Созмонҳои журналистии Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон ва Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи байналмилалии озодии сухан — 3 май озмунҳои худро эълон карданд.
Ҷоизаи ҳамасолаи Эътилофи бонувони журналисти Тоҷикистон ба ҳамаи кормандони зан, ки дар соҳаи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон фаъолият менамоянд, омӯзгорони макотиби олӣ, ба собиқадорони журналистикаи ватанӣ бахшида шуда, дар 3 (се) номгуй пешниҳод мегардад:
• Ҷоизаи Буриниссо Бердиева барои саҳмгузорӣ дар журналистикаи тоҷик.
• Беҳтарин журналисти соҳаи матбуот / ВОИ-и онлайн.
• Беҳтарин журналисти соҳаи Радио/ТВ
Ҷоизаи «Эътимод»–и Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон барои қадрдонии журналистони Тоҷикистон, ки дар воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, новобаста аз шакли моликияташон, фаъолият доранд, таъсис дода шудааст. Ҷоиза соле як маротиба дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан – 3-юми май ба як нафар тақдим мегардад.
Низомномаи ин озмунҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13532-du-ozmuni-zhurnalist-bakhshida-ba-3-yumi-maj.html