Мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо Дуня Миятович

Вазири корҳои хориҷи Тоҷикистон намояндаи САҲА оид ба озодии расонаҳоро ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 19-уми ноябри соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба озодии ВАО хонум Дуня Миятович, ки бо мақсади ширкат дар 17-ум конфронси Осиёи Марказӣ оид ба ВАО дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА, аз ҷумла бо Дафтари он созмон оид ба озодии ВАО мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Мубодилаи афкор атрофи раванди татбиқи лоиҳаи пахши рақамӣ дар Тоҷикистон, чораҳои Ҳукумати кишвар дар ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар масъалаҳои ВАО ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифт.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/mulokoti-sirochiddin-aslov-bo-dunya-miyatovich

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *