Даргузашти Маъруфи Бобораҷаб

Котиби масъули нашрияи «Минбари халқ» Маъруфи Бобораҷаб дар синни 57-солагӣ аз олам гузашт.

Бино ба гуфти ҳамкорони марҳум, ӯ шоми дирӯз, 14 октябр дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бар асари фишорбаландӣ аз олам чашм пӯшидааст.

Наздикони марҳум мегӯянд, маросими видоъ бо ӯ имрӯз, соати 11:00-дар деҳаи Косибони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.

Маъруфи Бобораҷаб (Маъруфҷон Маҳмудов) 23 феврали соли 1959 дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1980 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Ленинобод (Хуҷанд)-ро хатм намуда, солҳои 1980-1981 дар мактаби миёнаи №12-и ноҳияи Қумсангир ва аз соли 1981 то соли 1996 дар мактабҳои миёнаи №9, 31 ва 6 ноҳияи Айнӣ ба ҳайси муаллим фаъолият кардааст. Соли 1996 директори мактаби миёнаи №38 ноҳияи Айнӣ таъин мешавад.

Соли 1999 ба шаҳри Душанбе, ба Институти такмили ихтисоси Вазорати маориф ба кор даъват мешавад. Ӯ дар Идораи барномаҳои иттилоотии Телевизиони Тоҷикистон ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ҳам кор кардааст.

Аз соли 2007 ба ин сӯ корманди ҳафтаномаи “Минбари халқ” буд.

Кормандони маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз даргузашти ҳамкасби хеш сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

http://faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12064-darguzashti-ma-rufi-bobora-ab.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *