Дар анҷумани навбатии Медиа-Алянси Тоҷикистон, директори тиҷоратии рӯзномаи «Имрӯз Нюс» Муин Оламов котиби генералии ин созмон интихоб шуд.
Дар анҷуман сарвари вақти ин созмон Гулнора Амиршоева баромад карда, роҷеъ ба фаъолияти яксолаи МАТ ҳисобот дод. Баъди баҳсу баррасӣ иштирокчиёни анҷуман фаъолияти ӯро қаноатбахш ҳисобиданд.
Ҳамчунин, ба аъзоёни Шӯрои назоратии МАТ се нафар – Муҳайё Нозимова, Бахтиёр Мӯсоев, Зинатулло Исмоилов интихоб гардиданд. Ёдовар мешавем, ки Муин Оламов ҳафтумин котиби генералии ин созмон аст.
Дар гузашта Зафар Абдуллоев, Лидия Исамова, Вера Кулакова, Зебо Тоҷибоева, Хуршеди Атовулло, Гулнора Амиршоева ба ин созмон сарварӣ кардаанд.