Ассотсиатсияи рӯзноманигорони Медиа Алянси Тоҷикистон «Ҷоизаи ба номи Мазҳабшо Муҳаббатшоев барои ҷасорати журналистӣ» ва «Ҷоизаи ба номи Отахон Латифӣ барои маҳорати касбии журналистӣ”-ро эълон кард.
Ин ҷоизаҳо барои дастгирии рӯзноманигорон, коршиносон, таҳлилгарони Тоҷикистон, ки дар воситаҳои ахбори оммаи мамлакат, новобаста аз шакли моликият, намуди ВАО фаъолият доранд, таъсис дода шудааст ва соле як маротиба дар чорабиниҳои вобаста ба Рӯзи байналмилалии озодии сухан – 3-юми май ба як нафар тақдим мегардад.
Пешбарии номзадҳо барои дарёфти ин ҷоизаҳо ду ҳафта пеш аз 3-юми май оғоз гардида, то 30-юми апрел идома мекунад. Номзадҳоро котиби генералӣ, аъзои Раёсати Ассотсиатсияи рузноманигорони «Медиа Алянси Тоҷикистон», ё идораи ВАО, ки номзад он ҷо кор мекунад, пешниҳод карда метавонанд.
Тафсилоти бештарро дар хусуси ин ҷоизаҳо аз саҳифаҳои расмии Ассотсиатсия дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кардан метавонед.
http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13647-du-oiza-baroi-zhurnaliston.html