Хадамоти махсус дар Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар интернет зери назар гиранд ва чӣ навиштану нашр кардани онҳоро назорат кунанд.
12-уми июл палатаи болоии парламенти Тоҷикистон иқдоми вакилони палатаи поёниро дар бораи ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ додани ҳаққи ба даст овардани маълумот оид ба он, ки шаҳрвандон ба кадом сайтҳо ворид мешаванд, дастгирӣ кард.
Дар ин масъала роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Озода Раҳмон баромад карда, пешниҳод кард, ки ба қонун «Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ» тағйироти лозим ворид карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки вакили палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода 7-уми июн аз минбари парламент арз кард, ки тоҷикистониҳо ҳар рӯз наздики 90 ҳазор паёмак аз тундгароён ва террористони эҳтимолӣ дарёб мекунанд, ки мӯхтавояшон даъвати пайвастан ба сафи онҳо аст.
Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол зиёд аз 3 миллион сокини Тоҷикистон имкони ба интернет ворид шуданро доранд. «Аз 80 дарсад зиёди онҳо ба сайтҳои ба истилоҳ «нолозим», ки ба тундгароён ва созмонҳои террористӣ тааллуқ доранд, медароянд», — гуфт Маҷидзода.
Вобаста ба ин вакилони палатаи поёнӣ пешниҳод карданд, ки ба қонун Дар бораи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯӣ» тағйирот ворид карда шавад. Баъди қабул шудани ин тағйирот аз ҷониби вакилони палати болоӣ мақомоти интизомӣ ҳуқуқ пайдо мекунанд, шаҳрвандоенро, ки ба сайтҳои «нолозим» сар мехалонанд, зери назорат гиранд.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14424-e-tijot-internet-nazorat-karda-meshavad.html