Дар хулосае, ки бо имзои Маҳмуд Хайруддинов, эксперти тибби судии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судии вазорати тандурустии Тоҷикистон омадааст, ҷароҳатҳои ҷисмонии дар бадани Маҳкамов Дороҷон Суҳробҷонович, соли таваллудаш 1996, дар намуди харошаҳо ҳамчун ҷароҳатҳо бо расонидани зарар ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта мансуб дониста мешаванд, чунки чунин ҷароҳатҳо зудгузаранда буда, ҷисми инсонро то 6 рӯз ноором месозанд.
Дар идомаи ин хулоса омадааст, ки ҷароҳатҳои зикргардида, яъне харошаҳои сатҳи болоияшон бо калахши қаҳваранги сахтчатоб, баландтар аз сатҳи пӯсти солим қарор гирифта аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин ҷароҳатҳо аз таъсири ҷисмҳои сахту кунд, эҳтимол, 2 — 3 рӯз пеш аз муроҷиат, ки санаи 19. 09. 2016-ум сол гузаронида шуд, ба вуҷуд омада бошанд.
Хулосаи тиббӣ-суди дар пайи як таҳқиқи кормандони Хадамоти бехатарии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба хабарнигори сомонаи Faraj.tj дастрас гардид.
Бегоҳи рӯзи гузашта, 19 сентябр, Доро Суҳробӣ пас аз навиштани ариза ба номи Вазири корҳои дохилӣ бо сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯ ба рӯ шуд ва маълум гардид, нафаре, ки ӯро латукӯб кардааст, ба ӯ ғалат муаррифӣ шудааст. Гурӯҳи тафтишотӣ ӯро ба ҷои ҳодиса, ба маҳалли «Гипрозем» бурданд.
Доро Суҳробӣ дар суҳбат бо Faraj.tj гуфт, ки дар бинои шӯъбаи милиса дар «Гипрозем» тамоми шавоҳиди латукӯби ӯ, аз ҷумла ҳамон оҳанеро, ки ӯро бо он зада буданд, пайдо накарданд. Ба қавли ӯ, 3 касро барои шиносоӣ оварданд, ки ҳеҷ яке дар латукӯби ӯ даст надошт.
— Тамоман нафарони ношиносро бо ман рӯ ба рӯ карданд,- мегӯяд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Доро Суҳробӣ, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон мавриди латукӯби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи «Гипрозем» гардидааст.
Номбурда мегӯяд, ӯ бо супориши редаксия бегоҳи рӯзи18-уми сентябр мехостааст аз рафти корҳои роҳсозӣ ва ҳолати савдои кӯчагӣ дарин маҳалла барои шумораи навбатии ҳафтаномаи «Фараж» «фоторепортаж» омоданамояд.
-Тақрибан соати 16-16:20 дар назди бозори «Гипрозем» мехостам аз рафти корҳои роҳсозӣ дар самти шаҳраки «Гипрозем» ва ҳолати савдои кӯчагӣ дар ин маҳал гузориш омода намоям. Дар ҳамин ҳол шоҳиди кашмокаши як нафар зани «газводафурӯш»-и тахминан 55-сола бо марде бо либоси мулкӣ шудам. Ин дар ҳоле буд, ки дар гирди онҳо мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Ин зан бо овози баланд мегуфт, ки «дирӯз ман 100 сомонӣ дода будам, ҳар рӯз пул аз куҷо аст, ки ба шумо диҳам. Шумо модар надоред, о, ҳама дар қади кӯча савдо доранд-ку? Чаро дигарҳоро намебинӣ, фақат ба ман часпидӣ»,- гуфта дод мезад он зан.
Ба қавли Доро ба шуъбаи милиса бурдану латукӯб шуданаш дар ҳолест, ки ӯ танҳо мехост аз он зан ҳимоят намояд ва аз милиса (он замон милиса буданаш маълум набуд, зеро дар тан либоси мулкӣ дошт) хоҳиш намуд, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунад.