Озмуни Ҳайдар Алиев барои журналистон

Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бахшида ба зодрӯзи арбоби давлатии ин кишвар, пешвои озарбойҷониҳои муосир Ҳайдар Алиев, миёни журналистон озмун эълон мекунад.

Зодрӯзи Ҳайдар Алиев ба 10-уми май рост меояд ва озмун ҳам дар мавзӯи «Ҳайдар Алиев – бунёдгузор ва меъмори Озарбойҷони муосир» дар ҳамин рӯз ҷамъбаст мегардад.

Озмун аз 7-уми апрел то 5-уми май идома меёбад ва дар он ҳамаи хоҳишмандон ширкат кардан метавонанд. Маводҳои муаллифон бояд дар саҳифаи матбуоти даврӣ, ё дар сомонаҳои интернетӣ, нашр шуда бошанд. Ба ғолибон тӯҳфаҳо, аз қабили ноутбук, планшет ва телефони мобилӣ, аз ҷониби сафорати Озарбойҷон тақдим карда мешавад.

Маводҳо дар сафорат бо суроғаи Душанбе, кӯчаи Зафар Нозимов 18 ё бо е-mail:dushanbe@mission.mfa.gov.az«> dushanbe@mission.mfa.gov.az қабул карда мешаванд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13548-ozmuni-ajdar-aliev-baroi-zhurnaliston.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *