Аминҷон Гулмуродзода, корманди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон баъди як соли ҳабс аз зиндон озод шуд.
Аминҷон Гулмуродзода, фарзанди марҳум Пайванди Гулмурод, собиқ устоди факултаи журналистикаи ДМТ бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт моҳи августи соли 2015 барои ду сол маҳбас шуда буд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон Аминҷон Гулмуродзодаро тибқи моддаи 340, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ “сохтакории шиноснома, бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар, ҳамчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ, такроран” муттаҳам мекарданд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат Аминҷон Гулмуродзода аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе боз шуда буд. Аминҷон Гулмуродзода дар бахши русии сомонаи “Фараж” кор мекард.
Қаблан Хуршеди Атовулло, раиси МТЖ гуфта буд, “ҳарчанд мақомоти тафтишоти пешакӣ даъво пеш овардааст, ки шаҳодатномаи таваллуди Гулмуродзода Аминҷон таҳти №208 дар бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуд несту ин рақами қайд ба шаҳрванд И.З. тааллуқ дорад, аммо ҳангоми тадқиқоти журналистӣ исбот шуд, ки қайди акт дар бораи таваллуд таҳти №208 дар асоси маълумотномаи қалбакӣ гирифта шудааст. Зеро дар қайди мазкур гуфта шудааст, ки асос барои он маълумотномаи таваллуд аз Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли 1982 мебошад, аммо роҳбарияти таваллудхонаи мазкур ба дархости Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон чунин ҷавоб дод, ки «Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе бо қарори Кумитаи иҷрояи вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти №240 аз 24 июли соли 1985 таъсис ёфтааст”.
Худи Аминҷон Гулмуродзода дар як тамоси катбӣ ба TojNews гуфт, субҳи имрӯз ӯро аз зиндон озод карданд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/aminchon-gulmurodzoda-az-makhbas-ozod-shud