IWPR ба рӯзноманигорони тоҷик стандартҳои байналмилалии инъикоси масоили ифротгароӣ ва озодиҳои диниро меомӯзад

Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон аз эълони озмун барои иштирок дар давраҳои омӯзишии 4-рӯза барои хабарнигорони кишвар хабар медиҳад.

Мубтакирони ин тренингҳо ба “Озодагон” гуфтанд, давраҳои бозомӯзӣ дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” сурат мегирад:“Тренингҳо таҳти унвони “Стандартҳои байналхалқии инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа гузаронда мешаванд”.

Манбаъ мегӯяд, дар ин давраҳо хабарнигорони ВАО-и мустақил ва ҳукуматӣ, ки ҳозиранд, пас аз омӯзиш ва гирифтани ёрии техникӣ, дар мавзӯъҳои зикршуда маводи таҳлилӣ, мултимедиявӣ интишор намоянд, метавонанд иштирок намоянд: “Ба иштирокчиён тарзи инъикоси масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон, озодиҳои динӣ тибқи стандартҳои байналхалқӣ омӯзонда мешавад. Инчунин онҳо тарзи таҳияи маводи мултимедӣ бо истифода аз таҷҳизоти техникӣ (планшет)-ро меомӯзанд ва имкон пайдо мекунанд, ки дар озмуни ҳарсолаи IWPR оид ба инъикоси беҳтарини мавзӯҳои ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ ширкат варзида, соҳиби яке аз 6 мукофоти моливу пулӣ гарданд”.

Иштирокдорони тренингҳо дар асоси озмун муайян мегарданд. Хоҳишмандонро зарур аст, дархост барои иштирок дар озмунро ба нишонии электронии дафтари IWPR дар Тоҷикистон iwpr.tajikistan@iwpr.net ирсол намоянд: “Муҳлати охири қабули дархостҳо: соати 17:00, рузи душанбе, 31.10.2016”.

Шакли дархостро аз ин ҷо боргирӣ кунед.

http://www.ozodagon.tj/28122-iwpr-ba-rznomanigoroni-toik-standartoi-baynalmilalii-inikosi-masoili-ifrotgaro-va-ozodioi-diniro-meomzad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *