Кӯчае ба номи Акбари Саттор дар пойтахт

Имрӯз, 8 — уми сентбяри дар толори Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои Шарқи Озод ҳамоиши ҳамраъйии журналистон барои поси хотири Акбари Саттор, раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар маҳфил Созмонҳои журналистии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки дар шаҳри Душанбе як кӯча ба номи Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон номгузорӣ шавад.

Дар ин ҳамоиш тамоми сармуҳарирори рӯзномаву маҷалаҳо, масъулони давлатӣ, адибону шоирон ва намояндаҳои созмонҳои иҷтимоӣ иштирок доранд.

Баргузории маҳфили мазкурро Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, созмонҳои рӯзноманигории «Медиа-Алянс», Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Шӯрои ВАО ба зимма доранд. Маҳфили ёдбуди марҳум Акбари Саттор, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мегардад, ки имрӯз 8 сентябр дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон таҷлил мегардад.

Акбари Саттор, раиси Иттиофқи журналистони Тоҷикистон рӯзи 28 август дар синни 50 аз олам чашм пӯшид. Акбари Саттор соҳиби 5 фарзанд буд. Иттиҳодияи эҷодии «Чархи гардун» — и Акбари Саттор бар иловаи ин ду нашрия ҳамчунин ҳафтаномаҳои «Вечерний Душанбе», «Аладдин» ва «Марду зан» — ро фаро мегирифт.

 

http://faraj.tj/news/10705-k1263chae-ba-nomi-akbari-sattor-dar-poytaht.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *