Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд шуд

Хадамоти матбуотии вилояти Суғд хабар медиҳад, ки Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъин гардидааст.

13-уми март бо иштироки муовини якуми раиси вилоят Рустам Раҳматзода ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шамсиддинзода дар Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд маросими муаррифии роҳбари нави идора баргузор шуд.

Бо фармони раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Саъдуллозода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод гардида, ба ҷои ӯ Мунира Раҳимова сардори Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд таъин гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Хуҷанд телевизиони нави маҳаллӣ бо номи “7 ситора” ба фаъолият оғоз кард. Директори телевизиони навтаъсиси “7 ситора” Маҳмудҷон Абдуллоев изҳор доштааст, ки телевизиони  навтаъсис 20 нафарро бо ҷои корӣ таъмин намудаст, ки аксарияти ононро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ин иқдом як армуғони хубе ба “Соли ҷавонон” маҳсуб меёбад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13329-munira-ra-imova-sardori-idorai-televizion-va-radioi-viloyati-su-d-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *