Архив рубрики: Хабарҳо

Душанбе: Чор ҷойизаи дигари МТЖТ

11-и март дар театри Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе 107-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд.  Дар ҷамъомад журналистони соҳибкасб, устодону донишҷӯёни донишкадаву риштаҳои рӯзноманигорӣ ва меҳмонон иштирок карданд.

Ҷамъомад аз табрикот шурӯъ шуд. Ёвари президент Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода, раиси ИЖТ  Зинатулло Исмоилзода ҳозиринро бо ид муборакбод намуданд. Раҳмонзода дар сухани табрикотиаш аз  ҷумла  изҳор намуд ки  «… соли дигар ин рӯзи фархундаро мо дар ҷойи дигар дар фазои дигар мегузаронем. Ҳамаи шакли онро тағйир дода ин ҷашнро зеботару хубтар мекунем…». Ӯ аз гуфтаи президент Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос ҳам кард: «Рӯзи матбуот ин танҳо ҷашни журналистон нест, балки ин ҷашни умумимиллӣ мебошад».

Тӯҳфаҳо ва ҷоизаҳоро ба довталабон Абудаҷаббор Раҳмонзода ва Шамсиддин Орумбекзода тақдим карданд.

Аз ҷумла, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон соҳиби чор ҷоиза гардид. Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Панҷакент, дар вилояти Хатлон ва шаҳри Хуҷанд низ хабарнигорони расонаҳои Марказ бо ҷойизаҳои гуногун сазовор гардиданд.

http://faraj.tj/habari-ruz/dushanbe-chor-jojizai-digari-mtzht/

Тоҷикистон қасд дорад, аз Гугл ва Фейсбук андоз ситонад

Тоҷикистон қасд дорад, аз ширкатҳои хориҷие ба монанди “Гугл”, ки ба сокинони кишвар хадамоти электронӣ пешниҳод мекунанд, андоз ситонад Читать далее Тоҷикистон қасд дорад, аз Гугл ва Фейсбук андоз ситонад →

Ваъдаи ёрии раиси вилоят ба ТВ ва радиои Хатлон

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ваъда дод, ки барои дасрас кардани дасгоҳҳои замонавӣ ба Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон 750 ҳазор сомонӣ ёрӣ хоҳад кард. Читать далее Ваъдаи ёрии раиси вилоят ба ТВ ва радиои Хатлон →

АМИТ «Ховар» — агентии иттилоотии сол

Бино ба натиҷаҳои назарпурсие, ки Академияи воситаҳои ахбори омма ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир кардаанд, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» агентии иттилоотии сол номида шуд. Натиҷаҳои ин назарпурсӣ санаи 11 март, дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар толори Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  баргузор гардид,  эълон карда шуд. Читать далее АМИТ «Ховар» — агентии иттилоотии сол →

Хатлон: Хабарнигори «Фараж» ғолиби озмун гардид

Имрӯз дар толори ДДБ ба номи Носири Хусрав бо доираи васеи намояндагони ВАО, собиқадорони матбуот рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд. Читать далее Хатлон: Хабарнигори «Фараж» ғолиби озмун гардид →

Панҷакент: 107-солагии матбуот чашн гирифта шуд

Нахустин бор дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 107-солагии Рӯзи матбуот чорабинӣ, бо ширкати рӯзноманигорону аҳли зиё ва донишҷӯёну роҳбарони баъзе аз ташкилоту идораҳо, доир гардид. Читать далее Панҷакент: 107-солагии матбуот чашн гирифта шуд →

Имрӯз дар таҷлили 107-солагии матбуоти тоҷик барандагони ҷоизаи А. Лоҳутӣ эълон хоҳанд шуд

Имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 107-солагии матбуоти тоҷик ба рӯзноманигорони арзанда Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ тақдим карда мешавад

Читать далее Имрӯз дар таҷлили 107-солагии матбуоти тоҷик барандагони ҷоизаи А. Лоҳутӣ эълон хоҳанд шуд →

Омбудсмени тоҷик – «виҷдони ҷомеа» бо дастони кӯтоҳ?

Тоҷикистон даҳ сол пеш ниҳоди Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсонро таъсис дод. Бисёриҳо умед доштанд, ки ба фарёди худ фарёдрас пайдо карданд ва ба фарқ аз додрасу додситону пулис, Омбудсмен бештар аз мавқеи корафтодаҳо ҳимоят намуда, дарди дили онҳоро ба «боло» хоҳад расонд. Читать далее Омбудсмени тоҷик – «виҷдони ҷомеа» бо дастони кӯтоҳ? →

«Халқ овози» 90- сола шуд

Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз куҳансолтарин ҷаридаҳои кишвар, минбари ӯзбекзабонони Тоҷикистон, рӯзномаи «Халқ овози» 90 — сола шуд. Ин рӯзномаи муътабар ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 90 сол аст ҷодаҳои тайкардаи ноҳамвор, вале пурифтихори кишвари моро инъикос намуда, дар оғӯши худ даҳҳо эҷодкори шуълаварро парвардааст. Читать далее «Халқ овози» 90- сола шуд →