Ҳукми то ду моҳ дар ҳабс мондани Далер Шарифов, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик наздикон ва ҷомеаи хабарнигории кишварро нигарон кардааст. Худдории мақомот аз шарҳи сабабҳои боздошт ва ҳабси Шарифов фарзияҳои дигарро пеши рӯ гузоштааст. Як гуруҳ тахмин мекунанд, ки боздошти рӯзноманигор ба хотири интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумат ва паёме ба ҷомеаи рӯзноманигории кишвар аст. Гуруҳи дигар ба ин андешаанд, ки боздошти ӯ ба навиштаи китобаш бо номи «Муҳаммад ва терроризм» рабт дорад. Читать далее Далер Шарифов кист ва боздошташ чӣ паём дорад?
Архив рубрики: Хабарҳо
Вакилони дифои Далер Шарифов хостори озод кардани ӯ дар марҳилаи тафтишот шуданд.
Ҳуқуқшиносони «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз Додгоҳи шаҳри Душанбе дархост карданд, ки Далер Шарифов замони таҳқиқи парвандааш дар озодӣ бимонад. Рӯзи 31 январ вакилони дифоъ Абдураҳмон Шарифов ва Гулгуна Шозодаева нисбати қарори иҷоза барои ҳабс шикоят карда аз додгоҳ талаб карданд, ки «бинобар аз ҷониби Шарифов Далер надоштани хавф ба ҷамъият» аз боздоштгоҳ озод карда шавад. Читать далее Вакилони дифои Далер Шарифов хостори озод кардани ӯ дар марҳилаи тафтишот шуданд.
Рӯзноманигор Далер Шарифовро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе амр дод, ки Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари 32-солаи тоҷик, то анҷоми тафтиши парвандааш ду моҳ дар боздошт бимонад. Қарори додгоҳ 30-юми январ содир шуд. Мақомот гуфтанд, ӯ ба «барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ» (қисми яки моддаи 189-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст. Абдуманнон Шарифов, падари Далер Шарифов, баъд аз эълони қарори додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иттиҳомро қабул надорад. «Фарзандам ба ягон гурӯҳ шомил набуд ва танҳо ватанро дӯст медошт. Вай журналисти мустақил буд,» — афзуд ӯ. Читать далее Рӯзноманигор Далер Шарифовро ду моҳ ба ҳабс гирифтанд.
Мавқеи АМВАОМТ нисбати қазияи Далер Шарифов
Мо муътақид ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ҳастем, азбаски мақомот иттиҳоми мушаххас ба Далер Шарифов пешниҳод накардааст. Читать далее Мавқеи АМВАОМТ нисбати қазияи Далер Шарифов
31 январ кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?
31 январ оид ба ҷамъбасти соли 2019 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ мегузаронанд. Читать далее 31 январ кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?
Мулоқоти падараш бо Далер Шарифов. Бозпурсӣ идома дорад
Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, ки бо дидгоҳҳои интиқодиаш шинохта аст, рӯзи 28-уми январ ба бозпурсӣ даъват шуда, то ба ҳол раҳо нагардидааст. Пайвандонаш мегӯянд, сабаби бозпурсии ӯ маълум нест, аммо аз хонаашон чанд китоб ба хатти арабӣ ва комютерро бурдаанд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Далер Шарифовро мақомоти амниятӣ бозпурсӣ мекунанд. Мақомот дар ин бора ҳеч шарҳ намедиҳанд. Читать далее Мулоқоти падараш бо Далер Шарифов. Бозпурсӣ идома дорад
Донишкадаи тобистонаи рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказӣ
Барои ширкат дар Донишкадаи тобистонаи рӯзноманигорӣ барои соли 2020 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дархостҳо қабул карда мешаванд. Читать далее Донишкадаи тобистонаи рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказӣ
Бозпурсии рӯзноманигор Далер Шарифов. Ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст
Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро, ки бо дидгоҳҳои мутафовиташ шинохта мешавад, рӯзи гузашта ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Наздиконаш мегӯянд, бо гузашти ҳудуди 24 соат ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Далер Шарифов дар Идораи амнияти ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бозпурсӣ мешавад. Мақомот то ба ҳол ин мавзӯъро шарҳ надодаанд. Читать далее Бозпурсии рӯзноманигор Далер Шарифов. Ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст
29 январ кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?
Пагоҳ, 29 январ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд. Читать далее 29 январ кадом ниҳодҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?
Оё «Азия плюс» мушкили техникӣ дорад?
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, “Азия плюс” мушкили техникӣ дорад. Читать далее Оё «Азия плюс» мушкили техникӣ дорад?