Мо ВАО-и хушалоқро интихоб менамоем!

Шўрои ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонони эҷодкор дар мавзўи худтанзимкунии матбуот, ҳамчун як қисми фаъолияти тўлонӣ  бо аудиторияи ВАО бо мақсади тағйир додани муносибати онҳо ба масъалаи худтанзимкунии ВАО дар Тоҷикистон озмуни иншо (эссе) эълон менамояд.

Дастовардҳои худтанзимкунии матбуот аз муносибати муштариён ба маводи интишории ВАО вобаста аст. Агар хонанда, шунаванда ё тамошобин ба сифати маводи журналистӣ  бетарафона муносибат накунад ва аз ВАО риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбиро талаб намояд, он ба такмили худтанзимкунии матбуот мусоидат менамоянд.

Озмун таҳти шиори умумии «Мо ВАО-и хушалоқро интихоб менамоем!» баргузор мегардад. Тамоми мавод бояд дар доираи мавзўи худтанзимкунии ВАО омода гарданд:

— барои чӣ  барои ВАО худтанзимкунӣ  муҳим аст?

— Шумо Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро чигуна мефаҳмед?

— Шумо ВАО-и хушахлоқ ва бадахлоқро чигуна қабул доред?

Ҳаҷми мавод ба озмун бояд аз 3000 аломат зиёд набошад.

Иштирокчиён: донишҷўёни курсҳои болоии факултаҳои (шуъбаҳо) журналистӣ  ва журналистони ҷавони то 30-сола.

Мақсади озмун: ширкати ҳавасмандонаи 100 ҷавон ба омўзиш, татбиқ ва тавсеаи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ  дар Тоҷикистон.

Натиҷахои дилҳоҳ: интишори на камтар аз 50 эссе дар ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ  ва саҳифаҳои созмонҳои расонаӣ  дар Интернет дар бораи зарурати риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ  ва ВАО дар Тоҷикистон ва мақоми онон дар баланд бардоштани сифати журнализм дар кишвар.

Мўҳлат: ҳамаи мавод (интишоршуда ва дастнависхо) бояд то 30 ноябри соли 2015 ба пости электронии: tajmediacouncil@gmail.com ирсол дода шавад.

Ғолибони озмун бо дипломҳо ва мукофотхои пурарзиши Шўрои ВАО қадрдонӣ  мегарданд.

 

 

http://odob.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=529%3A2015-11-16-15-37-21&catid=1%3A2011-11-19-11-50-21&Itemid=89&lang=tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *