Маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» 90-сола шуд

Имрӯз дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши матбуоти соҳавӣ дар замони истиқлол» баргузор гашт, ки он дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 90-солагии маҷаллаи «маърифати омӯзгор» ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин чорабинӣ масъалаҳои «Нақши матбуоти соҳавӣ дар замони истиқлол» (маърӯзакунанда М. Муродӣ, устоди ДМТ), «Муносибат ба забон дар матбуоти соҳавӣ» (маърӯзакунанда Б.Камолиддинов, устоди ДМТ) ва «Рӯнамоии китоби «Пайкори афкор»-и Саида Набиева (Саидаи Фазл», сардабири маҷаллаи «Маърифати омӯзгор», маърӯзакунанда А. Кучаров, устоди ДМТ) баррасӣ карда мешаванд.

Тавре зимни баргузории ин чорабинӣ устод Шодӣ Раҷабзод, корманди ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар суҳбат бо Faraj.tj гуфт, маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» аввалин нашрияи соҳаи маориф буда, аслан соли 1927 бо номи «Роҳбари дониш» манзури хонандагон гардида буд.

-Аввалҳо дар Самарқанду Тошканд ба табъ мерасид, баъдан соли 1928 ба шаҳри Душанбе кӯчид ва соли 1931 ба ду маҷаллаи маърифатию фарҳангӣ- «Инқилоби маданӣ» (баътар «Револютсияи маданӣ») ва «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (ҳоло «Садои шарқ») тақсим шуд. Аз соли 1938 то соли 1991 маҷалла бо номи «Мактаби советӣ», аз соли 1992 то соли 2006 бо номи «Маърифат» нашр мешуд. Аз соли 2006 инҷониб «Маърифати омӯзгор» номгузорӣ шуд,- мегӯяд устод Шодӣ Раҷабзод.

Намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ёдовар мешаванд, ки теъдоди нашри маҷалла дар солҳои 80-ум аз 30 000 гузашта буд. Бо таъсири кашмакашҳои ҷанги шаҳрвандии аввалҳои солҳои 90-ум 27 800 адад ва баъдан тадриҷан нашраш коҳиш ёфта, ба 700 адад расид.

Соли 2012-ум ин рақам ба 2000, баъдан ба 5000 расида, соли 2016 бо дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар зиёда аз 5800 муштариро ба худ ҷалб намуд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12500-ma-allai-ma-rifati-om-zgor-90-sola-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *