Архив рубрики: Хабарҳо

Коршинос: “Агар даъвогар дар мурофиаи додгоҳӣ ноком гардад, бояд лаҳзае дар мансаби хеш боқӣ намонад”

[b]Тавсияҳои Ҳамоиши ҷумҳуриявии «Озодии баён ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон», ки ахиран интишор ёфт, баёнгари он нукта аст, ки воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ дар талоши дарёфти ҳақу ҳуқуқҳои худ барои дарозмуддат гомҳои устувор мегузоранд. Ин тавсияҳо дар ҷараёни ҳамоиши 115 нафар роҳбарони созмонҳои журналистӣ, воситаҳои ахбори чопиву электронии давлатӣ ва мустақил, коршиносони соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва журналистон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар, ки аввали моҳи май доир гардида буд, таҳия шуд. Вале аз назари баъзе собиқадорони матбуоти кишвар тавсияҳо ҳамоно таҳрир мехоҳанд ва бояд дар шакли комилтар аз ин мавриди қабул қарор гиранд. Аз ҷумла, Насибҷон Амонӣ, журналисти тоҷики муқими Алма-Ато, дорандаи ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Қазоқистон таҳияи тавсияҳоро ташаббуси наҷиб медонад ва мегӯяд, онро боз ҳам бояд комил сохт.[/b]

— Баргузор шудани ҳамоише бо номи «Озодии баён ва сарнавишти воситаҳои ахбори оммавӣ ё расонаҳои мустақили гурӯҳӣ дар Тоҷикистон» моро умедвор месозад, ки дар кишварамон воқеан чунин расонаҳои мустақил ба маънии томи вожа фаъолият кунанд. Тавсияҳое, ки дар ин росто ба миён гузошта шудаанд, низ барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат хоҳанд кард. Дар ин тавсияҳо дуруст таъкид гардидаст, ки як зумра дастурҳои раиси ҷумҳур ва ҳукумат барои озодтар кардани фаъолиятҳои журналистон ва аз байн бурдани саддҳои дар қонунгузорӣ вуҷуддошта ба суди расонаҳои мустақил ва дар маҷмӯъ ба манфиати ҷомеа аст. Ҳамчунин, пешниҳод дар бораи омӯзиши таҷоруби кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мисли ИМА, Олмон, Укроин ва ғайра дар мавриди танзими истифодабарии Интернет ва вокуниш ба он имкон хоҳад дод расонаҳои мустақили гурўҳии мо дар роҳи расидан ба озодии ҳақиқии хеш гоме ба пеш гузоранд. Вале, ба назари инҷониб, баъзе воқеиятҳои имрӯзӣ аз назар дур мондаанд, ки агар ба онон низ таваҷҷўҳ мешуд, ба суди кори расонаҳои мустақил мебуд.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=195]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=195[/url]

Источник:

Ду телезивиюни хусусӣ фурӯдгоҳи Хуҷандро ба додгоҳ кашиданд

[b]Шабакаҳои телевизиюни хусусии «Ҷаҳоноро» ва «Азия» аз аъмоли ба гуфтаи онҳо ғайриқонунии кормандони фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба додгоҳ шикоят бурдаанд.[/b]

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи ин ду шабакаи телевизиюнӣ, рӯзи панҷшанбеи 17 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки шикояти онҳо ба додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ирсол шудааст.

Дар шикояти Аъзамхон Акбаров ва Маҳмудҷон Дадобоев, руасои шабакаҳои телевизиюнии хусусии «Азия» ва «Ҷаҳоноро», кормандони бахши амниятии фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба нақзи муқаррароти Қонуни асосӣ дар мавриди озодии баён ва дарёфти иттилоъот муттаҳам шудаанд.

Дар додхости онҳо омадааст: «Дар рӯзи 4 марти соли ҷорӣ парвози ҳавопаймо дар масири Душанбе-Хуҷанд ба далоили номаълум ба таъвиқ афтод ва хабарнигорони шабакаҳои «Азия» ва «Ҷаҳоноро» ба дархости мусофирон ба фурӯдгоҳ омада ва барои рӯшан кардани иллати таъвиқ талош кардаанд.»

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=194]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=194[/url]

Мардони Мухаммад

Источник:

Додоҷони Атовуллоҳ: \’Омили ҳамла ба Тоҷикистон фирор кардааст

[b]Бозрасони парвандаи ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори мухолифи давлати Тоҷикистон, гуфтаанд, ки омили ин ҳодиса ба Тоҷикистон фирор кардааст.[/b]

Дар ин бора оқои Атовуллоҳ рӯзи чаҳоршанбеи 16 май дар суҳбате ихтисосӣ ба Би-би-сӣ хабар дод.

Ин рӯзноманигори 56-солаи табъидӣ, ки муддатест дар Олмон ба сар мебарад, мегӯяд, ки комилан шифо ёфта ва бо кумисари ҳуқуқи башари Олмон мулоқот кардааст.

Вай шоми рӯзи 12 январ дар Маскав ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва шадидан захмӣ шуда буд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=193]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=193[/url]

Источник:

Ҷомеаи журналистӣ: Танзими қонунии блокировкаи сайтҳо ба роҳ монда шавад

[b]Конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки аввали моҳи равон зери унвони «Озодии баён ва сарнавишти ВАО-и мустақил дар Тоҷикистон» сурат пазируфт, ахиран сил-силаи тавсияҳоеро таҳия намуда, фардо барои баррасӣ ба ҳукумат ва панҷ вазорати кишвар пешниҳод хоҳад кард.[/b]

3-юми майи соли 2012 бо ҳузури беш аз 115 нафар роҳбарони ташкилотҳои журналистӣ, воситаҳои ахбори чопиву электронии давлатӣ ва мустақил, коршиносони соҳа, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ ва журналистон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Ҳамойиш бо ибтикори Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ва ҳамдастиву шарикии тамоми созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла Иттифоқи журналистони Точикистон, Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Медиа- алянси Тоҷикистон, Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз», ташкилотҳои ҷамъиятии «Журналист», «ИНДЕМ» ва «Хома», фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» сурат пазируфт. Иштироккунанадагон дар чор бахш муҳимтарин проблемаҳои мавҷудаи соҳаро баррасӣ намуда, тавсияҳои мазкурро пешниҳод сохтанд:

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=192]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=192[/url]

Источник:

Қадрдонӣ аз ҷонбохтагони сухан ва хабар дар соли 2011

[b]Номи 70 журналисте, дар соли 2011 ҳангоми иҷрои рисолати худ кушта шудаанд, дар Осорхонаи Newseum абадӣ гардид.[/b]

Иловаи номҳои нав ба феҳрасти журналистони кушташуда як маросими ғамангез ва ҳамзамон ифтихоромезе буд, ки шояд дар ватани журналистони шаҳид, ба монанди Афғонистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Русия ва ғайра баргузор нагашта бошад. Ин ҷо ҳамаи онҳоеро ёд карданд, ҳангоми иҷрои вазифаи журналистии худ дар соли 2011 ҳаёти хешро бохтаанд.

Крис Веллс, ноиб-президенти пешини созмони Freedom Forum, ки аз озодии матбуот дифоъ мекунад, раҳбари маросиме буд дар назди девори ёдбуди Осорхонаи журналистика дар Вашингтон, пойтахти Иёлоти Муттаҳида. Вай гуфт, ин 70 нафарро садоқат ба пешаи журналистӣ имрӯз дар ин ҷо ба ҳам овард: «Онҳо ба забонҳои гуногун ҳарф мезаданд, дар риштаҳои мухталифи хабарнигорӣ кор мекарданд. Бархе аз онҳоро миллионҳо нафар дар барномаҳои шомгоҳии ахбор медиду мешинохт, номи бархи дигар номаълум мемонд. Бархе хатари бевоситаро медонистанд, аммо аксари онҳо ғофилгир шудаанд. Хислате, ки онҳоро муттаҳид мекард, садоқат ба кори журналистӣ буд ва ҳақиқаташ ин аст, ки онҳо хеле зуд моро тарк карданд.”

Бино бар иттилоҳи Нюзей, шакли тағйирхӯрдаи Музейи журналистикаи Иёлоти Муттаҳида, ҳафт хабарнигор соли гузашта дар Ироқ ҳангоми гузоришдиҳӣ кушта шуданд. Ин кишвар яке аз хатарноктарин ҷои дунё барои журналистон унвон шудааст. Дар байни онҳо Ҳилол Аҳмадии 50-сола низ ҳаст, ки бештар дар мавзӯи фасоди молӣ ва маъмурӣ менавишт. Ӯро бо даҳҳо тири пулемет дар моҳи феврал, замоне куштанд, ки аз хонааш мебаромад.

Сабоҳ ал-Бозӣ, хабарнигори телевизиони “Ал-Арабия” дар бинои ҳукумати маҳаллӣ дар Тикрит аз таркиши бомб ба ҳалокат расид. Вай 30-сола буд.

Дар соли гузашта ҳафт журналисти покистонӣ кушта шуданд, ки дар ин маросим аз ҳар яки онҳо ном бурда шуд.

• Насруллоҳхон Афридӣ,
• Валихон Бобур,
• Шафиуллоҳ Хон,
• Исфандиёр Обид Навид,
• Файсал Қурайшӣ,
• Ҷовид Носир Ринд,
• Сайид Салим Шаҳзод.

Шаҳзоди 40-сола дар бораи пайвандҳои ниҳони байни нерӯҳои баҳрии Покистон ва шабакаи ал-Қоида менавишт ва моҳи майи соли гузашта ҷасади ӯ дар ҷанубушарқи Исломобод пайдо шуд. Полис мегӯяд, дар он осори шиканҷа ба назар мерасид. Шаҳзод, мудири дафтари нашрияи интернетии Asia Times Online, ки дар Ҳонг Конг марказ дорад, пас аз ду рӯзи чопи мақолааш дар бораи ҳамлаи ал-Қоида ба пойгоҳи нерӯҳои баҳрӣ дар Карочӣ бо эътироз аз боздошти афсаре, ки гуфта мешуд бо ин шабака дар робита аст, бенишон гашт. Радиои “Машъал”, бахше аз Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Шаҳзод аз таҳдиди кормандони хадамоти ҷосусии Покистон шиква мекард.

Нависандаи саршинос ва хабарнигори Бахши озарии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Рафиқ Тақӣ низ дар миёни онҳое буд, ки номашон ҷовидона дар девори ёдбуд сабт хоҳад гашт. Тақии 61-сола баъд аз чанд зарбаи корди ҳамлавари номаълум дар моҳи ноябри соли гузашта дар бемористони Боку ҷон дод. Мунаққиди исломи сиёсӣ дар Озарбойҷон ва режими исломӣ дар Эрон пеш аз марг гуфт, фикр мекунад, барои мақолаҳояш дар бораи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Исломӣ ҳадаф қарор гирифтааст.
Ҳоҷимурод Камолов, журналисти номдори Доғистон, ҷумҳурие дар Қафқози Шимолии Русия буд. Вай ҳафтаномаи “Черновик”-ро ба нашр мерасонд ва дар бораи бадрафтории полис бо гумонбарони ошӯби исломӣ, ки аз Чеченистон бархоста, ба ҳама минтақа паҳн шудааст, зиёд менавишт. Шахсони ниқобпӯш ӯро дар дами дари коргоҳаш ҳадафи тир қарор доданд.

Бо номҳои нав шумораи чеҳраҳои девори ёдбуд дар Вашингтон, ки аз соли 1837 бунёд шудааст, ба 2 156 нафар расид. Аз Тоҷикистон дар ин девори таърих номи инҳо забт шудааст:

• Олим Абдулов
• Муҳиддин Олимпур
• Ширинҷон Амирҷонов
• Тоҳирҷон Азимов
• Мухтор Бугдиев
• Ҷамшед Давлатмамадов
• Таваккал Файзуллоев
• Саидҷон Фахриддинов
• Хушвахт Ҳайдаршо
• Ҳамидҷон Ҳакимо
• Филолишо Хилватшоев
• Тӯра Қобилов
• Шарофуддин Қосимов
• Хушвақт Муборакшоев
• Виктор Никулин
• Махсум Олимӣ
• Эмма Подобед
• Давлаталӣ Раҳмоналиев
• Аркадий Рудерман
• Табаралӣ Саидалиев
• Пиримқул Сатторӣ
• Кишварой Шарифова
• Муродулло Шералиев
• Зуҳуриддин Суярӣ
• Зикрулло Валиев
• Cаидмурод Ёров
• Олимҷон Ёрасонов
• Олим Заробеков

Аксари онҳо дар солҳои ҷанги дохилӣ ва нооромиҳои баъдии Тоҷикистон кушта шудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24580822.html

Коршинос: «Ягона василае, ки озодии суханро пурра таъмин мекунад, муттаҳидии худи журналистон аст»

[b]Ҳамасола рӯзи 3-ми май журналистони тоҷик, Рӯзи озодии суханро ҷашн мегиранд. Дар назар аст, ки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд, рӯзи 5 майи соли равон, дар «Кохи матбуот» ин рӯзро бо дастгирии намояндагони мақомоти Суғд ва созмони ОБСИ таҷлил хоҳанд кард.[/b]

Вале як назарпусие, ки мо оид ба ҷойгоҳи озодии баён дар кишвар миёни журналистони суғдӣ доир намудем, собитгари он буд, ки назарҳо дар ин бора мухталифанд. Суоле ки мо бо чанде аз коршиносон ва журналистон дар миён гузоштем ин буд: Оё шумо то куҷо дар фаъолияти худ озодии баёнро эҳсос мекунед?

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=191]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=191[/url]

TojNews

Источник:

Хабарнигори «Сафина»: Ҳамла ғофилгирона ва тунд буд

[b]Наздикони Далер Шарифов, хабарнигори телевизиони «Сафина», мегӯянд, мақомот яке аз ҳамлавронро боздошт кардаанд.[/b]

Далер Шарифов , хабарнигори шабакаи «Сафина» ва аз масъулони созмони сабтиномнашудаи «Қадам ба қадам» шоми 7-уми май дар наздикии бинои сафорати Русия, дар маҳаллаи 82-юми Душанбе, аз тарафи афроди ношинос мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

Ӯ, дар ҳоли ҳозир дар бемористони Қарияи болои пойтахт таҳти табобати пизишкон қарор дорад, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамла ба ҳадде ғофилгирона ва тунд ба вуқӯъ пайваст, ки ӯ натавонистааст мутаваҷҷеҳи сурати ҳамлаварон бишавад. «Вақте ба ҳуш омадам, дидам, ки дар рӯи кати беморхона ҳастам»,-афзуд Шарифов.

Вай илова кард, «аз қафои сар зарба заданд. Баъд зери шатта гирифтанд. Ним соат бештар моро онҷо моломол карданд. Баъд бо як таксӣ маро ба беморхона овардаанд.» Ба гуфтаи Далер Шарифов ҳуҷуми ногаҳонӣ дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ ва рафиқаш Далер Муҳтоҷов соатҳои даҳуними шаби 7-уми май барои харид ба самти дӯкони шафати роҳ ҳаракат мекарданд. Ҷаноби Шарифов гуфт, кормандони умури дохилӣ як ҳамлаварро боздошт кардаанд, ки чеҳраи ӯ ба Далер Муҳтоҷев ҳамроҳи Далер Шарифов ошно будааст.

Далер Муҳтоҷов ҳамроҳи Далер Шарифов дар сӯҳбати телефонӣ таъйид кард, ки боздоштшуда ба яке аз ҳамлаварон шабоҳат дорад. Ӯ гуфт, ҳарчанд ҳодиса дар торикӣ рух дода буд, вале ӯ ин нафарро шинохтааст: «Рафта дидам, гуфтанд, ки ӯ ҳамин аст? Гуфтам, ки сад дарсад наметавонам бигӯям, ки ҳамин нафар ӯ ҳаст. Лекин ин нафар ба ӯ бисёр монанд аст. Шаклу қиёфаву қадду басташ монанд. Лекин гӯӣ, ки маҳз ҳамин ӯ аст, дар торикӣ шинохта намешуд. Баъд маро ҷавоб доданд.»

Аммо Нуралӣ Пиров, муовини сардори шӯъбаи умури дохилии шаҳри Душанбе гуфт, шаби гузашта ҳодисаи латукӯби шаҳрвандон дар пойтахт сабт нашудааст ва касеро бо чунин ҷурм боздошт накардаанд: «Ман ҳоло кормандонро дар мавриди ҳодисаи латукӯби шабона мепурсам, касе чизе намегӯяд. Дар басти шабона чунин ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст. Мо дар он ҳолат ба қайд мегирем, ки ба мо хабар дода бошанд ва ё беморхона моро дар ҷараён гузорад.»

Аммо Далер Шарифов иртиботи ҳодисаи ҳамла ва ташкили созмони «Қадам ба қадам»-ро, ки худ яке аз муассисонаш аст, такзиб ва ё таъйид накард. Вай гуфт, дар ҳақиқат баъд аз эъломи таъсиси ин созмони иҷтимоӣ, ки бо мақсади аз байн бурдани маҳалгароӣ дар миёни ҷавонон ташкил шудааст, гирди номи ӯ ҳар гуна овозаҳо пароканда шуданд ва дар телефони ҳамроҳ ва имейли худ аз афроди ношинос паёмҳои таҳдидомез дарёфт карда буд. Вай гуфт, шомили кадом ҳизби сиёсӣ нест, вале замони донишҷӯӣ ду сол дар манзили Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар шаҳри Душанбе баъди марги ӯ зиндагӣ кардааст.

Далер Шарифов ҷанбаи хусусӣ доштанӣ ҳодисаи ҳамла ба худро низ истисно накард. Ӯ гуфт, дар ҳар сурат бисёр мехоҳад мақомот омилони ин ҳамларо ошкор созанд. Далер Шарифов хабарнигори телевизиони «Сафина» бо ток-шоуи «Муошират» ва ҳамчунин барномаи «Қатрае аз баҳр» дар байни тамошобинон маъруф аст. Дар айни замон ӯ донишҷӯи соли панҷуми бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Бори аввал нест, ки рӯзноманигорон дар Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегиранд. Соли гузашта Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, муҳаррири «Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз тарафи афроди ношинос мавриди зарбу лат қарор гирифт. Омилини ин ҳамла то ҳол ошкор нашудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24573681.html

Баҳси озодии баён ва ахлоқи журналистӣ

[b]Журналистон ва коршиносон масъалаҳои ахлоқи касбии кормандони расонаҳои ахбори омро баррасӣ карданд.[/b]

Амалҳои хилофи ахлоқи касбии журналистӣ низ монеае дар роҳ ба сӯи озодии баёнанд. Ин буд хулосаи ширкаткунандагони як ҳамоиш дар Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар шаҳри Душанбе, ки роҳҳои пешгирӣ аз чунин аъмолро баррасӣ намуд.

Нашри матолиби фармоишӣ, дар хидмати гурӯҳ ва афроди алоҳида қарор доштани бархе аз расонаҳо, чопи матолиб дар ивази маблағ, камии маоши хабарнигорон ва чанд омили дигар боиси он шудааст, ки дар бархе аз мавридҳо усули ахлоқи касбӣ дар миёни рӯзноманигорони тоҷик риоят нашавад.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=190]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=190[/url]

Источник:

Таҳсилоти журналистон аз рӯи низоми кредитӣ баррасӣ мешавад

[b]Тавре ба «Озодагон» аз ин ташкилот хабар доданд, инчунин мавзӯи тавсияҳо барои таҳияи стандарти давлатии ихтисосҳои «Робита бо ҷомеа» ва «Корманди адабӣ» («Фаъолияти таҳририву ноширӣ») баррасӣ карда мешавад, ки гурӯҳи корӣ дар ҳайати устодони факултет ва шӯъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва коршиносони соҳа омода намудаанд.[/b]

Бино ба иттилои манбаъ, тадбири мазкур дар доираи лоиҳаи “Мутобиқгардонии стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба ихтисосҳои самти журналистӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии мутахассисони ин самт”, ки аз ҷониби шўъбаи тоҷикистонии Институти Ҷамъияти кушода – “Бунёди Мадад” дастгирӣ ёфтааст, амалӣ мегардад.

Ба мизи мудаввар ҳудуди 40 нафар устодони факултет ва шӯъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои воситаҳои чопӣ ва электронии ахбори омма, созмонҳои журналистӣ, инчунин коршиносони соҳа даъват гардидаанд.

Манбаъ, афзуд, ки дар нишаст пас аз шунидани маърӯзаҳои муаррифӣ ва мулоҳизоти коршиносон, баҳсу мунозира ва табодули афкор перомуни лоиҳаи стандартҳои давлатии таълими ихтисосҳои журналистӣ вобаста ба тақозои талаботи низоми кредитии таҳсилот сурат мегирад.

Гуфтанист, ки гузариш ба низоми кредитии таҳсилот ва бисёрзинагӣ яке аз талаботи муҳим дар Созишномаи Болония буда, ба хотири ҳамгунсозии низоми маорифи Тоҷикистон бо системаи таҳсилоти кишварҳои дигар, бо мақсади воридшавии баробарҳуқуқ ба фазои таълимии байналмилалӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳоти соҳаи маориф, Вазорати маорифи Тоҷикистон бо Қарори №698 аз 22 сентябри с.2004 тасмим гирифтааст, донишгоҳҳои ҷумҳуриро тадриҷан ба низоми кредитии таҳсилот гузаронад.

Источник: http://www.ozodagon.tj/khabarho/tojikiston/4844-2012-05-02-11-36-59

Баргузории мизи мудаввари Созмони ҷамъиятии «Журналист» дар Душанбе

[b]4 майи соли ҷорӣ, соати 8-30 дар толори «Маркази иттилоот ва муошират»-и ташкилоти ҷамъиятии «Журналист», дар мавзӯи «Баррасии Лоиҳаи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи самти омодагии ихтисосҳои «Журналистика» ва «Журналистикаи байналхалқӣ», дар давраи гузариш ба низоми кредитии таҳсилот», мизи мудаввар баргузор мегардад. Дар ин бора ба TojNews Қироншоҳ Шарифзода, раиси ташкилоти мазкур иттилоъ дод.[/b]

Бино ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз ин нишаст баррасии лоиҳаи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи самти омодагии ихтисосҳои «Журналистика» ва «Журналистикаи байналхалқӣ» тибқи талаботи низоми кредитии таҳсилот», инчунин тавсияҳо барои таҳияи Стандарти давлатии ихтисосҳои «Робита бо ҷомеа» ва «Корманди адабӣ» («Фаъолияти таҳририву ноширӣ») мебошад, ки гурӯҳи корӣ дар ҳайати устодони факултет ва шӯъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва коршиносони соҳа омода намудаанд.

Тадбири мазкур дар доираи лоиҳаи «Мутобиқгардонии стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ доир ба ихтисосҳои самти журналистӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини рақобатпазирии мутахассисони ин соҳа», ки аз ҷониби Шўъбаи Тоҷикистонии Институти Ҷамъияти кушода — «Бунёди Мадад» дастгирӣ ёфтааст, амалӣ мегардад.

Нилуфари КАРИМ

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=25292&Itemid=30