Исмоилҷон Юсупов, хабарнигори ҳафтаномаи “Варзиш-Спорт” дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 31 июл даргузаштааст.
Ҳамкорони Исмоилҷон мегӯянд, ӯ пас аз анҷоми бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Хуҷанд» — «Саройкамар» аз ҳуш рафтааст: “Ӯро мошини Ёрии таъҷилӣ ба беморхона мебарад. Онҷо ба ҳалокат расидааст”.
Ба гуфтаи онҳо, Исмоилҷон ахиран аз фишори баланд азият мекашидааст.
Бозии ҷавобии дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Саройкамар»-и Панҷ бо ҳузури 338 тамошобин дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.
http://www.ozodagon.tj/27284-darguzashti-zhurnalisti-toik-pas-az-bozii-futbol.html