Дар ноҳияи Файзобод номзадии рӯзноманигори 35-солаи тоҷик Завқибек Саидаминиро барои иштирок дар интихоботи порлумонии моҳи март рад кардаанд. Зиёратшо Акрамзода, раиси ҳавзаи интихоботии рақами 11 дар Файзобод, гуфт, ин тасмим баъди ошкор шудани чанд имзои, ба қавли ӯ, қалбакӣ гирифта шуд. Вай мегӯяд, дар маҷмуъ ҳабдаҳ имзои ҷамъовардаи рӯзноманигорро бекор карданд. Иддаое, ки Саидаминӣ рад мекунад ва мегӯяд, ёваронаш ба ҳар нафар ҳадафро ошкор фаҳмонида ва бо ризояти худи онҳо имзо гирифтаанд. Читать далее Номзадии Завқибек Саидаминӣ рад шуд. Номзадҳои аҳзобро сабтином карданд
Архив рубрики: Хабарҳо
Иброҳим Усмонов: “Ман дӯсти “Ҷавонон…” ҳастам”
33 ИМЗО ДАР ПОЯИ УМРЕ
— 90 сол дар ин рӯзнома 33 сармуҳаррир фаъолият кардааст, — иброз намуд ҳамсуҳбати мо. — Аз Ғуломризо Ализода то Шодихони Назар. Читать далее Иброҳим Усмонов: “Ман дӯсти “Ҷавонон…” ҳастам”
“Рӯзноманигор набояд сарчашмаи иттилооти худро зери зарба гузорад”
Суҳбати як нафар рӯзноманигорро бо раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев дар мавриди масъулияти журналистон дар назди сарчашмаи иттилооти худ манзури Шумо мегардонем. Ин муколама ба баъзе аз паҳлӯҳои истифодаи сарчашмаи иттилоот рӯшанӣ меандозад, ки донистани онон барои ҳамкасбон аз фоида дур нест. Читать далее “Рӯзноманигор набояд сарчашмаи иттилооти худро зери зарба гузорад”
6 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?
6 феврал Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» оид ба ҷамъбасти соли 2019 нишасти матбуотӣ мегузаронанд. Читать далее 6 феврал кадом вазорату корхонаҳо нишасти матбуотӣ мегузаронанд?
Кумитаи дин гуфт, навиштаҳои Далер Шарифовро ташхис мекунад
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки далели боздошти Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, танҳо нашри китоби ахири ӯ нест. Читать далее Кумитаи дин гуфт, навиштаҳои Далер Шарифовро ташхис мекунад
Посухи Додгоҳи Душанбе ба талаби озодии Далер Шарифов
Додгоҳи шаҳри Душанбе талаби раҳоии Далер Шарифов, хабарнигори боздоштшудаи тоҷикро рад кард. Қаблан вакилони мудофеи ӯ аз додгоҳи пойтахт хоста буданд, ки Шарифовро дар замони тафтиши парвандааш озод кунанд. Читать далее Посухи Додгоҳи Душанбе ба талаби озодии Далер Шарифов
Ҳарлем Дезир: Мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигор Далер Шарифовро озод кунанд
Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир шоми 3-юми феврал бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо кардааст. Читать далее Ҳарлем Дезир: Мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигор Далер Шарифовро озод кунанд
Ҳашт созмон ва даҳҳо журналист хостори раҳоии Далер Шарифов шуданд
Ҳашт созмони ҷамъиятиву журналистӣ ва даҳҳо хабарнигори тоҷик бо нашри як изҳорот аз боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик шадидан нигаронӣ кардаанд. Мақомот Шарифовро рӯзи 30-юми январ бо гумони «барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ» ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Аммо наздикон ва дӯстони Шарифов ин иттиҳомро беасос медонанд. Читать далее Ҳашт созмон ва даҳҳо журналист хостори раҳоии Далер Шарифов шуданд
Изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ вобаста ба боздошти Далер Шарифов
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ нигаронии шадиди худро дар робита ба боздошти рӯзноманигори мустақил Далер Шарифов изҳор медоранд. Читать далее Изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ вобаста ба боздошти Далер Шарифов
Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд. Читать далее Изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон