«Имрӯз-Нюз» соҳиби сомона мегардад

Рӯзномаи «Имрӯз-Нюз» рӯзҳои наздик соҳиби сомона хоҳад гашт.

Назири Нусрат, сармуҳаррири ин рӯзнома дар ин хусус ба faraj.tj иттилоъ дода гуфт, ки дар назар аст рӯзи ҷашни 5-солагии «Имрӯз-Нюз» сомонаи он ба фаъолият шурӯъ кунад.

— Ҳанӯз аз аввали фаъолияти рӯзнома нақшаи таъсиси сайт буд. Ҳоло то андозае имкон пайдо шуд, ки ҳамин нақша амалӣ шавад. Давоми ду соли ахир 3 ё 4 маротиба тарҳи сайт аз сӯйи барномарезони алоҳида пешниҳод шуд. Тарҳи феълӣ моҳи майи ҳамин сол пешниҳод ва қабул шуд,- афзуд Назири Нусрат.

Гуфта мешавад, ки лоиҳа бо ташаббуси молии худи муассиси рӯзнома Рустами Ҷонӣ роҳандозӣ мешавад. Манбаъ мегӯяд, ки ҳайати кормандони сайтро кормандони рӯзнома ташкил медиҳанд ва баъданҷалби кормандони иловагӣ дар назар аст. Ба гуфтаи ҷаноби Назир,ҳанӯз кӣ будани масъули сайт маълум нест ва ин тасмимро муассис мегирад. Шакли сомонаи мазкур таҳлилӣ-хабарӣ буда, интизор меравад, ки дар оянда дар бахши чандрасонаӣ низ фаъолият кунад.

Рӯзномаи «Имрӯз-Нюз» нахустин рӯзномаи мустақили Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 30-юми августи соли 2010 ҳафтае 5 маротиба нашр мешавад.

 

http://faraj.tj/news/10522-imr1263z-nyuz-so1203ibi-somona-megardad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *