Cуғд: Андоз даҳони даҳ ВАО-ро баст!

Нашрияҳои бе ин ҳам муфлиси кишвар ба «ғазаб»-и андоз дар ин вилоят гирифтор шуданд.

Нозирони идораи андози вилояти Суғд  ба дари намояндагии даҳ расона «Замон», «Азия плюс», «Ҷумҳурият», маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон» ТВ «Ҷаҳоннамо» ва ғайра, ҳамчунин чанд созмонҳои ҷамъиятӣ мӯҳр зада, сабабашро насупоридани андоз аз маоши кормандон шарҳ додаанд.

Нозирони андоз талаб кардаанд, то намояндагии нашриёти чопии Душанбе  дар вилояти Суғд бояд аз маоши кормандон ба идораи моли ҷойи фаъолият андоз супоранд.

Як манбаъ аз вилояти Суғд гуфт, дар огоҳномаи насбкардаи Раёсати андози шаҳри Хуҷанд таъкид шудааст, ки бе иҷозати мақомот боз нашавад. Манбаъ мегӯяд, фақат дари ду — се расонаҳоро  боз карданд, вале мушкил то ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст. Аз Раёсати андози шаҳри Хуҷанд таъкид кардаанд, ки маҷаллаи «Тоҷикони ҷаҳон»-ро  то 3 500 сомонӣ ҷарима мебанданд.

Тафтиши дафтарҳои кории рӯзноманигорону нашрияҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар «Кохи Матбуот» дар Хуҷанд тирамоҳи соли гузашта шурӯъ шуда буд.

Солҳои охир қомати нашрияҳои хусусиро бори бӯҳрон шикастааст ва дар ин маврид масъулини нашрияҳо чандин маротиба гуфтаанду навиштаанд. Вале то ҳанӯз аз ҷониби масъулони давлатӣ ин ҳама гуфтанҳо нодида гирифта шудаасту мешавад. Танҳо намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба нашрияҳо дар соли гузашта кӯмак дар шакли коғаз карда буду халос. Соли ҷорӣ бошад, бо дер тамдид шудани фаъолияти ин ниҳод дар Тоҷикистон ва танҳо то моҳи июн тамдид кардани фаъолияти САҲА дар кишвар ба эҳтимоли зиёд боиси он мешавад, ки соли ҷорӣ ин кӯмак ҳам расонида нашавад.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/13361-cu-d-andoz-da-oni-da-vao-ro-bast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *