Кумитаи забон: Соли 2017 татбиқи Қонунро дар 15 студия месанҷем

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, забони тарҷумаи филми туркии «Муллои замонавӣ» ва филми тасвирии «Паҳлавон ва бузбала» соли гузашта аз ҷониби комиссияи махсуси ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радио ва Муассисаи давлатиии «Тоҷикфилм» мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифта, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда шудааст.

Номбурда гуфт, дар оғоз ва як қисмати ин филм ба меъёри забони давлатӣ ҷавобгӯ аст, вале баъдан ҳангоме, ки муоширати байни қаҳрамонҳо меравад, мутаассифона, меъёри забони давлатӣ сахт поймол мегардад.

-Гӯяндагон аз доираи савтиёт ва меъёри забони адабии тоҷикӣ берун мераванд ва кушиш мекунанд, ки забони филмҳо ба забони маҳал, ба забони лаҳҷае, ки Тоҷикистон аз он хеле бой аст, омехта гардад. Албатта, мо ифтихор мекунем, ки дар Тоҷикистони азизи мо лаҳҷаҳо хеле зиёданд ва онҳо хазинаи тиллоии миллатанд, вале мутаассифона, намешавад меъёри забони адабии тоҷикиро поймол намуда, филмро бо забони лаҳҷа таҳия кард,-мегӯяд Гавҳар Шарофзода.

Ҳамчунин, ба қавли роҳбарияти ин ниҳод, назорати иҷрои Қонун «Дар бораи забони давлатии ҶТ» дар фаъолияти Муассисаи давлатии телевизиони «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Пойтахт», радиоҳои «Ватан», «Ховар», «Тоҷикистон», «Садои Душанбе», «Имрӯз» ва ғайра аз ҷониби мутахассисони Кумита ба роҳ монда шудааст.

Роҳбарияти Кумита мегӯянд, дар давоми соли 2016 74 барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба риояи меъёри забони адабӣ бо иштироки кормандони Кумита таҳия ва пахш гардидааст, ки барномаҳои «Санъати сухан», «Тафсири ном», дар шабакаи Тоҷикистон ва «Асолат» дар телевизиони «Сафина» аз ҷумлаи онҳоянд.

Тибқи маълумоти кормандони Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар, бо мақсади риоя гардидани Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва шакли дурусти истифода ва навишти калимаҳо дар ҳамкорӣ бо Идораи барномаи «Субҳ»-и Телевизиони «Тоҷикистон» саҳифаи вожаҳои дуруст ва нодурустро таҳия ва пешниҳод намудаанд. Он дар ҳар барнома мунтазам бо теъдоди 10 калима (дар шакли ғалат ва дуруст) пахш гардида, бештар аз 360 вожа манзури тамошобинон шудааст.

Ба гуфтаи Гавҳар Шарофзода, рӯзҳои наздик тибқи нақша дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти прокуратура ва дигар мақомотҳои дахлдор фаъолияти студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалии ҶДММ «Тоҷик диёр», «Саноӣ синема», «Нурангез», «Адам», «Суҳайл синамо», «Абдулло -медиа», «Ҳамсадо», Студияи «Амирӣ-медиа», «Фаридун», «Муҳаммад», «Суғдвидео», «Дарвозфилм», Студияи аудиовизуалии «Истиқлол», Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» ва Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов санҷида мешавад.

Аз ҷониби комиссияи махсуси Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтани забони тарҷумаи филми «Муллои замонавӣ» ва барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод гардидани он дар ҳолест, ки то кунун метавон садои баланду дағали бо лаҳҷа тарҷумашудаи филми «Муллои замонавӣ» ва инчунин, дигар филмҳои туркиро дар дӯконҳои дискфурӯшии шаҳри Душанбе шунид ва озодона онро харидорӣ намуд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13002-kumitai-zabon-soli-2017-tatbi-i-onunro-dar-15-studiya-mesan-em.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *