Куҷо рафтӣ, чаро рафтӣ нагуфтӣ ту ба якборам,
Кунун бо чашми гирёну дили пурхун ҳайронам.
Миёни ёру дӯстон ҳар куҷо ҷуёт шавам ман,
Намебинам, намеёбам, ало эй пури Сатторам.
Накукирдор, латифгуфтор, ҷавонмарди сахӣ будӣ,
Валинеъмати хушлиқо, ту эй дӯсти вафодорам.
Шабеҳи Ҳотами Тойю хоҷа Аҳрори Валӣ будӣ
Ҷавонмарди банангу ор, ту эй Акбари Сатторам.
Зи марги нобаҳангомат,ҳаме хун гиряму хун,
Ки месӯзад, маро ин дам мағз-мағзи устухонам.
Мухтори Боқизода
P.S. Аъзои АМВАОМТ ва Шӯрои ВАО ба марсияи Мухтори Бокизода, раиси Хазинаи гиромидошт ва ҳифзи ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ҳамнаво ҳастанд.