Фаъолон ва рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ манфиатҳои баргузории маъракаҳои иттилотии интернетиро меомӯзанд, ки ба мавзӯҳои муҳити зист бахшида шудаанд.
Интернюс рӯзҳои 10-11 апрели соли ҷорӣ барои 20 рӯзноманигор, барномасозони компютер, ороишгарони сомонаҳо ва фаъолони ҳифзи муҳити зист аз Осиёи Марказӣ омӯзиши минтақавиро зери унвони «Re: ВАО-и Осиёи Марказӣ 2017» баргузор мекунад. Омӯзиши “Re: Media” дар доираи лоиҳаи “ВАО барои инъикоси касбии масоили муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор мегардад. Ин лоиҳа бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби созмони Интернюс роҳандозӣ мешавад.
Тренинги мазкур бо ҳадафи омӯзонидани имкониятҳои мултимедиа ба муттахассисони соҳаи ВАО ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвадӣ барои ташкил ва тарғиби маъракаҳои иттилоотӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ташкил мешавад. Иштирокчиён дар дастаҳои хурд кор карда (рӯзноманигор, барномасозони компютер ва кор бо додаҳо), якҷо оид ба масоили экологӣ тарҳи ташкил ва гузаронидани маъракаҳои иттилоотиро барои истифодабарандаҳои интернет таҳия мекунанд.
Дар давоми ду рӯзи кор бо лоиҳаҳо, ба иштирокдорон тренерон ва коршиносони соҳа кӯмак ва машваратҳои касбӣ пешниҳод хоҳанд кард. Алексей Киселев роҳбари барномаҳои токсикӣ ё заҳролудшавии Гринписи Русия дар ҷараёни тренинг иштирокдоронро бо таҷрибаи худ оид ба гузаронидани маъракаҳои иттиллотии интернетӣ огоҳ мекунад.
Ба ҳайси тренер дар ин омӯзиш Алексей Сидоренко, роҳбари созмони ҷамъиятии “Гармхонаи фанноварии иҷтимоӣ” (Теплиса — www.te-st.ru) даъват шудааст. Лоиҳаи “ВАО барои инъикоси касбии масоили муҳити зист ва захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ” бо ҳадафи рушди иртибот ва ҳамкори миёни созмонҳои ҷамъиятӣ ва ВАО – и кишварҳои Осиёи Марказӣ тавасути ташкил ва баргузории сафарҳои табодули таҷрибаи хабарнигорон, тренингҳои омӯзишии соҳавӣ оид ба муҳити зист ва захоири табиӣ, ҳамчунин чорабиниҳои касбие, ки ҳамкориҳои мутақобиларо густариш медиҳанд, роҳандозӣ мешавад.
Омӯзиши минтақавии «Re: ВАО-и Осиёи Марказӣ 2017» дар меҳмонхонаи “Лотус” санаи 10-11 апрели соли 2017 баргузор мешавад.