Озарахш сармуҳаррири «Паёми Суғд» шуд

Бо қарори Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, аз имрӯз 16 ноябр Толиб Карими Озарахш, шоир ва рӯзноманигори шинохта сармуҳаррири моҳномаи адабӣ ва илмию оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маҷаллаи «Паёми Суғд» таъин гардид.

Толиб Карими Озарахш 13 августи соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиошунавоии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас дар солҳои гуногун дар вазифаҳои корманди шӯъбаи Ленинободии ҷамъияти китоб, директори филиали вилоятии коргоҳи истеҳсолӣ-эҷодии «Союзтеатр»-и шаҳри Ленинобод, муҳаррири телевизиони вилояти Суғд кор кардааст. Аз соли 2002 то ба ҳоло хабарнигори ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» будааст.

Сардабири қаблии ин маҷалла адиб Неъмат Оташ буд, ки 8-уми моҳи равон дар синни 62 солагӣ аз олам даргузашт.

 

http://faraj.tj/news/11469-ozarahsh-sarmu1203arriri-paemi-su1171d-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *