Дастрасӣ ба сомонаи “Радиои Озодӣ” дар Тоҷикистон масдуд шуд

Бархе аз ширкатҳои интернетрасон дастрасӣ ба сомонаи “Радиои Озодӣ”-ро дар Тоҷикистон масдуд карданд.

Як манбаъ аз Хадамоти алоқо бидуни зикри номаш гуфт, ки аз нимаи дуюми 1-уми сентябр бо супоришӣ Хадамот барои гузарондани корҳои профлактикӣ сомонаи “Радиои Озодӣ” низ ба феҳрести сомонаҳои масдудшуда ворид карданд.

Ҳудуди як ҳафта мешавад, ки аз 25-уми август инҷониб дар Тоҷикистон ба воситаи бархе ширкатҳои интернетрасон дастрасӣ ба сомонаи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва видеопортали Ютюб масдуд аст.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/dastrasi-ba-somonai-radioi-ozodi-dar-tochikiston-masdud-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *