Дастрасӣ ба сомонаи иҷтимоии Фейсбук ва видеопортали Ютюб баъди масдудияти қариб якмоҳа дар Тоҷикистон дигарбора имконпазир шуд.
Аз шаби 21-уми ба 22-юми сентябр баъзе ширкатҳои интернетрасон масдудияти ворид шудан ба ин сомонаҳоро лағв карданд. Аз субҳи 23-юми сенятбр ворид шудан ба шабакаи иҷтимоии Фейсбук имконпазир шудааст. Ҳоло дастрасӣ ба сомонаи видеопартали Ютюб бо бархе ширкатҳо ҳамоно ғайриимкон аст. Аз ҷумла ширкати “Вавилон” то ҳол онро боз накардааст.
Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки ширкатҳои интернетрасон барои ба тадриҷ боз кардани сомонаҳои маҳдудшуда дастур гирифтаанд.
Дастрасӣ шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва видеопортали Ютюб аз субҳи 25-уми август инҷониб масдуд шуда буд. Дар он шабу рӯз мақомот ба дари қароргоҳи ҲНИТ муҳр заданд. Эҳтимол сайтбандиҳо ба ин қазия рабт дошт.
Дар пайи он ҳодисаҳои 4-уми сентябр рух дод, ки ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифодаи бархе хадамоташон ба мисли sms ва mms-ро масдуд карданд. Баъди даҳ рӯз боз шуд.
Қаблан, низ дар соли равон дар замони фирори Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВКД дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва ютюб масдуд шуда буд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/dastrasi-ba-feysbuk-dar-tochikiston-imkonpazir-shud