Архив рубрики: Хабарҳо

Эътирози рӯзноманигорон аз феҳристи Бонки Миллӣ

Гурӯҳе аз хабарнигорон ва фаъолони тоҷик муқими Аврупо бо нашри як изҳорот, аз ворид шудани номи худ ба «феҳристи афроди алоқаманд ба терроризм»-и Бонки Миллии Тоҷикистон, нигаронӣ карда ва онро маҳкум намудаанд. Мақомоти Бонки Миллии Тоҷикистон то ҳол дар ин бора вокуниш накардаанд ва талошҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти назари расмӣ то ин лаҳза бенатиҷа будааст. Дар Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, танҳо бо мактуби расмӣ дар ин бора посух медиҳанд. Читать далее Эътирози рӯзноманигорон аз феҳристи Бонки Миллӣ →

Намояндаи Вазорати умури хориҷии ИМА гуфт, аз ҳаққи кормандони Радиои Озодӣ ҳимоят мекунад

Элис Уэллс, Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як изҳорот гуфтааст, ки аз маъракаи байналмилалии талаби иҷозаи корӣ ба рӯзноманигор ва кормандони Бахши Тоҷикии Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ пуштибонӣ мекунад. Читать далее Намояндаи Вазорати умури хориҷии ИМА гуфт, аз ҳаққи кормандони Радиои Озодӣ ҳимоят мекунад →

Сенаторони Амрико низ аз Тоҷикистон ҳалли мушкили Радиои Озодиро хостанд

Аъзои Сенат, палатаи болоии порлумони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки масъалаи додани иҷозатномаи кор ба кормандони Бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Душанберо бар асоси қонунҳои дохилӣ ва конвенсияҳои байналмилалӣ баррасӣ ва ҳал кунанд. Читать далее Сенаторони Амрико низ аз Тоҷикистон ҳалли мушкили Радиои Озодиро хостанд →

АМРМТ: Аккредитатсия ҳамчун василаи маҳдудсозии озодии сухан истифода нашавад

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон  зимни як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки аз аккредитатсия ё сабтиноми хабарнигорони хориҷӣ ҳамчун василаи маҳдуд кардани озодии сухан дар кишвар истифода накунанд. Читать далее АМРМТ: Аккредитатсия ҳамчун василаи маҳдудсозии озодии сухан истифода нашавад →

НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО хостанд, мушкили хабарнигорони Озодӣ ҳал шавад

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон аз мушкили сабтиноми хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Ду созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон рӯзи 23-юми октябр дар изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки аккредитатсия ё сабтиноми хабарнигорони хориҷиро ҳамчун абзор ё василаи маҳдуд кардани озодии сухан дар кишвар истифода накунанд.

Ҳоло 5 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон аз шаш моҳ то ду сол боз аз ҳаққи кор маҳруманд ва якуми ноябр шояд охирин рӯзи кории 9 нафари дигар шавад.

Мақомоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба номаҳои пайваста дар бораи додани иҷозаи кор ба хабарнигорони Радиои Озодӣ посух надодааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон мегӯянд, мақомоти расмӣ муҳлати таъйиншуда барои посух гуфтан ба номаҳоро риоят намекунанд. Мақомот муваззафанд, ки ба номаҳо дар ҳудуди то як моҳ ҷавоб гӯянд.

Аз ин пеш чанд намояндаи Конгресси Амрико аз вазъияти пешомада шадидан нигаронӣ карда, дар номае ба президенти Тоҷикистон гуфта буданд, “идома ёфтани чунин вазъият эҳтимол ба муносибатҳои Амрико ва Тоҷикистон осеб расонад ва ба обрӯи Тоҷикистон латма занад”.

Дар изҳороти НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО ҳам гуфта шудааст, “сабтиноми хабарнигорон бояд ба фаъолияти қонунии онҳо мусоидат кунад, на ин ки монеи фаъолияти касбии онҳо шавад. Усули истибдодии сабтиноми хабарнигорон ба обрӯи кишвар дар ҷаҳони иттилоотӣ таъсири бад хоҳад гузошт.”

“Мо наметавонем ба мушкили ҳамкорони худ аз Радиои Озодӣ бетараф бошем. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ва шароити пешомада дар масъалаи сабтином ҳуқуқи онҳоро барои кор ва маоши арзанда поймол мекунад”, — гуфта шудааст дар изҳорот.

Муаллифон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ки Низомнома дар бораи аккредитатсияи хабарнигоронро бозбинӣ карда, онро ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ кунад. Онҳо гуфтаанд, созмонҳои хабарнигороӣ барои кумак дар ин кор омодаанд.

Бори аввал нест, ки раванди дарёфти иҷозатномаи кор боис ба нигарониҳо мешавад. Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Ҳамон сол намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот бо нашри як баёния, аз сӯи бархе кишварҳои аъзо истифода шудани аккредитасияро ҳамчун «иҷозаи кор» (work permit) интиқод кард ва эълон намуд, ки аккредитасия набояд ба унвони абзоре барои назорати муҳтаво хизмат кунад.

https://www.ozodi.org/a/statement-nansmit-and-media-council/30232139.html

Пахши телевизиони «Хатлон» аз моҳвора

Телевизиони вилояти Хатлон, ки солиёни дароз мушкилии фарогирии мавҷи он дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷой дошт, ба моҳвора пайваст шуд ва рӯзҳои наздик ба пахши дақиқияташ баланд — формати HD мегузарад Читать далее Пахши телевизиони «Хатлон» аз моҳвора →

Додгоҳ «Паймони Миллии Тоҷикистон»-ро «созмони террористӣ» хонд. Паймон қарорро «беасос» номид

Додгоҳи олии Тоҷикистон «Паймони Миллии Тоҷикистон», эътилофи ниҳодҳои мухолифи давлатро дар хориҷа созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кардааст. Аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд. Читать далее Додгоҳ «Паймони Миллии Тоҷикистон»-ро «созмони террористӣ» хонд. Паймон қарорро «беасос» номид →

Агар намоишҳои TV-ҳо якранганд, бинандагон аз онҳо чӣ меҷӯянд?

Нашри як навори кутоҳи кинояомез, ки дар он шеваи кор ва бархе аз намоишҳои шабакаҳои телевизионӣ ба боди танз кашида мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дубора баҳси муҳтавои заифи телевизионҳоро дар Тоҷикистон доғ кард. Читать далее Агар намоишҳои TV-ҳо якранганд, бинандагон аз онҳо чӣ меҷӯянд? →

Шӯро бесарпараст аст, аммо ба оянда умед дорад

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ рӯзи 8-уми октябр аз фаъолияти семоҳааш натиҷагирӣ карда, хабар дод, ки дар ин муддат расонаҳои кишвар 159 маротиба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро поймол кардаанд. Читать далее Шӯро бесарпараст аст, аммо ба оянда умед дорад →

Шӯрои ВАО гузориши нақзи меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигориро рӯнамоӣ кард

Як мониторинги Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон нишон додааст, ки расонаҳо аз ҳама бештар меъёри ҷудо будани эҷод аз тиҷорату реклама ва асардуздиро поймол кардаанд. Мониторинги семоҳаи ин ниҳод ҳудуди 50 расонаро дар бар гирифтааст. Читать далее Шӯрои ВАО гузориши нақзи меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигориро рӯнамоӣ кард →