Шурӯъ аз 12 -ум то 13 -уми декабри соли чори дар маркази ширкати Тcell дар шаҳри Душанбе барои намояндагони расонаҳои электронӣ ва чопии ҷумҳурӣ семинари омӯзишӣ- амалӣ дар мавзӯи «Digitаl workshop» идома дорад.
Ба иштирокчиёни семинарии мазкур Денис Батилин, яке аз тренерҳои варзида дар соҳаи расонаҳои электронӣ дар мавзӯи роҳҳои дарёфти реклама дар интернет ва ба ин восита дарёфти маблағ, муносибат бо рекламадиҳанда, сохтани баннерҳои рекламававӣ, блог ва ғайра дарси назариявӣ ва амалӣ мегузаронад. Ин гуна семинарҳоро барои намояндагони ВАО ширкати Тcell соли сеюм аст, ки баргузор менамояд. Иштирокчиён баъди пурра ба итмом расонидани семинар соҳиби сертификат мешаванд.
http://tajikistantimes.tj/tajikistan/ceminari-omuzishivu-amal-baroi-zhurnaliston-dar-tcell/