Иштибоҳи “Озодӣ”

Ҷавононе, ки ба дафтари САҲА барои эътироз рафтанд, аз гуруҳи «Авангард» набуданд.

 Дар шаҳри Варшаваи кишвари Лаҳистон (Полша) ҷаласаи ҳуқуқи башари Созмони амнияти ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) идома дорад.

Дар ҷаласаи мазкур намояндаҳои ташкилотҳои гуногун оид ба ченаки ҳуқуқи инсонӣ аз кишварҳои гуногуни дунё ширкат доранд.

Тавре ки дар рафти ҷаласаи мазкур мушоҳида намудем, як гурӯҳ, аниқтараш «Гуруҳи 24» ва аъзоёни собиқ ХНИТ, ки ҷинояткор ва афроди иғвоангез буданашон бо талаботи қонунгузории Тоҷикистон исбот шудааст, бо маслиҳати пешакӣ бо масъулини САҲА вориди толори ҷаласа гаштанд.

Онҳо аз ин фурсат истифода намуда ғаразҳои сиёсӣ ва кинаву адовати шахсии худро нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон изҳор доштанд. Ашхоси дассисакор ва носипосони иғвоангез барои исботи афкор ва андешаҳои ботили худ талош намуданд, ки бо забони ингилисӣ ҳарф бизананд.

Муаммои сарбаста он аст, ки масъулини САҲА дар кишвари Лаҳистон (Полша) гуруҳҳои террористӣ — экстримистӣ ва дар ҷустуҷӯи полиси байналмилалӣ будаи Тоҷикистонро дидаву дониста ва ба мақсади эҷод намудани шуру валвалаи сиёсӣ нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон вориди толори ҷаласа намуданд.

Оё масъулини САҲА метавониста бошанд, ки ашхоси ҷинояткор ва экстремисти давлатҳои ИМА, Олмон, Фаронса, Англия ва Россияро низ вориди чунин ҷаласаҳои байналмилалӣ намуда, фикру андешаи онҳоро ба инобат гиранд?

Мо  ҷавонони Тоҷикистон аз рафтор ва кирдорҳои ноҷавонмардонаи афроди иғвоангез, ки онҳо бо кӯмаки бевоситаи намояндагони САҲА вориди толор гаштаанд, хомӯш истода наметавонем. Аз ин лиҳоз, мо ҷавонони Тоҷикистон, дассиса ва фитнаангезии гуруҳҳои иғвоангезро, ки дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва эҳтирому иззати Ҳукумати Тоҷикистонро таҳти суол бурданӣ мешаванд, маҳкум менамоем.

Ба ҳамин хотир, мо  ҷавонони тоҷик аз қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон дастҷамъона, ба назди намояндагии дафтари кории САҲА дар шаҳри Душанбе бо муроҷиатнома рафта, бо масъулини ин ниҳоди байналмилалӣ сӯҳбат намудем (аниқтараш, и.в. вазифаи дафтари САҲА Фабио Пиана).

Дар ин замина иғвоангезии ашхоси ҷинояткорро, ки дар ҷаласаи бузурги САҲА иштирок доранд, маҳкум намудем ва изҳор доштем, ки ин гуруҳҳои иғвоангез ҳуқуқи маънавӣ надоранд аз номи мардуми Тоҷикистон суханронӣ намоянд ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба мақсади муайян ва ҳадафҳои ғаразнок бадном созанд.

Ҳамзамон аз намояндагии САҲА дар Тоҷикистон талаб намудем, ки дар сурати хориҷ ва таслим накардани ашхоси ҷинояткор ва иғвоангез, мо омода ҳастем, ки дар назди биноҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар, ки муқими Тоҷикистон мебошанд, раҳпаймоӣ ва эътирози сиёсӣ намоем.

Аз ҷониби дигар аламовар он аст, ки шабакаи хабарии «Озоди.tj» шарм накарда, масъалаи матраҳ гардидаро якҷониба ва ғаразнок дар фазои иттилоотии байналмилалӣ инъикос намудааст. Гуё ба дафтари САҲА гуруҳи «Авангард» муроҷиат карда бошад.

Дар ҳоле, ки мо ҷавонон аз қишрҳои мухталифи ҷомеъаи Тоҷикистон ҷамъ омада, бар алайҳи иғвоангезони ҷинояткор муроҷиат ва этирози сиёсӣ намудем.

Хуб мешуд, ки масъулини шабакаи «Озоди.tj» ба ҷавонони эъирозгар дар назди дафтари кории САҲА дар шаҳри Душанбе аз наздик суҳбат карда, гуруҳи ҷавонони тоҷикро аз дигар созмонҳои ҷамъиятӣ фарқ кунанд.

Аз чӣ бошад, ки масъулин ва рузноманигорони шабакаи «Озоди.tj» масъалаҳоимуҳими сиёсӣ ва амниятиеро, ки барои суботи ҷомеаи Тоҷикистон аҳамиятикалидӣ доранд, мунтазам якҷониба ва ғаразнок дар фазои иттилоотӣ инъикосменамоянд.

Назари «Озодӣ», ки гуё ҷавонони эътирозгар узви гурӯҳи «Авангард»мебошанд, дуруғи маҳз мебошад.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/11881-ishtibo-i-ozod.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *