29-уми июни соли равон дар дафтари САҲА дар Тоҷикистон давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорони ҷавон бо ҷалби рӯзноманигорони таҷрибадор Суҳроби Зиё, Исфандиёри Одина, Қироншоҳ Шарифзода ва мушовири миллӣ оид ба рушди расонаҳои Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Фаррухшоҳ Ҷунайдов, баргузор гардид.
Қироншоҳ Шарифзода, раиси ТҶ “Журналист” мегӯяд, ки ҳадаф аз ташкили давраи омӯзишӣ, ки дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст ин аст, ки рӯзноманигорони ҷавонро бо навигариҳову таҳавулоти солҳои охири Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон беҳтар ошно карда ва дар ҳунари нигорандагии онҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва касбиро ҳарчи бештар фаҳмонда бошем.
— Бо ҳамин ният аз расонаҳои гуногуни пойтахт ва расонаҳои мустақилу давлатӣ, ширкатҳои радиову телевизион рӯзноманигорони ҷавон гирд омаданд. Ба умеди он ҳастем, ки омӯзиши дурӯза ба пешрафти корҳои онҳо, баландшавии касбияташон мусоидат хоҳад намуд. Умедворам, ки рӯзноманигорони ҷавон дар давраи омӯзишӣ фаъолона ширкат варзида, малакаҳои нави жанрҳои журналистиро муваффақона аз худ мекунанд, -афзуд Шарифзода.
Ёдовар мешавем, ки чунин давраҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорони ҷавон натанҳо дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа баргузор гардида буд.
http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/14285-davrai-om-zishii-r-znomanigoroni-avon-dar-sa-a.html