Вазъи озодии интернет дар ҷаҳон тайи шаш соли охир бадтар шудааст. Дар ин бора созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ зимни як гузориши худ хабар додааст. Ин Созмон дар 65 кишвари дунё таҳқиқ гузаронида, ба чунин натиҷа расидааст.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқ, бадтарин вазъ дар Чин, Сурия ва Эрон вуҷуд дошта дар рӯйхати кишварҳои дорои «интернети ноозод» 17 давлати дигар, аз ҷумла Миср, Белорус, Қазоқистон, Судон, Русия, Покистон ва Ветнам шомил шудаанд.
Бино ба гузориши созмони мазкур, дар ин кишварҳо асосан танқиди мақомоти маҳаллӣ манъ карда шудааст ва барои нашри матлаб, инчунин писандидани матлабҳои дигарон дар сомонаҳои иҷтимоӣ мумкин аст аз озодӣ маҳрум созанд.
Дар маҷмуъ дар кишварҳои дорои «интернети ноозод» 67 дарсади корбарони интернет зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта ин шумора ба 61 дарсад мерасид.
Дар гузориш омадааст, ки Русия дар соли ҷорӣ 65 холи манфӣ гирифтааст, ки нисбати соли гузашта се хол бештар аст. Сабаби асосии маҳдудсозии интернетро мақомоти Русия «мубориза бо терроризм» арзёбӣ намудаанд, аммо ба гуфтаи Хонаи Озодӣ, Русия матлабҳои дигарро, аз ҷумла изҳори нуқтаи назари мухолифон, нашри матлабҳо дар бораи низоъ бо Украина манъ мекунад.
Ба гуфтаи созмони Хонаи Озодӣ, дар 28 кишвар интернет «қисман озод» аст ва дар 17 давлати дигар сензура амалан мавҷуд нест.
Дар панҷгонаи пешсафони озодиҳои интернет — Эстония, Исландия, Канада, ИМА ва Олмон шомил шудаанд. Гурҷистону Арманистон ҳам дар рӯйхати кишварҳои дорои интернети озод ворид гардиданд.