b]Имрўз, 27-уми апрел дар бинои Омбудсмени Тоҷикистон барои кормандони ваколатдори ҳуқуқи инсон, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот» мизи мудаввар баргузор мегардад.[/b]

Тавре ба Озодагон аз Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад хабар доданд, дар кори нишаст намояндагони мақомот ва сохторҳои гуногуни давлатӣ иштирок намуда, мавзӯъҳои дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон, мушкилот ва пешомадҳо, таҷрибаи мусбат дар дастрасӣ ба иттилоотро муҳокима мекунанд.

«Се масъалаи асосии ҳуқуқ ба дастрасии иттилоот тибқи қонунгузории Тоҷикистон, такмили қонунгузории дастрасӣ ба иттилоот ва озодии сухан, дахлнопазирӣ ба ҳаёти шахсӣ ва дастрасӣ ба иттилоот, ҳаёти шахсӣ ва дастрасӣ ба иттилоот- таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, нақши Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар пешбурди дастрасии ҷомеа ба иттилоот доир ба ҳуқуқи инсон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад»,-афзуд манбаъ.

Источник: Хадамоти мониторинги АМВАОМЬ.

Бег Зуҳуров хост, «дар Интернет бадгӯӣ накунед!»

[b]Ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон торнамо (сайт)-ҳои [url=Maxala.org, Tjknews.ru ]Maxala.org, Tjknews.ru [/url] ва [url=Centrasia.ru]Centrasia.ru[/url]-ро боз намудаанд.[/b]

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 23-юми апрел хабар дод. Ӯ гуфт, ин се торнамо, ки як моҳи қабл ба иллати «мушкили фаннӣ» дар Тоҷикистон боз намешуданд, дубора фаъол гардидаанд.

Раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, феълан ҳеҷ гуна таҳримот ба кадом торнамо (сайт)-е вуҷуд надорад, вале вай танҳо аз масъулону назарнависони ин сомонаҳо тақозо мекунад, ба бадгӯӣ ва таҳқири афроди алоҳида напардозанд. Ин дар ҳолест, ки торнамои Звезда.ру («Полярная Звезда») ҳамчунон баста аст.

Гузашта аз ин, дар ҳоли ҳозир на ҳама истифодабарандагони Интернет сайтҳои [url=Maxala.org, Tjknews.ru]Maxala.org, Tjknews.ru[/url] ва [url=Centrasia.ru]Centrasia.ru[/url]-ро боз карда метавонанд. Агар баъзе аз истифодабарандагон мегӯянд, яке аз ин сайтҳо дар онҳо боз мешавад, бархеи дигар хабар медиҳанд, ки ин сайтҳо ҳамчунон бастаанд.

Ёдовар мешавем, дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ бо дархости Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи Facebook, торнамоҳои Tjknews.ru, Maxala.org, Centrasia.ru ва Zvezda.ru дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шуда буд. Аммо баъд аз 10 рӯз ва ба дунболи норозияту танқидҳои созмонҳои дохилӣ ва хориҷии ҳомии журналистон шабакаи Фейсбук дубора фаъол гардид. Вале сомонаҳои [url=tjknews.ru, maxala.org, centrasia.ru]tjknews.ru, maxala.org, centrasia.ru[/url] ва [url=zvezda.ru]zvezda.ru[/url] ҳамчунон масдуд буданд.

Бархе аз сокинони кишвар маҳудудият ба ин вебгоҳҳоро бо барномаҳои махсус (филтршиканҳо) мешикастанду ворид мешуданд. Вале онҳое, ки ин гуна барномаҳо надоштанд, наметавонистанд ин саҳифаҳоро мутолиа кунанд.

Бег Зуҳуров гуфта буд, маҳдудияти дастрасӣ ба Фейсбук ва чанд торнамо «мушкили фаннӣ» буда, ба зудӣ ҳал хоҳад шуд. Аммо вай бо интиқод аз корбарони Интернет афзуд, гурӯҳе Интернетро ба «бозори сиёҳ» табдил додаанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бархе аз коршиносон қатъи дастрасӣ ба торнамоҳои муайян ва шабакаи Фейсбукро ба нашри асноди як ҷаласаи махфӣ бастагӣ доданд, ки дар он гӯиё аз талошҳои ҳукумат ба таъқиби мухолифони сиёсӣ сухан рафтааст.

Дар авоили моҳи март дар торнамои «Звезда.ру» мақолае зери унвони «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб» ба табъ расид, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон ба тарҳрезии барномаи муфассали таъқиби мухолифин муттаҳам мешуд.

Дар ин мақола, ки бо имзои хабарнигор Сергей Строкан дар нашр шуда буд, мақомоти Тоҷикистон ба роҳандозии сиёсати фишору зӯроварӣ ба ҳизбҳои мухолифи ҳукумат ва бозгашт ба мухолифатҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон муттаҳам шудаанд. Муаллифони мақола дурустии таҳлили худро бо нашри чанд санад, ки гуфта мешавад аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон берун шудааст, тавҷеҳ кардаанд.

Аммо Сергей Строкан, шореҳи ҳафтавори “Коммерсант”, чопи Маскав ба дунболи нашри ин матлаб гуфт, ӯ ба мақолаи «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб», ки ибтидои моҳи март дар торнамои русзабони «Полярная Звезда» ба табъ расидааст, ҳеҷ иртиботе надорад. Вай гуфт, намедонад, муаллифони воқеӣ бо кадом ҳадаф аз номи ӯ истифода кардаанд.

Радиои Озодӣ

Источник:

Ҳушдори Иттиҳодияи журнолистон ба хабарнигорон

[b]Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон (ИЖТ) аз аъзои ин ниҳод хостааст, аз шаҳодатномаи узвият барои бароварда сохтани ғараз ё манофеъи шахсӣ истифода накунанд.[/b]

Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи панҷшанбеи 12 апрел мунташир гардидааст, ҳушдор дода шудааст, рӯзноманнигоре, ки ба ҳамчунин амале даст мезанад, аз суфуфи Иттиҳодияи журнолистон ихроҷ хоҳад шуд.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, афзоиши мавориди фаровони сӯъистифода аз шаҳодатномаи узвияти ин созмон ва шикоёти зиёди намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва мустақил Иттиҳодияи журнолистонро ба иттихози иқдомоти сахтгирона водор кардааст.

Ба гуфтаи оқои Саттор, дар зарфи як соли ахир 12 мавриди истифодаи бархе аз рӯзноманигорон аз шаҳодатномаи ИЖТ бо мақосиди ғаразнок дар навоҳии Ашту Файзобод, шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон сабт шудааст.

Вале ӯ аз бурдани асомии ин рӯзноманигорон ва ҷузъиёти мавориди сӯъистифода аз шаҳодатномаи ИЖТ худдорӣ кард.

Раиси Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон таъкид кард, тибқи Ойинномаи ин созмон рӯзноманигорон ба ҳангоми муъаррифии худ бояд ба маҳалли корашон истинод кунанд, на ба Иттиҳодияи журнолистон.

Зафари Сӯфӣ, сардабири “Озодагон”, нашрияи мустақилли чопи Душанбе, аз ин иқдоми Иттиҳодияи журнолистон пуштибонӣ карда ва гуфт, сӯъиистифода аз санади журнолистӣ ба тамоюли хатарноке мубаддал шуда ва метавонад ба эътибори тахассуси рӯзноманигорӣ латмаи ҷиддӣ ворид кунад.

Оқои Сӯфӣ ба унвони мисол аз ҳодисае дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ёдовар шуд, ки дар авоили соли ҷорӣ иттифоқ афтода ва афроде аз шаҳодатномаи Иттиҳодияи журнолистон ба ғарази тамаъҷӯйӣ истифода кардаанд.

Вақте бар асоси шикоёти кормандони ниҳоди давлатӣ ин афрод аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шуданд, рӯшан шудааст, ки онҳо дар ҳеч нашрия ё ниҳоди журнолистӣ фаъъолият надошта ва шаҳодатномаи журнолистиро аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардаанд.

Ба эътиқоди Қироншоҳ Шарифзода, раҳбари созмони мустақилли “Журналист”-и Тоҷикистон, дар солҳои нобасомониҳо дар ин кишвар дар даҳаи 1990 “иддаъе аз афроди нолоиқ ва тасодуфӣ ба суфуфи Иттиҳодияи журнолистони Тоҷикистон роҳ ёфта ва аз нуфузи ин созмон барои ғаразҳои шахсии худ истифода мекунанл.”

Ҳамчунин, оқои Шарифзода бурузи чунин вазъи номатлуб дар маҳофили рӯзноманигориро ба фаъъол набудани созмонҳои аввалияи Иттиҳодияи журнолистон дар манотиқи Тоҷикистон марбут хонд.

Зимнан, дар баёнияи Иттиҳодияи журнолистон аз аъзои ин созмон даъват шудааст, дар зарфи се моҳи оянда ба ин созмон дар бораи маҳалли кори худ иттилоъ дода ва ҳақулъузвияти худро пардохт кунанд. Дар ғайри ин сурат мавзӯъи ихроҷи ин афрод аз суфуфи Иттиҳодияи журнолистон матраҳ хоҳад шуд.

То ба ҳол, Иттиҳодияи журнолистон ва созмонҳои мустақилли журнолистии Тоҷикистон аз мавориди фишору таъқиби хабарнигорон аз ҷониби ниҳодҳои давлати ин кишвар шикоят карда ва барои бори аввал мавзӯъи сӯъиистифодаи рӯзноманигорон аз шаҳодатномаҳои журнолистӣ матраҳ мешавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/04/120412_mm_journalists_union.shtml

Додситонӣ шарҳнависони тундлаҳнро меҷӯяд?

[b]Додситонии кулл аз масъулони «Азия-Плюс» хостааст, IP-адреси афродеро ба додситонӣ супорад, ки дар матолиби ин сомона шарҳ менависанд.[/b]

Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» ин хабарро таъйид кард ва афзуд, ҳоло бо ин мавзӯъ ҳуқуқшиносони нашрия сарукор доранд ва тафсилоти бештар дода наметавонанд. «Азия-Плюс» аз сомонаҳои пешгоми Тоҷикистон аст, ки ҳамарӯза ҳаводиси Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва аз як сол ба ин сӯ дар сомонаи он хадамоти баҳс низ роҳандозӣ шудааст.

Хонандагони сомона ҳангоми баррасии матни сомона, назарҳои интиқодии худро дар бораи ҳукумати Тоҷикистон ё афроди алоҳида низ ба лаҳни шадид баён мекунанд.

IP ё Internet Protocol нишонаи махсуси ҳар як ройона ё компютер аст, ки ҳангоми васл шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернет муайян мешавад. Дар ҳоли зарурат аз рӯйи чунин нишона метавон дарёфт кард, ки ин ё он шарҳ аз кадом компютер навишта ва фиристода шудааст.

Дар ҳамин ҳол масъулини васоити ахбори омма ин иқдоми додситониро хилофи Қонуни асосии Тоҷикистон хонда ва онро қадаме дар амри маҳдуд кардани озодии баён унвон карданд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ гуфт: «Ба андешаи ман ин амали додситонӣ хилофи модаи 30-юми Қонуни асосӣ аст, зеро ҳар кас ҳуқуқ ба озодии сухан дорад. Дар сурати пайдо кардани IP-адресҳои корбарон, эҳтимоли таъқиб барои танқид аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар пайдо мешавад, ки ба маҳдуд шудани озодии баён ва озодии васоити ахбори омма дар Тоҷикистон оварда мерасонад».

Оқои Қаршибоев ба ин назар аст, ки корбарон бо зикри ному насаб ва суроғаи худ метавонанд андешаҳои худро баён доранд, зеро ин ҳуқуқро ба онҳо ҳам қонунгузориҳои миллӣ ва ҳам байналмилалӣ кафолат додааст.

Ин аввалин бор аст, ки додситонӣ дар Тоҷикистон барои шиносоӣ кардани назарнависон дар сайтҳои интернетӣ, муроҷиат кардааст. Аммо дар гузашта чанде аз мансабдорони давлати Тоҷикистон аз лаҳни тунди шарҳу форумҳо дар сомонаҳои интернетӣ шикоят кардаанд. Дар шаҳри баста шудани торнамоҳо дар аввали моҳи март раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров гуфта буд, баъзеҳо Интернетро ба «бозори сиёҳ» табдил додаанд ва бе он ки зери номаҳои худ имзои ҳақиқияшонро гузоранд, чизе дилашон хоҳад менависанд.

Воқеан, дар чанд соли ахир навиштани назару шарҳҳо дар пайи матолиби сайтҳои интернетӣ маъмул шудааст. Бештари корбарони интернет аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон бо номҳои мухталиф назари худро дар бораи фаълияти мақомоти давлатӣ ва мушкилоти ҷомеа баён медоранд. Дар ҳоле, ки онҳо имкони баёни андешаҳои худро аз тариқи расонаҳо надоранд.

Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон чанд моҳ пеш зимни як пажӯҳиш муайян карда буд, ки ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар чунин баҳсу форумҳои интернетӣ ва одати навиштани андеша дар ҳошияи матолиб сатҳи озодии баёнро дар кишвар ба маротиб густариш додааст ва махсусан ҷавонон дар изҳори ақидаи худ ҷасуртар ва озодтар шудаанд. Ҳамзамон дар бархе аз шарҳу номаҳо зиёдаравӣ ва нақзи ҳуқуқи дигарон, таҳқиру тавҳин низ афзоиш ёфтааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24544322.html

«Озодагон» дар Русияву Эрон ҳам сабтином шуд

[b]Хабаргузории «Озодагон» дар мақомоти расмии Русияву Қазоқистон ва Қирғизистону Эрон сабти ном шудааст.[/b]

Хабаргузории «Озодагон» нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар ниҳодҳои давлатии бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Ин хабаргузорӣ, ки соли гузашта дар Тоҷикистон номнавис ва дар шабакаи ҷаҳонии Интернет торнамо (сайт)-и худро боз карда буд, акнун дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳамчунин Эрон иҷозаи расмӣ барои фаъолиятро дарёфт. Ин хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир хабарҳоро бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр мекунад.»

[b]Зафари Сӯфӣ,[/b] муассиси хабаргузории «Озодагон», рӯзи 10-уми апрел дар сӯҳбати худ бо Радиои Озодӣ гуфт, «хабаргузории «Озодагон» дар хориҷ аз Тоҷикистон барои аввалин бор дар Қирғизистон сабти ном шуд ва ҳамин тавр баъд аз як соли фаъолият дар Тоҷикистон дар ҷойҳои дигар ҳам сабти ном гардид. Талош дорем, ки дар Узбакистон ҳам дафтари хабаргузорӣ сабти ном шавад. То чи ҳад муваффақ мешавем ё не, ҳоло номаълум аст, вале мунтазирем чун муроҷиат кардем.»

[b]Радиои Озодӣ: Ҳоло дар кадоме аз ин кишварҳо дафтари Шумо ба фаъолият оғоз кардааст?[/b]

[b]Зафари Сӯфӣ:[/b] «Дар Бишкек дафтари мо фаъол шудааст ва дар Маскав ҳам хабарнигори мо кор мекунад. Ҳоло дунболи он ҳастем, ки дар онҷо низ дафтари худро ифтитоҳ намоем ва дар Қазоқистон низ. Ба ҷуз аз ин дар Машҳад ҳам ду нафар намояндаи мо иҷозаи фаъолиятро дарёфт карда ва бо мо ҳамкорӣ мекунанд.»

[b]Радиои Озодӣ: Ба чӣ хотир хабаргузориро ба хабаргузории минтақаӣ табдил додед?[/b]

[b]Зафари Сӯфӣ:[/b] «Бубинед ҳоло ҳамаи ҷаҳон ба як самти ба ҳам наздикшавӣ ҳаракат дорад. Вале, мутаассифона, дар минтақаи мо — Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад, ки ҳамаи расонаҳо воқеан расонаҳои гурӯҳианд ва бештар дунболи манфиати ҳамин як гурӯҳ мераванд. Талоши мо бар ин аст, ки фаротар аз ин вазъият биравем. Яъне фаротар аз манфиати Тоҷикистон, фаротар аз манфиати Узбакистон ва дар маҷмӯъ битавонем манофеи ҳамаи кишварҳо муроот бишавад. Рисолати хабаррасонӣ бидуни пуштибонӣ аз манфиати ин ё он гурӯҳ анҷом бишавад. Манзурам, албатта, бештар ҳукуматҳост. Ҳоло ҳарчанд расонаҳои мо иддао мекунанд, ки мустақиланд, аммо бештар ҳукуматианд. Зеро аз ин ё он гурӯҳе аз ҳукумат пуштибонӣ мекунад. Гузориш ва ахборашон ба истилоҳ «думча» дорад. Мо мехоҳем, беғараз бошем.»

[b]Радиои Озодӣ: Дар шароите, ки вазъияти молиявии хеле аз расонаҳо рӯ ба вахомат ниҳодааст, тавони молиявии Шумо то ҳадде аст, ки намояндагиҳои Шумо дар ин кишварҳо ба таври собит фаъолият кунанд?[/b]
[b]Зафари Сӯфӣ:[/b] «Ҷиҳати молии ҳар лоиҳа муҳим аст, албатта, ба хотири давом овардани он. Дар ҳар сурат, мо барои ду сол барномарезӣ дорем, ки ин масоил мушкил пеш наоварад. Баъд аз онки минтақаӣ шуд, мо бо бозори рекламаи минтақа ва барномаҳое, ки хусусияти тиҷоратӣ доранд низ ҳамкорӣ хоҳем кард.»

[b]Радиои Озодӣ: Манзурам ин буд, ки сарпарастҳои Шумо вобаста аз ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои алоҳида нестанд? [/b]

[b]Зафари Сӯфӣ:[/b] «Хушбахтона, «Озодагон» аз замоне ки ба фаъолият шурӯъ кард, ба ҳеҷ як ҳукумат ҳеҷ як гурӯҳ ва шахси дигар ба ҷуз аз муассисаш муталлиқ намебошад. Агар касе шубҳае дорад, бояд бигӯям, мо метавонем ҳар мавқеъ агар бихоҳем ба фаъолият идома бидиҳем ва дар ҳар мавқеъ қатъи фаъолият намоем. Шукри Худо тавоноие, ки ман дорам, тиҷорате, ки дорам имкон медиҳад дар ин муддати ба нақша гирифта бирасад. Аз назари маънавӣ командае, ки «Озодагон» ҷамъ кардааст, афродеанд, ки мехоҳанд бештар ба ватанашон хидмат кунанд. Афродаенд, ки идеяҳои фаромаҳалливу фарогурӯҳиву ҳатто фароқавмӣ доранд. Мардумеанд, ки мехоҳанд, дар ин минтақа озодӣ бошад, мардум дар рифоҳ ва зиндагии инсонвор дошта бошад.»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24543577.html

Тақозои Хадамоти зиддимонополӣ аз ТВ-ҳои мустақил

[b]Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба «санҷиш»-и фаъолиятҳои рекламаваии се ширкати радио ва телевизиони мустақили Хуҷанд оғоз кардааст.[/b]

Ба қавли раҳбарони ду телевизион ва як радиои мустақил дар Хуҷанд — «Азия», «СМ-1» ва «Тироз», намояндагии Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон аз онҳо талаб кардааст, то дар бораи фаъолиятҳои рекламавии худ дар соли гузашта иттилоъ бидиҳанд. Илова бар ин, тақозо шудааст, ки бояд ширкатҳои мустақили радио ва телевизион дар Хуҷанд бояд ҳар моҳ чунин маълумотро ба мақомот пешниҳод кунанд.

Масъулони расонаҳо мегӯянд, талабҳои Хадамоти зиддиинҳисорӣ асрори соҳибкорӣ ва тиҷоратии онҳоро ошкор карда, ба фаъолияташон монеа эҷод хоҳад кард. Аъзамҷон Акбаров, мудири кулли телевизиони «Азия» гуфт, ин иқдоми навбатии мақомот ҷиҳати таҳти назорати шадид гирифтани кори васоити ахбори умуми мустақил аст. Ба бовари ӯ, чунин тафтишҳои ғайричашмдошт посухи мақомот ба фаъолтар шудани радиову телевизионҳои мустақил дар мавриди бозтоби мавзӯъҳои доғи рӯз будааст.
Аммо Тоҳир Ғафуров, раҳбари раёсати намояндагии Хадамоти зиддиинҳории Тоҷикистон дар Суғд сабаби тафтиши расонаҳоро ингуна шарҳ дод: «Ба мо супориш доданд, ки фаъолияти рекламавии телевизиону радиоҳо ва расонаҳои чопӣ, ки чӣ қадар реклама пахш кардаанду аз куҷо ва чӣ қадар маблағ ба даст овардаанд, тафтиш кунем. Ин чиз барои баромади роҳбарамон дар ҷаласаи машваратии Санкт-Петербург дар моҳи апрел лозим будааст.»

Вале коршиносон мегӯянд, ба ин «далел»-и намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ бовар кардан мушкил аст. Дар ҳоле ин ниҳод бо номаи расмӣ аз расонаҳо талаб кардааст, ки дар оянда низ маълумотнома дар бораи фаъолиятҳои рекламавии худро пешниҳод намоянд.

Ин дар ҳолест, ки дар оғози моҳи феврали соли ҷорӣ додситонии Хуҷанд бо ирсоли дархости расмӣ аз тамоми радиову телевизионхои Суғд дар бораи фаъолият ва манобеи молии онҳо низ маълумот талаб карда буд.

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси созмони НАНСМИТ (Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон) дар Хуҷанд гуфт, дар ҳоли ҳозир тақозои расмии Хадамоти зиддиинҳисориро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз назари Ҷӯраева, агарчӣ назорати иҷрои «Қонун дар бораи реклама» аз ҷониби ҳукумат бар дӯши Хадамоти зиддиинҳисорӣ аст, аммо дар ҳоле ки фаъолияти телевизион ва радиоҳои Суғд хусусияти монополӣ надорад, тақозои расмӣ аз онҳо дар бораи ҳар моҳ пешниҳод кардани маълумот дар бораи фаъолияти рекламавӣ мутобиқи Қонуни матбуоти Тоҷикистон «эҷоди монеа ба фаъолияти қонунии касбии журналистӣ»-и онҳо будааст. Дар ҳамин ҳол, раҳбарони бархе расонаҳо мегӯянд, тасмими ниҳоиро дар мавриди иҷрои дархости Хадамоти зиддиинҳисорӣ танҳо баъд аз анҷоми таҳқиқи НАНСМИТ хоҳанд гирифт.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24533084.html

Сафири ИМА-ро хабарнигорони рус шигифтзада карданд

[b]Майкл Макфаул, сафири Амрико дар Маскав, изҳори тааҷҷуб кардааст, ки чӣ гуна матбуоти Русия аз ҳама барномаҳои ӯ огаҳ мешаванд.[/b]

Дипломати амрикоӣ дар саҳифаи худ дар «Твиттер» навиштааст, ҳар ҷое, ки наравад, хабарнигорони телевизиони НТВ-ро мебинад. Майк Макфаул бо тааҷҷуб навиштааст, ба ин хабарнигорон, кӣ барномаи кории ӯро медиҳад ва чӣ қонуне ба онҳо чунин корро иҷоза додааст. Лев Пономарёв, як фаъоли ҳуқуқи башари Русия гуфт, вақте сафири Амрико рӯзи панҷшанбе ба созмони онҳо омад, дар назди дар як гурӯҳ, ки либоси казакҳоро ба бар доштанд, худро хабарнигор муаррифӣ намуда ва сафирро 20 дақиқа суолпеч карданд. Майкл Макфаул аз хабарнигорон пурсид, ки чӣ гуна аз омадани ӯ ба инҷо хабардор шуданд, вале ҳеҷ посухе нагирифт.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20120330/538/538.html?id=24531911

«Ҷазои» ҳукумати Эрон ба хабаргузории «Ройтерз»

[b]Ҳукумати Эрон кормандони хабаргузории “Ройтерз” дар Теҳронро аз ҳаққи фаъолият дар кишвар муваққатан маҳрум кардааст, зеро онҳо дар нашри як видео дар бораи духтарони варзишгари эронӣ ба хато роҳ додаанд.[/b]

“Ройтерз” аввал ба видео дар бораи духтароне, ки ба усули муҳорибаи нинзя машғуланд чунин ном гузоштааст, ки дар Эрон садҳо зани нинзяро ба ҳайси қотил омода мекунанд. Баъдан унвони видеоро тағйир доданд, ки дар Эрон се ҳазор зан нинзя машқ мекунанд. Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон бо раҳбари дафтари “Ройтерз” дар Теҳрон дар тамос шуда ва баъдан аз 11 корманди он хостааст, то иҷозаномаҳояшонро пас бидиҳанд. “Ройтерз” мегӯяд, сардабири хабаргузорӣ масъаларо бо мақомоти Эрон баррасӣ мекунад ва умедвор аст, ин мушкил ҳал хоҳад шуд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20120330/538/538.html?id=24531929

«Садои Панҷакент» дар муқобили шабакаҳои узбакӣ?

[b]Дар шаҳри Панҷакент, нахустин шабакаи радиоӣ бо номи «Садои Панҷакент» рӯи мавҷи 101, 5 ФМ ба фаъолият оғоз кардааст.[/b]

Ин шабака ғайридавлатӣ буда, аммо ташабускорони он раҳбарияти садо ва симои шаҳри Панҷакент ва ҳукумати иҷроии ин шаҳр ҳастанд.

Аббос Ҳамроҳзода, яке аз масъулони шабакаи «Садои Панҷакент» дар сӯҳбат бо РО гуфт, ҳадафи аслии таъсиси ин шабакаи радиоӣ, таъмини фазои иттилоотии минтақа ва аз ин тариқ ҷилавгирӣ аз пахши барномаҳои шабакаҳои радиоии кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Узбакистон аст, ки мардуми Панҷакент ба роҳатӣ бархе аз ин шабакаҳоро мешунавад.

Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди Ҳамроҳзода, доираи пахши ин шабакаи радиоӣ то 100 км-ро дар бар гирифта ва ҳатто бархе аз деҳаҳои наздимарзии Узбакистон низ имкони қобили дастрасӣ ба барномаҳои ин шабакаҳоро хоҳанд дошт. Ҳамроҳзода мегӯяд, «садои Панҷакент» ҳамарӯза аз соати 8 субҳ то 18 -и шом барномаҳои хабарӣ, мусиқӣ- тафреҳӣ ва ташвиқотиро пахш мекунад.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз сокинони шаҳри Панҷакент аз фаъол шудани нахустин шабакаи радиоӣ дар ин минтақа истиқбол карданд.

Искандари Раҳмон, сокини Панҷакент ба РО гуфт, «таъсиси ин шабакаи радиоӣ аз ду ҷиҳат муфид аст. Аввалан, то имрӯз ба сабаби набудани радиои худӣ, сокинони Панҷакент ба осонӣ аз шабакаҳои радиоии кишвари ҳамсояи Узбакистон, назири радиои марказии Узбакистон ва шабакаи «Ёшлар» истифода мекарданд. Дуввум, пас аз он ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ҳудуди яку ним моҳи пеш ба пахши рақамӣ гузаштанд, мардум дастрасӣ ба расонаҳои худиро аз даст дод ва ин ба истилоҳ «болои сӯхта намакоб»-ро монд. Чун мардуми ташнаи хабару рӯйдодҳои Тоҷикистон аз ин ғизои маънавӣ маҳрум шуданд.»

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ Искандари Раҳмон мегӯяд, «Садои Панҷакент» дар канори барномаҳои хабарӣ ва мусиқиву тафреҳӣ, ҳамчунин мукотибае бо шунаванда доир кардааст, ки сокинон метавонанд дархостҳои худро ироа кунанд.

Ҳарчанд «Садои Панҷакент» як шабакаи ғайридавлатӣ маҳсуб меёбад, иддае бар ин боваранд, ки ин радио вобастаи ҳукумати иҷроияи шаҳри Панҷакент аст ва наметавонад тамоми назару андешаи озоди мардумро пахш кунад.

Аммо Аббос Ҳамроҳзода, яке аз масъулони ин шабакаи радиоӣ мегӯяд, фаъолияти «Садои Панҷакент» дар чорчӯби қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои вобаста ба ВАО сурат хоҳад гирифт ва талош хоҳад шуд, то он «пуле байни мардум ва ҳукумати иҷроия» бошад.

Зимнан, шаҳри Панҷакент дорои беш аз 160 ҳазор ҷамъият аст ва бо вилояти Самарқанди Узбакистон марзи муштарак дорад.

Аммо таъсиси шабакаи радиоии «Садои Панҷакент» дар водии Зарафшон дар ҳолест, ки дар чанд моҳи ахир чанд шабакаи дигари радиоӣ дар қисмати ноҳияҳои Ашту Исфара ва Конибодом, ки бо Узбакистон ва Қирғизистон ҳамсояанд, роҳандозӣ шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли пеш бархе аз хабарнигорон талош кардаанд, то бо кӯмаки фаннии созмонҳои байналмилалӣ шабакаҳои мустақили радиоиро дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя роҳандозӣ кунанд. Аммо ниҳодҳои давлатӣ барои фаъол шудани ин гуна шабакаҳо мухолифат карданд.

Ҳамакнун соҳибназарон мегӯянд, шояд маҳз хатароти пахши барномаҳои радио ва телевизиони кишварҳои ҳамсоя Тоҷикистонро водор кардааст, то дар заминаи таъмини амнияти иттилоотии хеш ба таври ҷиддӣ биандешад ва иқдомотеро, назири роҳандозии шабакаҳои ба истилоҳ «ғайридавлатӣ» дар манотиқи марзӣ мавриди иҷро бигузорад.

Масрур Абдуллоев.

Источник:

Ещё один сайт на WordPress