Бо вуҷуди талоши Анҷумани ширкатҳои мобилӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор аст сар аз имрӯз, 27- уми март дар Тоҷикистон бо қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи интернет боло бурда шавад. Читать далее 27-уми март — рӯзе, ки қарор аст нархи интернет як баробар боло равад
Архив рубрики: Хабарҳо
“Интернети зарарнок” ё чӣ тавр Хадамот “ғам”-и мардумро мехӯрад?
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба операторони мобилӣ дастур додааст, ки нархи 1 Мб Интернетро на камтар аз 5 дирам ва як дақиқаи зангҳои байналмилалӣ-NGN –ро на камтар аз 1 сомонӣ бидуни назардошти андозҳо ба фурӯш бароранд. Фармони мазкур аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” 4 марти соли 2019 ба имзо расида, аз 27 март мавриди амал қарор мегирад. Читать далее “Интернети зарарнок” ё чӣ тавр Хадамот “ғам”-и мардумро мехӯрад?
Гузориши бидуни ташхиси дурусти Департаменти ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Садҳо нафар сокини бегуноҳи кишвари Ховари Миёна дар маҳбасхонаи Гуантанамо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон аз ҷониби низомиён ва мақомоти махсуси ИМА ва шарикони низомии ӯ бо даҳшатноктарин усулҳои ҷазодиҳӣ мавриди шиканҷаи шадид қарор мегиранд. Баъди шиканҷаҳои зиёд ва боздошти шахсони бегуноҳ дар маҳбасхонаҳои Гуантанамо афроди зиёде ба хотири бегуноҳ буданашон озод гаштанд. Чаро Департаменти ИМА дар бораи ин омили хатарноки байналмилалӣ ва зиддибашарӣ сухан намегӯяд? Читать далее Гузориши бидуни ташхиси дурусти Департаменти ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон
Таксӣ — масдари хабарҳои «воқеӣ»?
Афроди огоҳ аз хабарҳои охири кишвар ва шоҳиди аксар ҳодисаҳои доғ — на журналистон, балки ронандаҳои таксӣ ҳастанд, ки ба хотири вижагиҳои корашон ҳамарӯза гапу хабарҳои охирро бевосита дар «утоқи кории худ» мешунаванд. Читать далее Таксӣ — масдари хабарҳои «воқеӣ»?
Боло бурдани арзиши Интернет ҷоиз аст?
Тайи чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътирози мардум дар бораи гарон шудани арзиши Интернет зиёд шуда истодааст. Дар ин маврид мардум умед доранд, ки суханҳои онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор ба назар гирифта мешавад. Вобаста ба ин мавзӯи рӯз андеша ва пешниҳоди муҳаққиқону коршиносони соҳаҳои гуногунро донистанӣ шуда, ба эшон бо чунин суол муроҷиат кардем: Читать далее Боло бурдани арзиши Интернет ҷоиз аст?
Амрико вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон танқид кард
Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши нави худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфтааст, “ҳукумати худкомаи ин кишвар аз назари сиёсӣ аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш назорат мешавад”. Читать далее Амрико вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон танқид кард
Маъракаи «ман зидди болоравии нархи Интернет» дар Тоҷикистон. ВИДЕО
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо роҳандозии як маъракаи эътирозӣ ба зидди болоравии арзиши Интернет дар Тоҷикистон, “флешмоб” ё таблиғоти интернетӣ ба роҳ монданд. Читать далее Маъракаи «ман зидди болоравии нархи Интернет» дар Тоҷикистон. ВИДЕО
«Як журналистро мухолиф хонданд, дигареро ҳукуматӣ». ВИДЕО
Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, таҷлил аз 107-солагии Иди матбуот дар ҳолест, ки мушкили молӣ, таҳдиду фишор ва таъқиби журналистон боис шуд, ки дар панҷ соли ахир даҳҳо хабарнигор тарки касб кунанд. Читать далее «Як журналистро мухолиф хонданд, дигареро ҳукуматӣ». ВИДЕО
Шариф Ҳамдампур – Сармуҳаррири сол
Бино ба натиҷаи назарпурсие, ки Академияи воситаҳои ахбори омма ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир кардаанд, Шариф Ҳамдампур – муассис ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Сармуҳаррири сол номида шуд. Натиҷаҳои ин назарпурсӣ шоми 11 март дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар толори Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ баргузор гардид, эълон карда шуд. Читать далее Шариф Ҳамдампур – Сармуҳаррири сол
«Ҷоми Журналистон-2019» моли ТВ “Варзиш” шуд!
Санаи 11 март, дар Маҷмааи варзишии “Манеж” бозии ниҳоии «Ҷоми Журналистон-2019» байни дастаҳои ТВ “Варзиш” ва ТВ “Сафина” баргузор шуд. Дар ин майдондорӣ футболбозони ТВ “Варзиш” аз худ маҳорати баланд нишон дода, дастаи рақибро голборон намуда бо ҳисоби 7-2 ғалаба карданд. Читать далее «Ҷоми Журналистон-2019» моли ТВ “Варзиш” шуд!