Архив рубрики: Хабарҳо

Дархости кумак ба хабарнигори бемор

[b]Ниҳодҳои хабарнигории Тоҷикистон хостори ироъаи кумаки молӣ ба Ҷумъабой Толибов, хабарнигори мустақил шудаанд[/b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳоди журнолистони ин кишвар аз хабанигорон ва соири атбоъи Тоҷикистон даъват кардаанд, ба Ҷумъабой Толибов, хабарнигори мустақил кумак кунанд.
Дар баёнияи муштараки ин созмонҳо, ки рӯзи чоршанбеи 21 сентябр мунташир гардид, вазъи саломатии оқои Толибов нигаронкунанда арзёбӣ шудааст, ки барои мудовои ҷиддии тиббӣ ниёз дорад.
Тибқи ин санад, боздошт ва муҳокимаи ин хабарнигор дар соли 2005 барои чопи матолиби интиқодӣ ва озодии ӯ аз боздоштгоҳи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд пас аз 6 моҳи зиндон, ҳамчунин, фишорҳо болои ӯ ва баста шудани нашрияи “Пайкон”, ки оқои Толибов муаассис ва сардабираш буд, ба саломатии ин хабарнигор асари манфӣ гузоштааст.
Зимнан, Вазорати адлияи Тоҷикистон дар авоили соли ҷорӣ бо даъвое дар қиболи Бюрои “Маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ”-и ин кишвар ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиа карда ва хостори мутаваққиф шудани фаъолияти ин ниҳод шуд.
Ҷумъабой Толибов, раиси ин созмон ва сардабири нашрияи “Пайкон” он замон гуфта буд, ки ҳадаф аз ин иқдоми вазорат эҷоди маҳдудият дар фаъолияти “Пайкон” аст.
Ба гуфтаи оқои Толибов, Бюрои “Маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журнолистӣ” муассиси “Пайкон” буда ва ин нашрия дар моҳҳои октябри соли гузашта ва январи соли ҷорӣ дар бораи вазир ва Вазорати адлия матолиби интиқодӣ чоп карда буд.
Барои бори аввал нест, ки аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ болои нашрияи “Пайкон” фишор ворид мешавад.
Дар авохири моҳи январи соли гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе нашрияи мустақилли «Пайкон»-ро муваззаф карда буд, ки маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ ба «Тоҷикстандарт», ниҳоди нозир бар колоҳои воридотӣ дар Тоҷикистон қаромат пардозад.
Ҳамчунин, дар пайи ҳаводиси водии Рашт дар тирамоҳи соли гузашта фаъолияти нашрияи “Пайкон” як муддат мутаваққиф шуда буд.
Ҷумъабой Толибов аз соли 1984 узви Иттиҳоди журнолистони Тоҷикистон буда ва дар нашрияи “Меҳнат”-и ноҳияи Айнӣ ва сохтори ҳукумати ин ноҳия фаъолият кардааст.
Наздикони оқои Толибов мегӯянд муҳокимаҳои додгоҳӣ ва мушкилоти табъу нашри нашрияи мустақили “Нури ҳақ” ва “Пайкон” оқои Толибовро ба бистари беморӣ кашонда ва ҳоло ӯ ба кумаки молӣ шадидан ниёз дорад.
Дар баҳори соли ҷорӣ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳоди журнолистони Тоҷикистон зимни як муроҷиъа хостори ироъаи кумаки молӣ ба ба хонаводаи Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонӣ, шуда буданд.
Беш аз 6 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ, ки аз ҷониби созмонҳои хабарнигорӣ, нашрияҳои мустақил, хабарнигорони алоҳида ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда буд, моҳи августи соли ҷорӣ, дар шаҳраки Шайдон, маркази ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба хонаводаи оқои Исмоилов таҳвил шуда буд.

Мардони Муҳаммад

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110921_mm_talibov_appeal.shtml

Додситонӣ барои Урунбой Усмонов панҷ соли зиндон дархост кард

[b]Додситонӣ хостори панҷ соли маҳкумияти Урунбой Усмонов, хабарнигорӣ Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон ва афви вай шудааст.[/b]
Назирҷон Абдураҳимов, намояндаи додситонии вилояти Суғд рӯзи чаҳоршанбеи 21 сентябр дар ҷаласаи додгоҳ аз қозии ин парванда хост, ки ин хабарнигор дар нақзи қавонини ин кишвар муҷрим дониста шавад.
Вале, вакилони мудофеъи оқои Усмонов дар суханронии худ куллия иттиҳомотро алайҳи муваккилашон “бепоя ва ғайриқонунӣ” дониста, хостори табраъа шудани оқои Усмонов шуданд.
Гуфта мешавад, ки муҳокимаи додгоҳии Урунбой Усмонов ба марҳилаи ниҳоӣ расида ва эҳтимол дорад фардо ҳукми додгоҳ дар робита ба ин парвандаи эълом шавад.
Оқои Усмонов 13 июни соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони амниятӣ дар шимоли Тоҷикистон боздошт шуд. Мақомоти амниятӣ нахуст ӯро дар иртибот бо Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда буданд. Вай рӯзи 14 июл пас аз як моҳи боздошт таҳти шароити «берун нарафтан аз маҳалли зист» озод шуд.
Дар ниҳоят, ниҳодҳои амниятӣ ва додситонӣ Урунбой Ссмоновро расман дар «мушорикат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзобе, ки дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳ мамнуъ ҳастанд» ва дар «мусоъидат ба фаъолияти гурӯҳи ҷиноӣ» муттаҳам карданд.
Вакилони мудофеъи оқои Усмонов дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбеи додгоҳ ҳамаи ин иттиҳомотро рад карда ва гуфтанд, ки фаъолияти хабарнигории муввакилашон боъиси чунин иттиҳомот шудааст.
Ба гуфтаи Файзиниссо Воҳидова, яке аз вакилони оқои Усмонов, “тамоми далоили бозрасони ин парванда аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст омадааст.” Ба ин далел, вай хост, ки Эраҷ Давлатов, масъули бахши амниятии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки Урунбой Усмоновро боздошт кардааст, “ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.”
Абдуқаюм Юсупов, вакили мудофеъи дигари оқои Усмонов, дар ҷаласаи додгоҳ ҳамчунин хост, ки алайҳи Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Саидмуҳиддин Саидов, бозраси ин парванда, “таъйиноти махсус бароварда шавад.”
Зеро, ба эътиқои оқои Юсупов, ин ду маъмури амниятӣ аз нақзи ҳуқуқи Урунбой Усмонов ҷилавгирӣ накардаанд.
Файзиниссо Воҳидова гуфтааст, ки “тамоми далоиле, ки бозрасон ҷамъовари кардаанд, эътибори қонунӣ надоранд.» Зеро, ба гуфтаи вай, ин далоил бо истифода аз шиканҷа ба даст оварда шудаанд ва тибқи қавонин, додгоҳ наметавонад ба онҳо эътимод дошта бошад.
Зимнан, худи Урунбой Усмонов дар ҷаласаи додгоҳ эълом карда буд, ки дар нахустин рӯзи боздошташ мавриди шиканҷа қарор гирифта ва ночор шудааст алайҳи худ баёнот диҳад.
Хонум Воҳидова афзудааст, ки гузашта аз ин, дар рӯзҳои нахустини боздошт оқои Усмонов вакили мудофеъ надошт ва “аризаи радди вакил низ бояд дар ҳузури худи вакил навишта мешуд, ки ин тавр нашуд ва ин амр низ муғойир ба қавонини Тоҷикистон аст.”
Файзиниссо Воҳидова дар додгоҳ ҳамчунин гуфт, ки “азназаргузаронии манзили оқои Усмонов ғайриқонунӣ анҷом шудааст, зеро, Эраҷ Давлатов, масъули амниятии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз салоҳияти таҳияи санади азназаргузаронӣ бархурдор нест.”
Ин вакили мудофеъ ҳамчунин салоҳияти мутахассиси компутариро, ки компутари оқои Усмоновро бозрасӣ кардааст, зери суол бурдааст. Вай афзхуд: “Ба ин далел, иттиҳомоте, ки бар пояи далоили аз компутар пайдошуда, ироа мешаванд, ботил ҳастанд.”
Ин дар ҳолест, ки маъмурони амниятӣ гуфтанд, ки маводди аз компутари оқои Усмонов дарёфтшударо мавриди бозрасии “як ҳайъати экспертизаи сиёсӣ-адабӣ” бо шумули устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд қарор додаанд.
Вале вакилони мудофеъ салоҳияти ин ҳайъатро низ зери суол бурданд, зеро “дар байни ин афрод ҳатто як нафар сиёсатшинос набуда ва баръакс як устоди фанни риёзӣ будааст.”
Аз сӯйи дигар, вакилони мудофеъ ошкор сохтаанд, ки як эътирофоти Урунбой Усмонов 14 июл аз сӯйи бозрасони амниятӣ ба парвандаи ҷиноӣ изофа шудааст, ҳарчанд он замон парванда дар баррасии додситонӣ қарор доштааст.
Ба гуфтаи Файзиниссо Воҳидова, ин амр ғайриқонунӣ аст, зеро додситонӣ дар сурати дарёфти иттилоъи ҷадид, муваззаф буд, ки парвандаро барои “таҳқиқи изофӣ” ба ниҳодҳои амниятӣ бозмегардонд.
Дар ҳамин ҳол, додситонӣ аз додгоҳ алайҳи чаҳор нафари дигар дар ин парванда, ки дар узвият ба Ҳизби таҳрир муттаҳам шудаанд 23 ва 25 соли зиндонро тақозо кардааст.
Ду нафар аз ин афрод дар додгоҳ гуфтанд, ки ҳеҷ гоҳ узви Ҳизби таҳрир набудаанд ва иттиҳомоти алайҳи худро радд кардаанд. Аз миёни ин чаҳор нафар танҳо як фарди мазнун вакили мудофеъ дошта ва дигарон аз кӯмакҳои ҳуқуқӣ бархурдор нестанд.

Би-би-си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110921_if_urunbay_usmonov.shtml

Файзинисо Воҳидова: «Хабарнигорон дар додгоҳ шаҳодат бидиҳанд»

[b]Вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Хуҷанд хостааст, ду хабарнигоре, ки дар рӯзҳои нахустини боздошти оқои Усмонов бо ӯ дидор доштанд, дар додгоҳ шаҳодат бидиҳанд.[/b]

Файзинисо Воҳидова муътақид аст, ки ин хабарнигорон бояд асари шиканҷа дар сару рӯйи оқои Усмоновро дар ҷараёни дидорашон дида бошанд.

Ин суханонро вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов дар ҷаласаи додгоҳии пас аз зӯҳри рӯзи душанбе дар Хуҷанд гуфтааст.

Вай гуфт, ки ин хабарнигорон бояд ба ҷаласаи додгоҳ даъват шуда ва дар бораи дидорашон бо муваккилаш шаҳодат бидиҳанд.
ӯ
Ленура Мустафаева ва Илҳоми Ҷамолиён, ду хабарнигори маҳаллии Хуҷанд тавонистаанд, чанд рӯз пас аз боздошти оқои Усмонов, бо пойдармиёнии маъмурони амниятӣ дар вилояти Суғд бо оқои Усмонов қабл аз дидори вакили мудофеъаш бо ӯ мусоҳиба кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи оқои Усмонов дар ҷаласоти қаблии додгоҳ ҷузъиёти шиканҷа алайҳи вай мунташир шуд.

Нахустин ҷаласаи қазияи пурсарусадои Ӯрунбой Усмонов, ки додситонӣ ин хабарнигори Би-би-сӣ-ро дар иртибот доштан бо аъзои Ҳизби мамнӯъи таҳрир муттаҳам кардааст, рӯзи 16-уми август баргузор шуд.

Пас аз ин ҷаласаи додгоҳӣ Би-би-сӣ, созмонҳои байналмилалии Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва “Афви Байналмилал” бо интишори баёнияҳое иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмоновро “сохта” арзёбӣ карданд.

Дар баёнияи Би-би-сӣ аз ҷумла гуфта шуда буд: «Вақте аз оқои Усмонов суол шуд, вай ба додгоҳ гуфт, ки пас аз боздошт мавриди шиканҷа қарор гирифта ва аз ҷумла, маъмурон ӯро задаанд ва дастонашро бо сигор сӯзондаанд. Вай ҳамчунин гуфт, ки ӯро маҷбур кардаанд эътирофномаеро, ки қироат мешуд, имзо кунад.»

Би-би-сӣ ва созмонҳои дигар аз замони боздошти оқои Усмонов дар 14-уми июни соли ҷорӣ пайваста аз наҳваи боздошт ва эҳтимоли мавриди шиканҷа қарор гирифтани ӯ дар тӯли боздошти якмоҳааш ибрози нигаронӣ карда буданд, вале мақомот вуҷуди бадрафторӣ алайҳи оқои Усмоновро мукарраран радд мекарданд.

Зимнан дар ҷаласаи муҳокимаи қазияи Ӯрунбой Усмонов раҳбари гурӯҳи бозрасони кумитаи амнияти Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, ки “ҷавонӣ ва камтаҷрибагии бозрас ” боъиси “хатогиҳо” дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи Урунбой Усмонов шудааст.

Ин дар ҳолест, ки бино ба матни парвандаи Ӯрунбой Усмонов амалиёти боздошти оқои Усмонов аз сӯйи Эраҷ Давлатов, масъули бахши амният дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров анҷом шудааст.

Аммо ба гуфтаи Шодихон Назаров, қозии додгоҳ дар ҷаласаи рӯзи 19-уми сентябр Эраҷ Давлатов тавассути нома ба додгоҳ даъват шуда, вале ба ҷаласа ҳозир нашудааст.

Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ ба ширкат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзоби динии мамнӯъ муттаҳам шудааст.

Дар ҳамин ҳол Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов дар ҳоле хабарнигорони маҳаллиро барои додани шаҳодат дар ҷаласаи додгоҳ даъват кардааст, ки қаблан бо ирсоли номае ба раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон хостори арзёбии ахлоқии мақолаи Ленура Мустафаева, хабарнигори Пресса.тҷ дар бораи муваккили зиндонии худ шуда буд.

Ба эътиқоди хонуми Воҳидова ин мақола асли бароъат дар нисбати муваккили ӯро нақз карда ва ба шаъну шарафи ӯ латма ворид кардааст.

Қарор аст идомаи муҳокимаи ин парванда фардо 20-уми сентябр дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд сурат бигирад. Интизор меравад муҳокимаи ин парванда дар ҳафтаи ҷорӣ анҷом ёбад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110919_sq_urunboy_court.shtml

ГЛАВА «ХИЗБ-УТ-ТАХРИР» В ТАДЖИКИСТАНЕ ДАЛ ПОКАЗАНИЯ ПРОТИВ РЕПОРТЕРА БИ-БИ-СИ

[b]Глава экстремисткой партии «Хизб-ут-тахрир» в Таджикистане Шариф Якубов начал давать показания против репортера Центральноазиатской службы Би-Би-Си Урунбоя Усмонова.[/b]

На судебном слушании, которое состоялось 19 сентября в Худжанде в здании облсуда Согдийской области, председательствующий на процессе заместитель облсуда Шодихон Назаров зачитал показания Шарифа Якубова, который подтвердил свое знакомство с журналистом, а также сообщил о том, что Усмонов поддержал идеи партии о создании исламского государства.

В свою очередь, Урунбой Усмонов отрицал почти все, в том числе и связь с Якубовым. «Это провокация! Меня подставили, но кто — я не знаю!», — заявил журналист.

Усмонов также сообщил: «Ш.Якубов в своих показаниях сказал, что я пообещал ему распространить материал, записанный на диктофон, на радио «Озоди». Но я никогда не сотрудничал с радио «Озоди». Принцип Би-Би-Си гласит, что если ты работаешь на Би-Би-Си, то не имеешь права по договору работать с другими корпорациями».

По словам адвоката журналиста Файзиниссо Вохидовой, показания Ш.Якубова не имеют юридической силы, поскольку они основаны на предположениях и противоречивы.

«Более того, следствие не провело очной ставки, — сказала защитник. — Очная ставка в данном случае необходима для устранения противоречий, и если не были устранены противоречия в суде, то ситуация решается в пользу подсудимого. Поэтому судья не имеет права в основу обвинений брать показания руководителя экстремисткой партии «Хизб-ут-тахрир» в Таджикистане Шарифа Якубова».

Адвокат сообщила, что подала ходатайство, чтобы пригласить на очередное слушание двух журналистов, которые первыми навестили журналиста после задержания в здании ГКНБ в Согдийской области — Ильхома Джамолиёна, руководителя областной ячейки Союза журналистов Таджикистана и Ленуру Мустафаеву_- журналиста Pressa.tj. «Они должны были видеть следы побоев на открытых участках тела Усмонова, особенно над бровью журналиста», — отметила Вахидова.

Сегодня слушание по делу У.Усмонова продолжается. Как вчера сообщил председательствующий на данном процессе судья, возможно, что сегодня состоятся прения сторон.

За слушаниями наблюдали Посол Великобритании в Таджикистане Тревор Мур, представители ОБСЕ, НАНСМИТ, журналисты, в том числе представители Би-Би-Си.

Напомним, на скамье подсудимых вместе с Усмоновым — еще четверо жителей Согдийской области, которым предъявлено обвинение в членстве в запрещенной партии «Хизб-ут-Тахрир».

Уголовное дело в отношении Усмонова было объединено в одно производство с уголовным делом этих подсудимых, потому что первоначально подсудимые дали показания против Усмонова. Однако, на очной ставке и позже (в первый день заседания 16 августа) они отказались от своих первоначальных показаний, но свою вину признали, сообщив суду, что являются членами «Хизб-ут-Тахрир».

Усмонов был задержан 13 июня этого года. Он обвиняется в «недонесении о совершении преступления». Спустя месяц после задержания репортер был выпущен под залог.

Би-Би-Си считает, что все обвинения, выдвинутые в адрес репортера, являются беспочвенными и представляют серьезную угрозу профессиональной журналистике и свободе слова в Таджикистане.

Мавлюда Рафиева

Источник: http://news.tj/ru/news/glava-khizb-ut-takhrir-v-tadzhikistane-dal-pokazaniya-protiv-reportera-bi-bi-

Озмуни вижа барои хабарнигорони ВАО-и Тоҷикистон

[b]Шӯъбаи ташкилоти байналхалқии Институти “Ҷамъияти кушода” — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон озмуни вижаеро барои хабарнигорон эълом доштааст.[/b]

Зимнан, дар чаҳорчӯбаи барномаи «Худидораи маҳаллӣ» барои журналистони воситаҳои ахбори оммаи чопӣ ва электронӣ барои иштирок дар омӯзиши дурӯзаи “Иштироки шаҳрвандон дар раванди буҷет, шаффофияти буҷет” конкурси мазкур сурат мепазирад. Гуфтанист, ҳадафи гузаронидани ин озмун интихоби журналистони ҳавасманд барои иштирок дар омӯзиши дурӯза оид ба иттилоотонии журналистон дар бораи раванди таъмини шаффофият дар соҳаи буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, омӯзиши истифодаи усулҳои ҷалби шаҳрвандон дар ҷараёни буҷет ва таъмини шаффофияти буҷети давлатӣ равона карда шудааст.

Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо – 20 сентябри соли 2011. Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, маркази тиҷоратии «Vefa», ошёнаи 4, дафтари кории ИҶК БМ ва ё бо почтаи электронии e-mail: firuza@osi.tajik.net. Иттилои бештарро аз нишонии зер пайдо карда метавонед: кӯчаи Бохтар 37/1, тел: 227-55-58, 441-07-44; 441-07-46, (92) 761 25 25 ё ба воситаи почтаи электронии firuza@osi.tajik.net дастрас намоед.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/2200-2011-09-16-04-56-32

Мулоқоти раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо мири шаҳри Панҷакент

[b]Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон барои ошноӣ пайдо кардан ба вазъи матбуоти шаҳри Панҷакент бо Хисрав Абдулназаров, раиси шаҳр ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мулоқот намуд.[/b]

Тавре ба «Озодагон» аз дафтари ин ниҳод иттилоъ доданд, раиси шаҳр нахуст дар мавриди вазъи воситаҳои ахбори оммаи шаҳр, тадбирҳо ҷиҳати пурра намудани фазои иттилоотии ин минтақаи наздисарҳадӣ ва дигар масоили муҳими фаъолити ВАО-и Панҷакент иттилоъ дод. Зимнан, Исмоилов перомуни фаъолияти мақоми олии худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ – Шӯрои ВАО маълумот дода, изҳор намуд, ки «Мақсади асосии мо ба вуҷуд овардани журналистикаи босифат ва мутобиқ ба меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ мебошад. Талошҳои мо ба он равона шудааст, ки қазияҳоро то марҳилаи додгоҳӣ ҳаллу фасл намоем ва аз нерӯи бузурги ҷомеаи журналистӣ ба манфиати ҷомеа истифода кунем».

Манбаъ афзуд, ар вохурӣ роҷеъ ба фаъолияти рӯзномаи шаҳрии «Зарафшон», телевизиони «Симо» ва дигар ВАО-и шаҳр сухан рафт. Мусоҳибон таъкид намуданд, ки риояи меъёрҳои ахлоқиву касбӣ нуфузи журналистикаи миллиро боло мебарад ва доираи ҳаводорони онро меафзояд. Сипас, дар толори ҳукумати шаҳр ҳамоиши омӯзишии Шӯрои ВАО барои жрналистони маҳаллӣ доир гардид. Баргардонандаи ин маҳфил, узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Шариф Ҳамдампур доир ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ маълумоти муфассал дод.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/2216-2011-09-16-10-57-01#

Тоҷикистон дар миёни дархосткунандагони амнияти интернетӣ

[b]Расонаҳои Чин гузориш додаанд, ки намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Чин ва Русия дар СММ зимни ироаи номаи муштарак ба Бон-ки Мун, дабири кулли ин созмон, хостори шомил сохтани мавзӯъи амнияти иттилоъотӣ ба дастури кори иҷлоси 66-уми Маҷмаъи Умумии СММ шудаанд.[/b]

Дар ин нома даъват шуда, ки дар ин иҷлос санади Қавойиди Байналмилалии Идораи Амнияти Иттилоъотӣ барасӣ ва ба унвони санади расмии ин иҷлос эътироф шавад.

Дар ин бора мақомоти вазорати хориҷаи Чин ба расонаҳои кишвараш хабар додааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин ба расонаҳо шарҳ додааст, ки ин санад «ҳуқуқ ва масъулияти давлатро дар қиболи шабакаҳои интернетӣ мушаххас мекунад» ва роҳро барои густариши ҳамкориҳои кишварҳо дар мубориза бо чолишҳои марбут ба ончи онҳо «амнияти иттилоъотӣ» меноманд, боз мекунад.

Йу Ҷанг, сухангӯйи Вазорати хориҷаи Чин, рӯзи сешанбеи 12 сентябр, дар нишасти хабарӣ дар Пекан гуфтааст: “Чин бовар дорад, иттилоъот ва амнияти интернет аз чолишҳои муштарак барои ҳамаи кишварҳо маҳсуб шуда ва аз тариқи ҳамкориҳои байналмилалӣ ба ин падида муқобала кардан мумкин аст.”

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=128]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=128[/url]

Мардони МУХАММАД

Источник:

Поёни ташхиси матолиби Исмоилов. Додгоҳ чӣ мегӯяд?

[b]Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ташхиси забонии мақолаҳои М.Исмоиловро анҷом додааст.[/b]

Натиҷаи ташхиси забонии мақолаҳои хабарнигори зиндонии тоҷик — МУҲАММАДЮСУФ ИСМОИЛОВ аз Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ба додгоҳ дастрас шудааст ва фардо, 16-уми сентябр додгоҳи ӯ аз сар гирифта хоҳад шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ МУҲАББАТ ҶӮРАЕВА, вакили мудофеи Исмоилов хабар дод. Вай гуфт, аммо аз натиҷаи ташхиси забоншиносон дар мавриди вуҷуд доштан ё надоштани даъват ба маҳалгароӣ дар мақолаҳои хабарнигори Муҳаммадюсуф Исмоилов иттилоъ надорад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар пайи фаъолияти касбӣ ва нашри мақолаҳои интиқодӣ роҷеъ ба фаъолияти мақомоти ноҳияи Ашт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, айбҳои тамаъҷӯӣ, барангехтани бомаҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир аз моҳи декабри соли гузашта то кунун дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд ба сар мебарад

Ба гуфтаи Муҳаббат Ҷӯраева, вале дар ҷараёни бозбинии додгоҳии парванда иттиҳомоти асосии алайҳи нафари таҳти ҳимояташ — «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ» исбот нашудааст. Сипас, моҳи июни соли ҷорӣ бо дархости вакили мудофеъ ҷиҳати ташхиси забониии мақолаҳои Исмоилов парвандаи вай ба Фарҳангистони улум ирсол шуд ва додгоҳ бозбинии парвандаро мавқуф гузошт.

Боздошти хабарнигори «Нури зиндагӣ» вокуниши густардаеро дар маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти хабарнигорро таҳаммулнопазирии мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номида ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Рӯзи 8-уми сентябри соли равон гурӯҳе аз рӯзноманигорони Суғд дар поёни як нишасти мизи гирд унвонии раисҷумҳур – Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳиши озод кардани Муҳаммадюсуф Исмоилов аз боздоштгоҳ ва расидагии мунфисона ба қазияи ӯ муроҷиатнома қабул карданд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар ноҳияи Ашт боздошт шуда, сипас ба боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта буд. МАҲТОББӢ АБДУЛЛОЕВА, ҳамсари вай мегӯяд, аз нодорӣ имкони сафар ба маркази вилоят ва дидор бо шавҳари худро надорад. Маҳтоббӣ афзуд, фарзанди онҳо — Умед замони боздошти падараш чаҳор моҳ дошт ва ҳоло раҳгардон шуда, вале падари худро надидааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24329033.html

Ҳамраъйӣ дар журнализми Тоҷикистон

(Конфронси маҷозӣ)

Рӯзи 5 сентябри соли равон дар фазои Facebook – саҳифаи «Тоҷикисони навин» бо ибтикори гурӯҳи рӯшанфикрони тоҷик конфронси маҷозӣ дар мавзӯи «Оё рӯзноманигорони Тоҷикистон метавонанд ҳамраъйю муттаҳид шаванд?» баргузор гардид, ки фишурдаи онро ба самъи Шумо пешкаш менамоем.

[b]Матни пурраи конфронси маҷозиро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=127]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=127[/url]

Источник:

Сардаргумӣ дар ТВ «Пойтахт»

[b]Дар пойтахти Русия аз шаби 5-ум ба 6-уми сентябр шабакаи ҷадиди телевизионӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки «Москва-24» ном дорад. Ин шабака иттилоотӣ буда, 24 соат дар шабонарӯз ба таври зинда хабару гузоришҳоро аз шаҳри Маскав ва атрофи он манзури бинанда хоҳад кард.[/b]

Вақте ин хабарро мехондам аз пойтахти кишварамон ёд кардам. Воқеан, пойтахти Тоҷикистон ҳам шабакаи телевизионии худро дорад, ки шояд дар ҳеч пойтахти дигари дунё намунаи онро ёфтан амри маҳол бошад.

