Дар ҷавоби эроди Аваз Юлдошев, вазири фарҳанг Орумбекзода гуфт, ки «ман рузи шанбе раиси Иттифоқи журналистонро мунтазир будам, наомаданд.Вале як гап аст: Агар мехоҳед озод бошед, бояд ғуломи қонун бошед».
Бояд гуфт, ки ба минбари парлумон даъват шудани як рӯзноманигор ва чунин баҳси озод бори аввал дар солҳои охир аст.
Ахиран пас аз баҳсу баррасиҳои зиёд дар парлумони кишвар лоиҳаи ворид кардани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи матбуот» қабул нагардид.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони кишвар дар охир ба хулосае омад, ки лоиҳаи мазкур такмил дода шавад. «Такмили ин лоиҳа таҳти назорати Абдуҷаббори Азиз, муовини аввали раиси парлумони кишвар сурат мегирад». — хабар дод Ҷамила Мирбозхонова аз толори парлумон.
http://faraj.tj/news/12334-orumbekzoda-raisi-ittifo1179i-zhurnalistonro-man-1179abul-kardam.html