Архив рубрики: Хабарҳо

Додгоҳи олии Тоҷикистон 30 сомонаро баст. Кадом сомонаҳоро?

Додгоҳи олии Тоҷикистон 30 сомона ва саҳифаҳои марбут ба Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифин дар хориҷаро бастааст. Қарори додгоҳ рӯзи 12-уми ноябр нашр шуд ва рӯйхат аз саҳифаи «Бги дега» то «Озодандешон» ва «Кимиёи соадат»-ро дар бар мегирад. Мухолифон ба ин тасмими додгоҳ ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Читать далее Додгоҳи олии Тоҷикистон 30 сомонаро баст. Кадом сомонаҳоро? →

Мулоқоти Эммануэл Макрон ва Эмомалӣ Раҳмон дар Париж. ВИДЕО

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, рӯзи 8-уми ноябр бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардааст. Хабаргузории «Ройтерс» навишт, ки дидори раҳбарони ду кишвар дар Қасри Елисейи Париж баргузор шуд. Читать далее Мулоқоти Эммануэл Макрон ва Эмомалӣ Раҳмон дар Париж. ВИДЕО →

Беҳимояттарин қишри ҷомеа журналистонанд

Шӯрои ҳимояи журналистон (Committee to Protect Journalists) як ниҳоди бонуфузи байналхалқӣ раддабандии нави хатарноктарин кишварҳои оламро барои журналистон, ки бештари ҳолатҳои марги журналистон ноошкор мондааст, нашр кард. Раддабандии мазкур дар сомонаи расмии ин Шӯро нашр гардид. Читать далее Беҳимояттарин қишри ҷомеа журналистонанд →

Чанд тақозо аз Макрон пеш аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Дар остонаи мулоқоти раиси ҷумҳури Фаронса бо Эмомалӣ Раҳмон, ду созмони муҳими дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии матбуот аз Эммануел Макрон хостанд, ки ба масъалаи саркӯбу ҳабси мунтақидон, шиканҷа, маҳдудияти озодии баён ва маргумири боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон «чашм напӯшад». Қарор аст, мулоқот рӯзи 8-уми ноябр дар Париж баргузор шавад. Читать далее Чанд тақозо аз Макрон пеш аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон →

Ҷеймӣ Флай ва Эмомалӣ Раҳмон озодии баён ва аккредитатсияро баррасӣ карданд

Чанд рӯз баъд аз посухи пароканда ва нисбии Тоҷикистон ба дархости Радиои Озодӣ барои аккредитатсияи хабарнигору кормандонаш, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Дар ин дидор, ки бо дархости Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон ба Аврупо, дар Сюрихи Швейтсария сурат гирифт, ду ҷониб вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Читать далее Ҷеймӣ Флай ва Эмомалӣ Раҳмон озодии баён ва аккредитатсияро баррасӣ карданд →

Эмомалӣ Раҳмон: Қатъи фаъолияти “Озодӣ” дурӯғи маҳз аст

Президенти Тоҷикистон зимни дидор бо Ҷеймӣ Флай, Президенти Радиои “Озодӣ” хабарҳо мабнӣ бар қатъи фаъолияти дафтари ин радио дар Тоҷикистонро “дурӯғи маҳз” унвон кард. Читать далее Эмомалӣ Раҳмон: Қатъи фаъолияти “Озодӣ” дурӯғи маҳз аст →

Эрод ва талаби Эмомалӣ Раҳмон аз Радиои Озодӣ: ӯ овозаи басташавиро дурӯғ хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Сюрихи Швейтсария бо Ҷеймӣ Флай, президенти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” мулоқот кард.

Читать далее Эрод ва талаби Эмомалӣ Раҳмон аз Радиои Озодӣ: ӯ овозаи басташавиро дурӯғ хонд →

Дастрасӣ ба Интернет дар ҷаҳон «осон мешавад». Дар Тоҷикистон чӣ? САДО

50 сол пеш бо пайваст кардани ду компютер паёми аввалини электронӣ фиристода шуд ва ин ҳодиса аз кашфи Интернет дарак дод. Ин таҷриба 29-уми октябри соли 1969 аз тарафи Чарли Клайн, донишҷӯи Донишгоҳи Калифорния дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико ба воситаи шабакаи компютерии ARPANET анҷом шуд. Мегӯянд, паёми аввал аз ду ҳарф иборат буд: «Lo». Дертар маълум шуд, ки вақти фиристодани паём система ногаҳон хароб шудааст. Чарли Клайн мехост, калимаи «Login»-ро фиристад. Талоши дуюми ӯ натиҷаи мусбат дод. Читать далее Дастрасӣ ба Интернет дар ҷаҳон «осон мешавад». Дар Тоҷикистон чӣ? САДО →

Номаи Президенти Радиои Озодӣ ба Сироҷиддин Муҳриддин

Ҷейммӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми октябр бо ирсоли номае ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон, аз тасмими ин вазоратхона, ки бархе хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодиро сабти ном накард ва барои бархе дигар барои муҳлати кутоҳ иҷозаи фаъолият дод, интиқод намуд. Оқои Флай тайи ин нома гуфтааст, ки ин тасмим монеи анҷоми рисолати рӯзноманигорони Радиои Озодӣ дар дохили Тоҷикистон мешавад. Читать далее Номаи Президенти Радиои Озодӣ ба Сироҷиддин Муҳриддин →

ЭЪЛОН: қабули дархост барои иштирок дар тренинг

Моҳи ноябри соли 2019 Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар шаҳри Хуҷанд, дар доираи лоиҳаи «Рушди муносибатҳои ташкилии дохилӣ ва байнисоҳавии АМВАОМТ», бо дастгирии молиявии Интернюс Тоҷикистон, баргузории тренинги дурӯзаи «Баланд бардоштани қобилияти ташкилот»-ро ба нақша гирифтааст. Читать далее ЭЪЛОН: қабули дархост барои иштирок дар тренинг →