«Пойтахт» шабакаи телевизиони ҷамъиятист, ки ҳукумати шаҳри Душанбе муассиси он маҳсуб мегардад. Ин телевизионро мешавад якбора аз рӯи чанд номгӯй ба китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод кард. 1. Барои тими эҷодӣ; 2. Кӯҳнатарин телевизиони асри 21; 3. Филм-плагиат;

Барномаҳое, ки ҳайати эҷодии ин шабака таҳия мекунанд, ба меъёрҳои журналистикаи имрӯз мутобиқ нестанд. Қолаби барномасозияшон низ шабакаҳои шӯравиро ба хотир меорад. Гузашта аз ин эҳсос мешавад, ки на ҳамаи кормандони ин шабака идеяву диди тозаи барномасозӣ доранд. Шояд сифати пасти барномаҳо ба дастгоҳхои кӯҳнаи сохти шӯравӣ тааллуқ бигирад? Зимнан, «Пойтахт» шояд ягона шабакаи телевизионӣ дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ (ё ягона ТВ дар тамоми пойтахтҳо) бошад, ки бо дастгоҳхои кӯҳна фаъолият мекунад. Шояд дастгоҳҳои рақамӣ низ дошта бошанд, аммо вақте ин шабакаро тамошо мекунӣ аз микрофонҳову наворҳо ва кадрҳои он эҳсос мешавад, ки бӯи дастгоҳи ҷадид барнамеояд. Дар ин шабака дилхоҳ филмро мешавад тамошо кард. Ҳатто филмҳое, ки ҳанӯз дар кинотеатрҳои кишвари истеҳсолкунанда намоиш дода нашудаанд. Ба гумони ғолиб ба мазмуни ин филмҳо қабл аз ба эфир гузоштан касе таваҷҷӯҳ намекунад, зеро онҷо лаҳзаҳои фаҳшу таҳқирро низ баъзан вохӯрдан мумкин аст. Гузашта аз ин сифати бархе аз ин филмҳо ба ҳаде пастанд, ки дар як дақиқа чанд бор ист мекунанд. Пушти қутии ин филмҳо аслан «барои намоиши хонаводагӣ» (для домашнего прасмотра) навишта шудааст. «Пойтахт» барномаҳои мустақим низ дорад. «Занги телефон» яке аз чунин барномаҳост, ки ман онро муваффақнашуда меҳисобам. Микрофонҳо дар ин барнома ҳамеша мушкил доранд. Тарзи пешниҳоди он низ хоси як телевизион нест. Гузашта аз ин шаби 5-уми сентябр ин барнома гӯё рӯҳияи ҷашнӣ дошт. Онҷо якбора чанд сарояндаро даъват намуда буданд. Ва ровии барнома ҳар навбат бо ишораи даст якеро ба назди худ мехонд ва сипас мегуфт, ки «ҷои худро дар маркази саҳна бигиред». Гӯё агар он сароянда дар марказ неву дар лаби саҳна истад, фонограмма садо намедиҳад.

Воқеан, дар мавриди фонограмма. Зимни ба «маркази саҳна» баромадани чанд сароянда коргардон сурудҳоро иваз намуд, ки дар натиҷа ба ҷои фонограммаи суруди овозхоне, ки дар саҳна аст, оҳанги нафари дар навбатбуда баланд шуд…
Дар пешниҳоди иттилоъ низ ин шабака бо ду по мелангад. Барномаи «Пайём» ҳисоботро ба ёд меорад. Дар он фаврият, сареҳият ва муҳимият-се меъёри аслии барномаи иттилоотӣ дида намешавад. Дар мавриди сайти интернетӣ бошад, ҳоҷати гап нест.

Ман иддаои бар пояи ТВ «Москва-24» расидани ТВ «Пойтахт»-ро надорам, зеро дар шароити имрӯз ин чиз имконнопазир аст. Аммо ҳамчун як нафаре, ки дар пойтахти Тоҷикистон кору фаъолият дорам, намехоҳам, ки бо чунин шабакаи телевизионӣ назди хориҷиҳо хандахариш шавем. Бо умеди то маросимҳои навбатии ҷашнгирии истиқлолият симои пойтахт шудани ТВ «Пойтахт» ҳамаи кормандони ин шабакаро бо истиқлолият табрик мегӯям!

Ozodagon.com

Источник: http://ozodagon.com/sabznoz/89-2011-04-13-07-24-36/2106—lr