Имрӯз, зимни Маҷлиси намоядагони мардумии ноҳияи Ҳисор, мактаби №25 –и деҳаи Мортеппаи ҳамин ноҳия ба номи Акбари Саттор гузошта шудааст.
Деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор зодгоҳи собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Акбари Саттор мебошад.
Ёдовар мешавем, ки зимни як ҳамоиш ба хотири ёбуди марҳум Акбари Саттор иттиҳодияҳои журналистии тоҷик пешниҳод карда буданд, ки мактаби деҳа ба номи марҳум номгузорӣ карда шавад.
Ҳамчунин пешниҳод шуда буд, ки деҳаи Мореппаро ба «Акбаробод» табдили ном намоянд. Дар назар аст, ки инчунин як кӯчае дар ноҳияи Ҳисор ба номи Акбари Саттор гузошта шавад.
Акбари Саттор, раиси Иттиофқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 28 август дар синни 50 аз олам чашм пӯшид. Акбари Саттор соҳиби 5 фарзанд буд. Иттиҳодияи эҷодии «Чархи гардун» — и Акбари Саттор бар иловаи ин ду нашрия ҳамчунин ҳафтаномаҳои «Вечерний Душанбе», «Аладдин» ва «Марду зан» — ро фаро мегирифт.
http://faraj.tj/news/11067-maktabe-ba-nomi-akbari-sattor-dar-1202isor.html