Президент Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми телевизионӣ мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, забонро «хишти аввалини кохи миллат» номид.
момалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ гуфтааст, забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад.
Ба гуфтаи Президент, Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.
-Рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем.
Дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма бояд назаррас бошад ва масъулони он ба покизагии забон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд.
Дар ин раванд, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем.
Яъне раванди ҷаҳонишавӣ ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид карда истодааст.
Ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат аст.
Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон.