«Сездаҳ дарсади ҷамъияти Тоҷикистон аз интернет истифода мекунанд»

[b]Кумиссюни Паҳнбонди СММ барои Тавсеъаи Диҷитол дар нахустин гузориши худ дар бораи истифода аз интернети паҳнбонд дар ҷаҳонро мунташир кардааст.[/b]

Ин гузориш омори корбарони интернет дар Тоҷикистонро 13 дарсад аз ҷамъияти кишвар хондааст.

Дар ин пажуҳиш ҳамчунин омадааст, ки дар Қазоқистон 45 дарсад дар Узбакистон 30.2 дарсад дар Қирғизистон 29 дарсад ва дар Афғонистону Туркманистон 5 дарсади мардум аз интернет истифода мебаранд.

Ҳарчанд давлати Тоҷикистон пайваста таъкид мекунад, ки мардумаш аз озодиҳои бештар дар муқоиса ба кишварҳои ҳамсояаш баҳраманд аст, бино ба ин гузориши ниҳоди СММ ҷамъияти Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои минтақа камтарин корбарони интернетӣ дорад.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои фароҳамгари интернетӣ дар Тоҷикистон муддате бо мақомоти зирабти кишвар кашмакашҳои қонунӣ доштанд, ки ба гуфтаи Анҷумани фароҳамгарони интернет дар кишвар барои рушди ин арса латма ворид кард.

Моҳи ноябри соли гузашта Кумитаи молиёти Тоҷикистон бо ирсоли номае ба ширкатҳои фароҳамгари интернет аз онҳо тақозо карда буд, ки молиёти ғайримустақими седарсадиро аз авоили соли гузашта пардохт кунанд.

Ширкатҳои фароҳамгари интернети Тоҷикистон нахуст аз ин тақозои мақомот ба додгоҳ шикоят буданд. Зеро гуфтанд, ки қонуни молиёт ин навъи молиётро танҳо шомили фароҳамгарони телефунҳои мобилӣ хондааст.

Аммо Кумитаи молиёт фароҳамгарони интернетиро низ шомили ин муқаррарот кард.

Дар ниҳоят, ширкатҳои фароҳамсози хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон аз моҳи июни соли ҷорӣ ба пардохтани молиёти “ғайримустақими седарсадӣ” оғоз карданд.

Масъулони Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон ин амрро “шикасти ширкатҳои фароҳамсози интернет дар кишвар” унвон карданд.

Аммо гузориши Кумиссюни Паҳнбонди СММ ба давлатҳои кишварҳои дар ҳоли рушд тавсия додааст, ки молиёти хадамот ва воридоти таҷҳизоти электруниро коҳиш бидиҳанд.

Бино ба пажуҳиши онҳо ин амр метавонад, ба афзоиши қобили мулоҳиза дар истифодаи интернет дар кишварҳо мунҷар шавад.

Ин гузориш ба унвони мисол аз Шри Ланка ёд мекунад ва ишора мекунад, ки пас аз коҳиши молиёти хадамот ва воридоти таҷҳизоти электрунӣ дар ин кишвар теъдоди истифодабарандагони интернетиро дар зарфи 18 смоҳ аз 3.5 милюн ба 13 милюн афзоиш додааст.

Ин кумиссюн мегӯяд, ки нақши тавсеъаи истифодаи интернет дар беҳбуди зиндагии мардумони кишварҳои дар ҳоли рушд қобили мулоҳиза аст.

Дар гузориш мехонем: “Интернети паҳнбонд ба зиндагии мардумони кишварҳои ҷаҳон аз роҳи беҳдошти мобилӣ, омӯзиш аз роҳи дур, таҳсили мобилӣ ва пардохтҳои мобилӣ беҳбуд мебахшад.”

Ин гузориш ҳамчунин таъкид кардааст, ки тавсеъаи интернет барои беҳбуди зиндагии занон, афзудани навовариҳо ва касби малакаҳои тоза кумак мекунад.

Бо ин ҳама қимати истифода аз интернет дар Тоҷикистон нисбат ба соири кишварҳои ҳамсуд болотар аст.

Ба гуфтаи соҳибназарон, коҳиши нархи интернет танҳо бо коҳиши анвоъи молиёт ва афзоиши теъдоди корбарон имконпазир будааст.

Омори расмӣ дар бораи теъдоди истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон зиддунақиз будааст. Аммо тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон дар соли 2010 теъдоди корбарони шабакаи интернет дар ин кишвар 850 ҳазор нафар будааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120926_sq_internet.shtml

Оғози амалиёти “100 рӯз барои озодии Тоҷнет”

[b]Раҳбарони ниҳодҳои журналистӣ ва расонаҳои Тоҷикистон аз тариқи “Facebook” амалиёти “100 рӯз барои озодии Тоҷнет”-ро роҳандозӣ кардаанд.[/b]

Дар баёнияи созмондиҳандагон, ҳадаф аз ин амалиёт ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъа ва давлати Тоҷикистон ба масъалаи озодии баён дар Интернет унвон шудааст.

Дар ин баёния омадааст, дар рӯзи 8 сентябри соли ҷорӣ теъдоди сойтҳои масдудшуда дар Тоҷикистон ба 50 адад расида буд. Бештари сойтҳои иттилоотӣ, назири [url=www. news.tj,www.tojnews.org]www. news.tj,www.tojnews.org[/url] бидуни мусаваббаи додгоҳ ва ба таври ғайриқонунӣ масдуд шуданд.

Гуфта мешавад, бахши ироъакунандаи Интернет дар Тоҷикистон мавсум ба “Тоҷнет” ба дастури мақомоти зирабти давлати Тоҷикистон бахше аз сойтҳои иттилоотӣ, ки матолиби интиқодӣ мунташир кардаанд, масдуд кардааст.

Аз ин лиҳоз, созмондиҳандагони амалиёти “100 рӯз барои озодии Тоҷнет” ибрози умедворӣ кардаанд, ки ин иқдом барои боло бурдани сатҳи дониши компютерии мардум, муқобала бо мавориди масдудкунии ғайриқонунии сойтҳо ва ташаккули системи иҷтимоъии масдудсозии қонунии сойтҳо мусоидат хоҳад кард.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/10/121002_mm_internet.shtml

Шомил шудани бандҳои марбут ба «тавҳин ва таҳқир» ба Қонуни маданӣ

[b]Порлумони Тоҷикистон бо тасвиби асноди лозим банди марбут ба тавҳин ва таҳқирро дар Қонуни мадании кишвар ҷой додааст.[/b]

Дар ин замина рӯзи душанбеи 1-уми октябр, ба ду моддаи Қавонин ё Кодеси маъмурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид.

Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, ки пешнависи ин санадро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, гуфт, ки ин амр бо тавсияи Кумиссюни ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид сурат гирифт.

Ӯ гуфт, ки бо ворид шудани бандҳои марбут ба таҳқир ва тавҳин ба Қавонин ё Кодекси маъмурии Тоҷикистон, тарафҳои мавриди баҳс метавонанд қазоёъи аз ин навъро дар сурати лозим тавассути нашри раддия ва ё пардохти ҷарима анҷом бидиҳанд.

Дар як соли ахир қазияҳои марбут ба таҳқир ва тавҳин дар додгоҳҳои Тоҷикистон афзуда ва ба гуфтаи созмонҳои мудофеъи хабарнигорон ба унвони фишанги фишор ба озодии баён истифода мешудааст.

Зеро шикоёти марбут ба таҳқир ва тавҳин дар чорчӯби қонуни кайфарӣ ҳамчун ҷурми сангин муҷозот мешуд.

Барои мисол, Маҳмадюсуф Исмоъилов, дар соли гузашта ба иттиҳоми тавҳин ва таҳқири мақомоти маҳаллӣ 11 моҳ дар боздошт ба сар бурда буд.

Зимнан, дар моҳи майи соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо пешниҳоди Президент Раҳмон бандҳои марбут ба тавҳин ва таҳқир аз Қавонин ё Кодекси ҷинойии ин кишвар лағв гардид.

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон, «Бо бардошта шудани моддаҳои 135 ва 136 аз қонуни ҷиноӣ одамон дигар барои тӯҳмат ва таҳқир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд ва нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ боз намешавад.”

Дар ҳамин ҳол, дар гузорише, ки аз сӯйи Сандуқи иҷтимоъии сиёсати ибтикори шаҳрвандии интернет ва бо мусоидати созмони байналмилалии “Internews network” ва USAID таҳия шудааст, таъкид шудааст, дар Қавонини ҷинойии Тоҷикистон моддаҳои 137 (таҳқири аланӣ ва тӯҳмат ба раиси ҷумҳурӣ) ва 330 (таҳқири масъулони давлатӣ) ҳамчунон боқӣ мондаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/10/121001_sq_mm_media_law.shtml

Парлумон ҳам ба ҷонибдорӣ аз хориҷ кардани моддаҳои 135 ва 136-и КМҶ раъй дод

[b]Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор шуд.[/b]

Тибқи иттилои дафтари матбуотии МН, райиси парлумон дар назди вакилон суханронӣ намуда, аз вакилон даъват кард, ки ба таҳия ва эҷоди қонун ва дигар санадҳо ҷиддӣ машғул шуда, дархост ва пешниҳодҳои интихобккунандагони худро, ки аз мулоқот бо онҳо баромадааст, ба инобат гиранд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз истифодаи ғайриқонунии фонограммаи онҳо» баррасӣ ва қабул шуданд.

Вазири адлия Рустам Менглиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудов зимни суханронии худ роҷеъ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳор доштанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик дар таърихи 20 — уми марти соли 2012 баён гардидааст, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани озодии матбуот, мутобиқ намудани Кодекси мазкур ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Зикр гардид, ки тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, бинобар сабаби аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намудани моддаҳои 135 ва 136, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои тӯҳмат ва таҳқир пешбинӣ менамуданд, зарурати аз моддаи 24 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби оғоз ва пешбурди парвандаҳои айбдоркунии хусусиро муайян менамояд, хориҷ намудани моддаҳои зикргардида ба миён омадааст.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/6491———135—136—-

Бандҳои тӯҳмату таҳқир ба Кодекси шаҳрвандӣ «кӯчиданд»

[b]Бандҳои тӯҳмату таҳқир аз Кодекси мурофиавии Тоҷикистон низ хориҷ шуда, ба Кодекси шаҳрвандӣ интиқол ёфтаанд.[/b]

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, бандҳои марбут ба «тӯҳмат»-у «таҳқир»-ро аз Кодекси мурофиавии Тоҷикистон низ берун кардаанд. Хабарнигори порлумонии Радиои Озодӣ гуфт, ҳамакнун ин моддаҳо расман ба Кодекси шаҳрвандӣ «кӯчонда» шуданд.

Ин тасмим дар ҷаласаи субҳи рӯзи 1-уми октябр, ҷаласаи нахустин пас аз таътили вакилони порлумони Тоҷикистон, гирифта шуд. Аз ин пештар, бандҳои марбут ба «тӯҳмат»-у «таҳқир» аз Кодекси ҷиноии кишвар лағв гардида буд, ки маҳофили журналистӣ аз он ҳимоят карданд.

Ин ҳама ислоҳҳо ба дунболи дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи таҷлил аз 100-умин солгарди матбуоти тоҷик амалӣ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, то ин ду банди баҳсбарнгез бояд ба қонуни шаҳрвандӣ интиқол шаванд.

Аммо иддае ба ин боваранд, ки дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон бандҳои дигаре, ки муҷозот барои таҳқиру тӯҳматро пешбинӣ мекунад, ҳанӯз мавҷуд аст. Аз ҷумла, банди 137-и Кодекси ҷиноӣ муҷозоти то панҷ сол маҳрумият аз озодиро барои таҳқир ва тӯҳмати президенти Тоҷикистон пешбинӣ мекунад. Дар пешниҳоди раисиҷумҳур аз ислоҳи ин банд ҳарфе гуфта нашудааст.

Бо ин ҳама, коршиносон мӯътақиданд, ки лағви ин бандҳо аз қонуни ҷиноӣ ва мурофиавӣ мавридҳои баҳси додгоҳӣ бо хабарнигоронро коҳиш хоҳад дод. Дар ҳоле ки дар гузашта чунин мавридҳо, ки барои нашри матолиби танқидӣ хабарнигорон маҳкум ба зиндон шуда буданд, ҷо доштанд.

Намунаи равшани он ба се соли зиндон ва 35 ҳазор сомонӣ муҷозот шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори минтақаии нашрияи «Нури Зиндагӣ» аст, ки наздик ба як сол дар зиндон ба сар бурда ва гуноҳаш ҳам «таҳқир»- и як масъули додситони ноҳияи Ашт зимни нашри як матлаб буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24724830.html

Ҳамоиши омўзишии Шўрои ВАО дар Панҷакент

[b]Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ). — Дар шаҳри Панҷакент ҳамоиши омўзишии Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши Шўрои ВАО-и Тоҷикистон дар риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» доир гардид.[/b]

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дастгоҳи иҷроияи Шўрои ВАО-и Тоҷикистон хабар доданд. Шоҳида Худойбердиева, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент дар ин нишаст нақши Шўрои воситаҳои ахбори оммаи кишварро дар бобати ба вуҷуд омадани журналистикаи босифат ва риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистон муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО бо таърихи фаъолияти ин ниҳоди худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ ширкаткунандагонро ошно сохта таъкид намуд, ки ҳар шахси манфиатдор метавонад дар сурати вайрон гардидани меъёрҳои ахлоқӣ ба Шӯро бо аризаи хаттӣ муроҷиат кунад.

Дар поёни ҳамоиш ба иштирокчиён китоби «Шарҳи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ» дар Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВАОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.

Источник: http://khovar.tj/society/24400-1202amoishi-omzishii-shroi-vao-dar-pan1207akent.html

Абдуқодири Абдуқаҳҳор раиси ТВ «Пойтахт» таъйин гардид

[b]Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, Абдуқодири Абдуқаҳҳорро ба симмати раиси шабаккаи телевизионии «Пойтахт» пазируфтааст. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар ин мақом Раҳмон Остон, собиқ раиси шабкаи телевизионии «Пойтахт»- ро, ки муддати беш аз даҳ сол раҳбарии онро ба ӯҳда дошт, иваз кард.[/b]

Ин ҳам дар ҳоле, ки Абдуқодирои Абдуқаҳҳор то кунун раиси Радиои Тоҷикистон, мутааллиқ ба Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро бар дӯш дошт.

Таъини Абдуқодирои Абдуқаҳҳор ба симмати раиси шабакаи телевизионии «Пойтахт» дар пайи баргузории озмуне барои дарёфти номзад ба ин мақом, ки муддати як моҳ идома дошт, сурат мегирад. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар миёни 10 нафар аз номзадҳо пирӯз шуда ва аз ин ба баъд раёсати шабакаи телевизионии «Пойтахт» -ро хоҳад дошт. Зимнан, шабакаи телевизионии «Пойтахт» минбари шаҳрдории Душанбе буда, беш аз 15 сол боз фаъол аст. Абдуқодирои Абдуқаҳҳор аз соли 1995 дар вазифаҳои муҳаррир, муовини сармуҳаррири идораи иттилоотии телевизиони Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири идораи «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсии ТВ Тоҷикистон ва аз соли 2006 инҷониб ба ҳайси директори радиои Тоҷикистон кор кардааст. Вай хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, 44 сол дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/news/24724906.html

Семинори сухангӯёни муассисоти давлатӣ ва хабарнигорон дар Душанбе

[b]Дар шаҳри Душанбе барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо миёни сухангӯёни расмии давлатӣ ва рӯзноманигон як семинори омӯзишӣ доир шуд.[/b]

Ин семинори дурӯза бар асоси тарҳи вижаи Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикимстон дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури хориҷа дар маркази иттилоъотии ин вазорат баргузор шудааст.

Созмони мавсум ба Ҳимояти Байналмилалӣ аз Расонаҳо (International media support) ҳазинаи ин тарҳро пардохтааст. Дар ин нишаст раҳбарони бархе аз расонаҳои давлатӣ ва мустиқилли Тоҷикистон низ ширкат кардаанд.

Дар ин семинори омӯзишӣ беш аз 30 корманди дафотири матбӯъотии вазоратхонаҳо ва кумитаҳои давлатӣ роҳҳои беҳтар кардани ҳамкориҳо бо расонаҳо барои ироаи иттилоъоти саҳеҳ ба рӯзноманигоронро омӯхтаанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил, рӯзи ҷумъаи 28 сентябр дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар рӯзи дуввуми ин ҳамоиш, ҳуқуқшиносон ва масъулони бархе аз расонаҳо пешниҳодҳои мушаххасеро барои беҳбуди ҳамкориҳои мақомот бо расонаҳо дар заминаи дарёфти иттилоъоти дақиқ ироа кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар меҳвари барномаи омӯзишии ин семинор тақвияти ҳамкориҳо бо расонаҳо ва таҳлили шароити ҳуқуқӣ ва ахлоқии дастрасӣ ба иттилоъот қарор дошт.

Оқои Қаршибоев гуфт: «Дар семинори омӯзишӣ ҳам кормандони собиқадор ва ҳам ҷавонони муассисаҳои давлатӣ ширкат доштанд. Яке дигар аз аҳдофи баргузории ин нишаст, омӯзиши низоми ваколатдор кардан ва низоми кор бо расонаҳои хабарӣ ба ширкаткунандагон буд, ки дар оянда онҳо тавонанд дар ниҳодҳои хеш ин таҷрубаро роҳандозӣ кунанд.»

Дар ҳоле ки бисёре аз рӯзноманигорон ва масъулони расонаҳои мутақил аз мушкилоти дарёфти иттилоъоти дақиқ аз ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон шикоят мекунанд, оқои Қаршибоев гуфт, ки дар нишасти дурӯзаи омӯзишӣ намояндагони ин ниҳодҳо низ ширкат доштанд.

Вай афзуд, ки бавижа ду ҳодисаи ахир дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳаводиси Бадахшон дар моҳи июл ва оташсӯзии бозори «Корвон» дар аввали моҳи сентябр ҳокӣ аз он буд, ки мушкилоти дастрасӣ ба иттилоъот, бахусус аз муассисаҳои давлатӣ вуҷуд дошт.

Бисёре аз соҳибназарон ин давраи омӯзишӣ барои сухангӯёни дафотири матбӯъотии ниҳодҳои давлатиро барои ҳамкориҳои ояндаи онҳо бо хабарнигорон муфид арзёбӣ мекунанд.

Аммо иддае аз ҳуқуқдонҳо бо ишора ба ҳаводиси бархӯрди номатлуби кормандони интизомӣ ва амниятӣ бо хабарнигорон, мегӯянд, ки як давраи омӯзишии ҷудогона барои кормандони амниятӣ ва пулис барои эҳтиром ба озодии баён кумак мекунад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/09/120928_zkh_massmedia_official_information.shtml

БА КОТИБОНИ МАТБУОТӣ ҲАМКОРӣ БО ВАО-РО ОМӯХТАНД

[b]Тайи ду рӯз аст, ки дар Душанбе маҳфили омӯзишӣ барои котибони матбуоти мақомоти давлатӣ идома дорад.[/b]

Нуриддин Қаршибоев, раиси Ассотсиатсияи миллии расонаҳои хабарии мустақил, аз ҷумлаи созмондиҳандагони маҳфили мазкур, баён дошт, ки беҳтар намудани дастрасии Васоити ахбори умум ба манбаъҳои расмии иттилоот ва рушди ҳамкории самарабахши марказҳои матбуотии сохторҳои ҳукуматӣ ва ВАО аз ҳадафи аслии ин тадбири таълимӣ аст.

Давлат Назрӣ, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва банақшагирии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, тарзи ба қайд гирифтани воситаҳои ахбори хориҷӣ ва дастёбии онҳо ба иттилоотро ба ҳозирон фаҳмонд. Ӯ гуфт, воситаҳои ахбори миллӣ бояд кормандони хосаи худро дар назди ин ё он вазорат ба қайд гиранд ва ҳамкориро вусъат бахшанд.

Ҳолатҳое мешавад, ки барои як хабар аз як идора ду-се нафар муроҷиат мекунанд, котиби матбуот намедонад, ки кадоме аз онҳо хабарнигор ҳастанд.

Яъне ба сатҳи ҳирфаӣ ба роҳ мондани фаъолияти маркази матбуот ва ВАО зарур ва имконпазир аст,- гуфт Давлат Назрӣ.

Источник: http://tojnews.org/node/4272
http://orxwu3tfo5zs433sm4.cameleo.ru/2jmj7l5rSw0yVb-vlWAYkK-YBwk=bm9k

Телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон рақобатпазир нестанд

[b]Сохтор, мизони маблағгузорӣ ва тарзи ироаи хабар дар шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон шабеҳи даврони шӯравии пешин аст.[/b]

Дар маҳфили «Ҳамкории иҷтимоъӣ»-и Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар рӯзи панҷшанбеи 27 сентябр, дар бораи сатҳи фаъъолият ва вазъи шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон чунин натиҷагирӣ шуд.

Саймуддин Дӯстов, раиси Сандуқи «ИНДЭМ» ва муассиси нашрияи «Нигоҳ», гуфт, ки шабакаҳои расмии телевизиюни Тоҷикистон рақиб надоранд, аз сӯйи давлат идора мешаванд ва дар пахши хабарҳо мустақил нестанд.

Ба гуфтаи оқои Дӯстов, додани муҷаввиз ба шабакаҳои телевизиюнӣ низ дар инҳисори давлати Тоҷикистон буда ва дарёфти муҷаввизи фаъъолият барои шабакаҳои мустақил душвор аст.

Зимнан, бо вуҷуди муҷаҳҳаз будан бо таҷҳизоти мудерни фаннӣ шабакаи мустақилли телевизиюнии «Asia-Plus» дар муддати чанд сол натавонистааст муҷаввизи фаъъолият дарёфт кунад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=211]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=211[/url]

Источник:

Ещё один сайт на WordPress