Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ озмун эълон намудааст, ки ҷоизи ғолиб 500 долларро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, озмун дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон” бо ҳадафи “мусоидат ҷиҳати рушди жанри тадқиқоти журналистӣ ва баланд бардоштани сатҳи таъсирнокии инъикоси мушкилоти асосӣ ва мусоидат намудан барои ҳалли он” доир мегардад.
Хабарнигорони матбуот, радио ва расонаҳои онлайнии Тоҷикистон метавонанд дар озмуни мазкур ширкат варзанд.
“Матолибе дар ин озмун қабул мегарданд, ки аз 1-уми апрели соли 2015 то 31-уми октябри соли 2016 мунташир шуда бошанд. Забони матолиби озмун – тоҷикӣ ва русӣ. Дар ин озмун муаллиф ва ҳаммуаллифон метавонанд, то се матлаби тадқиқотӣ пешниҳод кунанд»,-мегӯянд, аз ин ниҳод.
Ҷамъваст ва маросими супоридани ҷоизаҳо 10 декабри соли 2016, дар Рузи байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
Ҳамин тавр, барои беҳтарин матлаби тадқиқоти журналистӣ 500 доллар, барои ҷойи дуввум 300 доллар ва барои ҷойи саввум 200 доллар тақдим хоҳад гашт.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11865-ozmuni-be-tarin-tad-i-oti-zhurnalist.html