Иршод Сулаймонӣ: расонаҳо..наметавонанд оппозитсиюни ҳукумат бошанд

Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор  баъди анҷоми Анҷумани Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз минбари «Озодагон» чанд пешниҳодеро ба унвони раиси нави Иттифоқи журналистон ва  Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президент матраҳ кардааст. Дар зер  ин пешниҳодотро бихонед:

«1. Дар мавриди табақабандии расона ва рӯзноманигорон. Инҷо як чизро бояд, бигӯям, ки хеле сол мешавад ба таҳқиқи журналистикаи сиёсӣ машғулам ва дар ин замина баъзе аз осори мунташира дар кишварҳо ва донишгоҳҳои ғарбиро низ мутолаа кардаам. Дар натиҷаи ҳамин омӯзиш ба хулосае расидам, ки расонаҳо на аз нигоҳи илмӣ (назариявӣ) ва на аз нигоҳи қонунӣ наметавонанд, ки мухолиф, яъне оппозитсиюни ҳукумат бошанд. Балки ба андешае расидам, ки ҳокимияти иҷроия бояд расонаҳоро ба сифати ёвар ва ҳамкори худ дар мудирияти давлат бишносад. Аз сӯйи дигар расонаҳо бояд дар мавриди муваффақияти ҳукумат самимона истиқбол кунанд ва дар мавриди камбуд ва номуваффақияташ интиқод дошта бошад ва ҳатто интиқоди шадид. Яъне, гуфтан мехоҳам, ки барои он ки ҳамин табақабандӣ аз байн биравад бояд навъи нигоҳ ва тафаккур тағйир дода шавад. Дувум, бояд ҳамин табақабандӣ аз қонунгузории соҳавии мо барҳам дода шавад. Барои мисол дар моддаи 7-и қонун “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” омадааст: “Маҷмӯи ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ташкил медиҳанд”. Ҳамин гуна табақабандии қонунӣ дар қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” то андозае аз миён бардошта шуд. Барои ҳамин пешниҳод мекунам, ки ҳамин гуна табақабандӣ аз қонунгузории соҳавии мо ихроҷ шаванд. Албатта, сабабҳои ба тафаккур табдил шуданди ҳамин пиндор омилҳои дигаре низ доранд ва таҳлили илмиву сиёсии амиқ мехоҳанд, ки ҷояш ин Анҷуман нест;

2. Дар ин ҷо дар мавриди меҳвари сиёсати давлат ва президент будани масъалаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва нақши расонаҳо дар тарвиҷи он сухани бисёре гуфта шуд. Барои он ки Иттифоқи журналистон дар раванди ҳамин ҳаракат иштироки фаъол дошта бошад, пешниҳод дорам, аз нафароне, ки минбаъд ба узвияти иттифоқ пазируфта мешаванд ба таври қотеъ талаб шавад, то ном ва номи хонаводагии худро ба шакли миллӣ тағйир диҳанд. Ҳамчунин, ки ҳоло бар асоси қарори Анҷуман масъалаи номнавсии дигарбораи аъзо пешбинӣ шудааст ва ба аъзои собиқадор ҳам тавсия дода шавад ба номгузории миллӣ эҳтиром бигузоранд;

2,5. Ва ба унвони ним пешниҳод, аз ҷаноби Раҳмонзода мехоҳам барои тезтар гум шудани табақабандие, ки дар боло тавсиф шуд, дар сафарҳои дохилию хориҷии Президенти Тоҷикистон журналистони расонаҳои бонуфузи ҷамъиятиву хусусиро низ ворид кунанд. Бисёр мехостам, ки на роҳбарони расонаҳо, балки рӯзноманигорони эҷодиро, ки ҳатман ин сафарҳоро ба таври мудовим пӯшиши хабарӣ бидиҳанд. Афғонистон дар назари мо қашоқтарин кишвар аст, вале дар сафари тобистони соли 2015-и Раиси иҷроияи ин кишвар, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ шоҳид будам, ки аксари рӯзноманигорони расонаҳои хусусиву ҷамъиятии бонуфузи ин кишвар аз ҳисоби давлат ширкат доштанд. Бори дигар ба раис ва раёсати нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барори кор мехоҳам”.

 

http://www.pressa.tj/article/irshod-sulaymoni-rasonakhonametavonand-oppozitsiyuni-khukumat-boshand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *