ИСТИҚЛОЛ ВА ОЗОДИИ МАТБУОТ

Дар таърихи журналистикаи тоҷик системаи ахбори оммавии аз нигоҳи тааллуқоти молӣ ва сиёсӣ, дараҷаи мақоми расмӣ, ҷамъиятӣ, ҳизбӣ, шахсӣ гуногун, ки ҳар кадом хислати ба худ хос дорад ва ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ҳамдигар тобеъ нест танҳо дар замони истиқлолият ба вуҷуд омад, ки нишони демократия ва гуногунфикриву гуногунандешӣ аст. Дар давраҳои собиқи инкишофи журналистикаи тоҷик чунин система вуҷуд надошт, балки барои давраи аввал хусусияти шахсию хусусӣ ва дар марҳилаи дуюм хислати ҳизбӣ асосан хос буд.
Яъне, бешак, метавон гуфт, ки матбуоти даврии тоҷик вазифаҳои худро дар замони истиқлол ба талаботи рӯҳи сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа мувофиқ кунонидааст.
Дар ин марҳила на танҳо матбуоти даврӣ, балки воситаҳои электронии ахбор низ рушд кард, радио ва телевизионҳои мустақил ба вуҷуд омаданд. Дар баробари нашрияҳои расмиву ҳукуматӣ матбуоти хусусиву тиҷоратӣ пурқувват гардид, бозори иттилоот ба вуҷуд омад, воситаҳои ахбори омма бо техника ва технологияи инноватсионӣ тадриҷан таъмин гардиданд, сифати нашрияҳо беҳтар шуд, дар фазои иттилоотӣ рақобати касбӣ  ба вуҷуд омад, ки зери «фишори» он баъзе нашрияҳо майдони матбуотро тарк намуданд.
Имрӯз дар Тоҷикистон типҳои гуногуни матбуоти даврӣ: ҳукумативу ғайриҳукуматӣ, соҳавию иттиҳодиявӣ, вилоятиву ноҳиявӣ, хусусиву тиҷоратӣ, маънавию фароғатӣ, ҳизбиву ҷамъиятӣ ва амсоли ин нашр мешаванд. Гуногунтипии матбуот агар, аз як тараф, ба талаботи ҷомеа ва ҳолати қабули аудитория мувофиқ шудани мундариҷаи нашрияҳоро фаҳмонад, аз сӯи дигар, нишони тамоми соҳа ва мавзӯоти ҳаёти иҷтимоиро фаро гирифтани он аст.
Дар замони истиқлол матбуоти даврӣ аз ҷиҳати фосилаи чоп, сатҳи пахшу интишор, доманаи мавзӯот, шаклу шеваи нигориш, тарзи муносибат ба воқеиёти иҷтимоӣ тадриҷан  пеш рафт. Имрӯз нашрияи расмии кишвар “Ҷумҳурият”воқеан ба талаботи рӯзнома ҳаматарафа мувофиқ гардидааст. Ин нашрия ҳам аз ҷиҳати фосилаи чоп, ҳам аз ҷиҳати мундариҷаву муҳтаво ва ҳам шаклу ороиш ҷавобгӯи талаботи рӯзнома мебошад. Алҳол он ҳафтае панҷ маротиба интишор мешавад ва имкон дорад, ки аз як тараф, муҳимтарин рӯйдод ва ҳаводиси рӯзро дар гармогармиаш фаро гирад, аз ҷониби дигар, талаботи хонандагонро ҷиҳати инъикоси масъалаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар қонеъ гардонад. Ҳамчунин дар инъикоси ин ва амсоли ин масъалаҳо нафарони касбу кори гуногун — рӯзноманигорону публитсистон, сиёсатмадору ҷомеашиносон, олимону муҳаққиқон, адибону омӯзгорон, коршиносону масъулини мақомоти давлатӣ ва намояндагони соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа саҳм мегузоранд. Чунин усули фаъолият ҳам барои нашрия ва ҳам барои хонандагони он аз чанд ҷиҳат манфиатбор шудааст. Аввалан, доманаи мавзӯоти рӯзнома васеътару рангинтар гардида, ба ҳолати қабули аудиторияи умумӣ мувофиқ шудааст. Баъдан, инъикоси воқеияти рӯз ва баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ аз диду назари гуногун ва фарогирии ҷанбаҳои мухталиф сурат гирифтааст. Солисан, мундариҷаи нашрия аз ҷиҳати шакли жанрӣ рангоранг ва нисбатан ҷаззобу ҷолиб шудааст. Ниҳоятан, муносибат ба мавзӯву масъалаҳои инъикосшуда то андозае демократӣ гардида оммавияти рӯзнома вусъат пайдо кардааст.
Ин хусусиятро дар нашрияҳои дигар, ба хусус матбуоти мустақил низ мушоҳида мекунем. Ин типи нашрияҳо дар интихоби мавзӯъ ва муносибат ба он шеваи ба худ хос доранд, бештар мавзӯъ ва масъалаҳои муҳими аҳамияти умумииҷтимоӣ ва умумимиллӣ доштаро матраҳ менамоянд, дар ифшои камбудиҳо ва собит сохтани онҳо боҷуръатона сухан меронанд, дар баррасии қазияҳои байналхалқӣ манфиатҳои миллиро дар мадди аввал мегузоранд. Онҳо дар инъикоси раванди ҳаёти иҷтимоии муосир ва муваффақияту камбудиҳои он ошкоро ва холисона муносибат менамоянд, ки омили хуб аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» барҳақ таъкид намуд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Воқеан, дар ҷомеаи имрӯз, ки ғояи ваҳдатсозӣ, муттаҳидӣ, якмаромиву якмаслакӣ рӯҳияи тоза пайдо кардааст, рисолати ВАО, минҷумла матбуоти давриро дар ин раванд боз ҳам бештар мегардонад. ВАО — ро мебояд ин ғояро маслаки асоси худ қарор диҳад ва дар фаҳми моҳият ва манфиати он ба мардум, хоса ҷавонон ёрӣ расонад. Ин имконро матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма доранд, зеро дар онҳо ҳам минбар, ҳам неруи эҷодӣ ва ҳам шароит муҳайёст. Танҳо рӯҳияи худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва иродаи қавӣ мебояд.

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=26149

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *