НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО аз тақдири журналистон дар ташвишанд

Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар пайи як изҳорот аз тақдири Ҳикматулло Сайфуллозода- сармуҳаррири нашрияи «Наҷот», Абдуқаҳҳори Давлат, хатмкардаи факултаи журналистика ва собиқ сармуҳаррири нашрияи ҳизбӣ, Зарафо Раҳмонӣ- масъули нашрияҳои ҳизбии ҲНИТ изҳори нигаронии амиқ кардаанд.

Дар Изҳорот аз ҷумла омадааст:

«Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар робита ба нооромиҳои ахири кишвар, изҳори нигаронӣ менамоянд. Ин ҳодисаҳо боиси маҳдудияти ҳуқуқи конститутсионии шахрвандон дар дастрасиӣ ба иттилоот гардид. Мо ба ин боварем, ки ягон масъаларо бо хунрезиву иқдоми эҳсосоти ҳал кардан имкон надорад. Ҳама мушкилот бояд дар доираи қонун ва бо риояи манфиатхои ҳуқуқу озодихои инсон мавриди барраси карор бигирад. Мутаассифона, норасоии маълумоту ахбори дақиқ аз манбаъхои расми зимни қазияҳои моҳи сентябри соли равон расонаҳои хабарии кишвар ва хориҷиро, ки вазифаашон расонидани маълумоти муътамаду санҷидашуда аст, ба мушкилоти касбӣ дар инъикоси ин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ кард. Дастрасии маҳдуд ба ахбор ба зиёд шудани ҳар гуна овозаҳо мусоидат мекунад. Дар натиҷа ҳам дар нашрияҳои мустаӯил ва ҳам матбуоти расмии давлатӣ матлабҳое паҳн гардиданд, ки ҳодисаҳоро аз ҳад эҳсосотӣ ва якҷониба бозтоб мекунанд. Ин ҳолат масъулияти аслии журналистиро зери шубҳа мебарад.

Илова ба ин, дар паи боздошти фаъолони ҲНИТ дар робита ба ҳодисаҳои ахир, бархе аз ҳамкасбони мо чанд рӯз боз дар боздоштгоҳ қарор доранд. Бино бар иттилооти пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода- сармуҳаррири нашрияи «Наҷот»-и ҲНИТ, Абдуқаҳҳори Давлат, хатмкардаи факултаи журналистика ва собиқ сармуҳаррири нашрияи ҳизбӣ, Зарафо Рахмонӣ- масъули нашрияҳои ҳизбии ҲНИТ тайи рӯзҳои боздошт онҳо дар бораи ҷурми наздиконашон хабаре надоштанд, онҳоро бо адвокат низ таъмин накардаанд. Ҳол он ки тибқи изҳороти Прокуратураи генералӣ боздоштшудагон ба ҷурми даст доштан дар нооромиҳои охири кишвар гумонбар дониста мешаванд.Ҷомеаи Точикистон то имрӯз дар бораи иттиҳомоти фавқуззикр маълумоти дақиқ надоранд ва то кадом андоза асоси конунӣ доштани онҳоро намедонанд.

Аз ҳамин хотир, мо аз Ҳукумати Тоҷикистон, масъулини ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амниятӣ, ки ба баррасии ин қазияҳо машғуланд, дархост дорем, ки тафтишоти пешакиро бо шаффофияти том ва пешниҳоди маълумоти саривақтӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ба роҳ монанд. Дар ҷараёни таҳқиқот аз ҳама гуна манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ ва пешдовариҳо сарфи назар бояд кард. Мо мутмаинем, ки ҳимояи ҳуқуқи инсон ва озодии баёну андеша — шарт ва кафолати пешрафти дилхох давлатест, ки худро демокративу ҳуқуқбунёд унвон мекунад».

 

http://faraj.tj/news/10874-nansmit-va-sh1263roi-vao-az-ta1179diri-zhurnaliston-dar-tashvishand.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *